Миёни Душанбе ва Сиани Чин парвозҳои мустақим оғоз мешаванд

Имрӯз, 16-уми сентябр, парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати "Zhejiang Loong Airlines дар Тоҷикистон" хабар доданд. Хатсайри ҳавоии нав дар доираи шарикӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии "Oriental Sky Aviation" ва "Zhejiang Loong Airlines" роҳандозӣ мешавад. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои […]

Имрӯз, 16-уми сентябр, парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ширкати "Zhejiang Loong Airlines дар Тоҷикистон" хабар доданд.

Хатсайри ҳавоии нав дар доираи шарикӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии "Oriental Sky Aviation" ва "Zhejiang Loong Airlines" роҳандозӣ мешавад.

Парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом хоҳанд шуд. Оғози парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 15:00 муқаррар шудааст.

Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Сиан-Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкати чинии "Zhejiang Loong Airlines" сурат мегиранд.

Билет барои парвоз аз Душанбе ба Сианро метавон аз намояндагии ширкати "Oriental Sky Aviation", ки коргоҳаш дар маркази тиҷоратии "Бохтар" қарор дорад, харидорӣ кард.

Барои маълумоти бештар бо рақамҳои +992 88 883 2201 ва почтаи электронии [email protected] тамос гирифта метавонед.

Ширкати ҳавопаймоии Zhejiang Loong Airlines соли 2011 таъсис ёфта, ба зиёда аз 600 хатсайр хидматрасонӣ карда, беш аз 170 самтҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Ҷопон, Корея, Ҳонконг, Макао ва Осиёи Ҷануби Шарқиро ба ҳам пайваст мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳоло аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Пекину Урумчӣ  ва аз Хуҷанд ба Қошғар хатсайрҳои ҳавопаймоӣ амал мекунанд.

Парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд – Қошғар – Хуҷанд ҳафтае як маротиба – рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз байни шаҳрҳо 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.