Ҳалокати 6 кас дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир

Дар пайи чанд ҳодисаи нақлиётӣ, ки дар роҳҳои кишвар давоми 4 рӯзи охир (13-16-уми сентябр) рух додааст, дастикам 6 тан кушта ва 7 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) мегӯяд, аксари ин ҳодисаҳо "аз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандаҳо" рух додааст. Аз ҷумла, рӯзи 14 сентябр Ҷалолиддин Мусоев, ронандаи […]

Нодира Собирзода, махсус барои Asia-Plus

Дар пайи чанд ҳодисаи нақлиётӣ, ки дар роҳҳои кишвар давоми 4 рӯзи охир (13-16-уми сентябр) рух додааст, дастикам 6 тан кушта ва 7 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) мегӯяд, аксари ин ҳодисаҳо "аз риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандаҳо" рух додааст.

Аз ҷумла, рӯзи 14 сентябр Ҷалолиддин Мусоев, ронандаи трактори ядакдор (притсеп) дар роҳи мошингарди ноҳияи Дӯстӣ баъди сабқат бо се мошин, ба яке аз онҳо бархӯрдааст, ки дар натиҷа Назаров А.Т,  ронандаи яке аз мошинҳо баъди бардоштани ҷраоҳат дар роҳ дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, се мусофири ин мошин Аҳлиддин Ҳайдаров, Алексей Круглов ва Сафармурод Раҳимов ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳодисаи дуввуми рӯзи 14-уми сентябр, дар роҳи Бохтар ба самти Данғара рух додааст, ки Бахтиёр Давлатов, ронандаи “Тайота Приус” "аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада”, ба як мошини дигар таҳти идораи Ҳоҷишерхон Хушвахтов, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири “Тайота Приус”, Яҳё Идрисови 30 сола, баъди ҷароҳат дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расида, Бахтиёр Давлатов ва ду мусофири дигар – Зафар Ёрзода ва Соҳибзода Муҳаммад ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Чанд ҳодисаи дигар рӯзи 13-уми сентябр рух додааст. ВКД дар шарҳи яке аз ин ҳодисаҳо навиштааст, ки “Давлатов Фирдавс ронандаи автомашинаи электронии тамғаи “DJNGFEYG AEJLUS L7” бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “Тайота Свиш, ки таҳти идораи  Хуршед Неъматов бархӯрдааст”.

Дар натиҷа, ду мусофири мошини “Тайота Свиш” ҷон дода, як мусофири дигари ин мошин дар беморхона бистарӣ шудааст:

– Садаф Саидоваи 52-сола;

– Закияи Меҳроби 6-сола;

– Саодат Давлатоваи 54-сола (бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона аст).

Инчунин, дар ду ҳодисаи дигари рӯзи 13-уми сентябр ду ноблиғи 17 сола Эшпулатов Ҳабибулло  ва Бердиёров З.А, ба ҳалокат расидааст. Яке аз онҳо бо дучархаи барқии “Скутер” ба пушти мошин бархӯрда, дуввумиро, ки ӯ ҳам бо “Скутер” буд, мошин пахш кардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.