Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. “Азия-Плюс” ба ин муносибат расми муҷассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форс, ки ба хотири гиромидошташ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон гузошта шудааст, гирд овард. Пайкараҳои одамушшуаро дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ба вижа, дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. “Азия-Плюс” ба ин муносибат расми муҷассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форс, ки ба хотири гиромидошташ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон гузошта шудааст, гирд овард.

Пайкараҳои одамушшуаро дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ба вижа, дар пойтахти кишвар дастикам 4 пайкараи барқади устод Рӯдакӣ дар Боғи Рӯдакӣ, Боғи парчами давлатӣ, майдони Рӯдакӣ ва дар девораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта шудааст.

Нимпайкараҳои устод Рӯдакиро бошад, дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи Беҳзод ва дигар муассисаҳои илмуву адабӣ ниҳодаанд.

Дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қомат афрохтаанд.

Барои гиромидошти ному ёди шоири бузурги тоҷику форс дар кишварҳои дигари ҳамзабон ва ҳамсоя, сар аз Эрон то Ӯзбекистону Қазоқистон ва Чин муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, ки номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд.

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 941 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт. Мавсуф дар дарбори Сомониён хидмат намуда, пойдевори шеъри тоҷику форсро бино сохт. Баъд давраи пиронсолагияшро дар зодгоҳаш ба сар бурд ва ҳамон ҷо даргузашт.

Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.