Барканории директор дар пайи бе огоҳӣ ҳозир шудани вазири маориф ба мактабе дар Ёвон

Мунира Мирзозода, мудири мактаби рақами 16-и ноҳияи Ёвон бинобар «бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ», ки дар пайи як сафари беогоҳии Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ба ин мактаб ошкор шуд, аз вазифа озод шудааст. Номбурда беш аз 11 сол роҳбари ин мактаб буд. Раҳим Саидзода рӯзи 19-уми сентябр “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби ноҳияҳои […]

Asia-Plus

Мунира Мирзозода, мудири мактаби рақами 16-и ноҳияи Ёвон бинобар «бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ», ки дар пайи як сафари беогоҳии Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм ба ин мактаб ошкор шуд, аз вазифа озод шудааст. Номбурда беш аз 11 сол роҳбари ин мактаб буд.

Раҳим Саидзода рӯзи 19-уми сентябр “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ рафта, шоҳиди вазъи нагаронкунандаи таълиму тарбия, интизоми корӣ, риоя нашудани сару либоси тавсиявӣ, дарсшикании хонандагон ва сатҳи пасти саводи онҳо шудааст.

Аз ҷумла, дар мактаби №16-и ноҳияи Ёвон нисфи хонандагон дар дарс ҳузур надоштаанд ва хонандаҳои синфҳои 8 ва 9 якҷоя дарс мехондаанд.

"…дар ҷараёни дарси яке аз гурӯҳҳо мушоҳида гардид, ки танҳо 21 нафар аз 29 хонанда ҳузур доштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи нокофӣ ба масъалаи ҳозиршавии хонандагон ба дарс мебошад. Илова бар ин, аз 21 компютер дар синфхонаи компютерӣ, танҳо 3 адади он фаъол буд, ки ин ҳолат нигаронкунанда арзёбӣ гардид",-навиштааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки мактаби мазкур соли 2016 бунёд гардида дар он 54 омӯзгор ба 1680 хонанда дарс медиҳанд. Дар ин муассиса хонандагон бидуни либосҳои тавсиявӣ дар дарс ҳузур дошта ва ба саволҳои вазири маориф низ посух дода натавонистаанд.

"Ҳатто хонандагони ҳузурдошта натавонистанд ба саволҳои оддӣ, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ ё фаҳмиши мафҳуми "технологияи иттилоотӣ” ҷавоби дуруст диҳанд",-таъкид кардааст вазорат.

Ҳамчунин зимни боздиди Раҳим Саидзода маълум гардидааст, ки дар мактаби мазкур хонандагони синфҳои 8 ва 9 дар як синф якҷоя дарс мехондаанд, ки ин раванд хилофи талаботи меъёрҳои таълимӣ гуфта шудааст.

Раҳим Саидзода вобаста ба вазъи муассиса ба масъулин дастур додааст, ки камбудиҳо бартараф карда шавад. Як рӯз пас, вазорат навишт, ки камбудиҳои ҷойдошта ҳал шуда, мудири мактаби 16 Ёвон барои ин камбудиҳо аз вазифа озод шуд.

Боздиди вазир дар мактаби №14-и ноҳияи Рӯдакӣ низ мушкилот ва камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар вақти корӣ ҳузур надоштани мудири мактаб, таъмирталаб будани синфхонаҳо ва пурра ба низоми  баҳогузории 10-бала нагузаштани онро муайян кардааст.

"Аз ҷумла, зимни боздид маълум гардид, ки директори муассиса (Раҳмонов Амриддин) дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кор ҳузур надошт",-навиштааст вазорат.

Ҳамчунин омода набудани муассиса ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ, вазъияти техникии синфхонаҳо, набудани камераҳои назоратӣ ва забонҳои хориҷиро надонистани хонандагон аз мушкилоти дигаре аст, ки вазорат гуфтааст.

Зимни боздиди вазири маориф аз кӯдакистони назди муассисаи мазкур маълум шудааст, ки мудири боғча дар ҷойи кор ҳузур надошта, мурабияҳо ғайритахасус фаъолият мекардаанд. Ҷойи хоби кӯдакон ва ҳолати беҳдошти муассисаи томактабӣ нигаронкунанда арзёбӣ шудааст.

Раҳим Саидзода барои рафъи ин камбудиҳо ҳам ба масъулин супориш додааст.

Имрӯз, 22-юми сентябр аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки Заррагул Файзова, мудири кӯдакистони назди мактаби 14 дар ноҳияи Рӯдакӣ низ аз вазифа озод карда шудааст. Инчунин дар назар аст, ки директори мактаби мазкур низ аз кор барканор гардад.

Назари мудирони мактабҳо ва кӯдакистон, омӯзгорону хонандагон дар робита ба камбудиҳои гуфташуда маълум нест.

“Бе огоҳӣ” рафтани вазири маориф аз камтарин ҳолатҳоест, ки расонаӣ мегардад. Ӯ қаблан ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта аз сифати таълиму тарбия, вазъи таъмиру тармим, ҳолати беҳдошт,  интизом ва иштироки хонандагонро дар дарс нигаронӣ кард буд.

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо, дасршикании хонандагон, ба талабот ҷавобгӯ набудани таълиму тарбия дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.