“Шутурро бо кафлес об надиҳем”. Мулоҳизаи омӯзгор дар бораи лоиҳаи Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”

Баъди таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025, № 424) интизор мерафт, ки матни он барои шиносоӣ ва муҳокимаи афкор дар ҷомеа интишор гардад. Инак, моҳи дувум мегузарад, аммо аз чопи лоиҳа дар нашрияе ва баррасии […]

Қироншоҳ Шарифзода, муаллими калони кафедраи матбуоти ДМТ

Баъди таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025, № 424) интизор мерафт, ки матни он барои шиносоӣ ва муҳокимаи афкор дар ҷомеа интишор гардад. Инак, моҳи дувум мегузарад, аммо аз чопи лоиҳа дар нашрияе ва баррасии он дар ниҳоде хабар нест.

Қабл аз ҳама, хуб шуд, ки бо вуҷуди гапу гузори чандинсола дар мавриди зарурати қонунан мушаххас намудани вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор, баъди таъкиди порсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,  ниҳоят, оид ба мақому манзалати омӯзгор санади расмие дар шакли қонун таҳия гардид.

Тавре дар пешгуфтори лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” омадааст, “қонуни мазкур мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд”.

Бо назардошти торафт мавқеъ ва ҷойгоҳи муҳим касб намудани муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии ғайриҳукуматӣ (ғайридавлатӣ), ки вижагиҳои худро доранд, дар лоиҳаи Қонун зикр нашудани меъёрҳои танзимгари фаъолияти омӯзгорони ин шакли  муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ нофаҳмо аст. Агар лоиҳаи қонуни мазкур фақат ба муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии ҳукуматӣ (давлатӣ) равона шуда бошад, мебоист, таъкид гардад. 

Аз мутолиаву ошноӣ бо матни лоиҳаи Қонун (аз сомонаи Вазорати адлия), чанд мулоҳизаву андеша ба сар омад, ки хостем, ба таваҷҷуҳи аҳли назар пешниҳод намоем.

Тибқи шарҳи банди якуми моддаи 1. “Мафҳумҳои асосӣ” – “омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии томактабӣ, зинаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти калонсолон ба таълиму тарбия ва роҳбарӣ машғул мебошад”.

 

Вале тааҷҷубовар аст, ки дар меъёрҳои лоиҳаи қонун дар мавриди омӯзгорони зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти калонсолон муқаррароте ба чашм намерасад.

Дар ду банди моддаи 6, бо унвони “Уҳдадориҳои омӯзгор” меъёрҳое ҷой ёфтаанд, ки масоили доғи фаъолияти омӯзгоронро ба танзим медарорад, вале ҳамзамон баҳснок мебошанд.

Банди 7-и моддаи мазкур муқаррар намудааст, ки “дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад”. Хуб аст, ки қонуни оянда раванди таълиму тарбияро аз банди сиёсигардонии аз замони Шӯравӣ меросмонда раҳониданист, лек дар ҳоле, ки аксари омӯзгорон аъзои як ҳизби сиёсӣ буда, муассисаҳои таълимӣ низ ба тарғибу ташвиқи он машғул ҳастанд, “ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накардан”-и таълимгирандагон муносибати духӯраро ба миён намеоварад?

Муқаррароти банди 9-и моддаи 6 омӯзгорро уҳдадор месозад, ки “ба гирифтан ва ҷамъоварии маблағҳо барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обунаи нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ аз таълимгиранда роҳ надиҳад”.

Дарвоқеъ, дар банди 6-и моддаи 8 бо унвони “Кафолатҳо барои омӯзгор” низ меъёри мазкур тақвият ёфтааст: “Аз музди меҳнати омӯзгор пардохт намудани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст”.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои дар моддаҳои болоӣ зикршуда солҳои охир ба мавзуъҳои доғи расонаҳо, ба хусус шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфта, роҳҳалли худро интизор аст ва бо қабули қонуни мазкур ин раванд шояд суръат пайдо кунад. Вале ҳоло аз миёни мавзуҳои зикршуда биёед, минбаъд манъ гардидани “аз музди меҳнати омӯзгор пардохт намудани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ”-ро тасаввур намоем. Аз обунаи маҷбурӣ ба “нашрияҳои ғайрисоҳавӣ” озод шудани омӯзгор, пеш аз ҳама маблағи муайянеро аз маоши бе ин ҳам ночизи ӯ сарфа намояд, дигар, хоҳишу имкони молии омӯзгор барои обуна шудан ба нашрияҳои соҳавӣ (“Омӯзгор”, “Маърифати омӯзгор”, “Масъалаҳои методикаи таълим” ва диг.) бештар мегардад. Аз тарафи дигар, тадбиқ гардидани меъёрҳои зикршуда банди 7-и моддаи 6-и лоиҳаи қонунро мантиқан тақвият мебахшад.

Дигар масъалаи доғ ва баҳсноки фаъолияти омӯзгорон дастгирии молӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо мебошад, ки дар лоиҳаи қонун моддаи 9 бо унвони “Ҳавасмандгардонии омӯзгор” фаро гирифтааст.

Аз ҷумла, банди 5-и моддаи мазкур муқаррар намудааст: “Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад”.

Ин сатрҳоро мехонаму боварам намеояд, ки муаллиф (он) ба мафҳумҳои “хизматрасониҳои коммуналӣ” ва “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” сарфаҳм рафта бошанд. Хурду калон медонанд, ки “як нишондиҳанда барои ҳисобҳо”, бо қурби имрӯзаи пули миллӣ 75 сомонӣ аст ва барои пардохти хидматрасониҳои коммуналии яксола ҷудо кардани чунин маблағ, мақоли халқии “шутурро бо кафлес об додан”-ро мемонад.

 

Дар ин маврид донистани математикаи олӣ шарт нест, балки як омӯзгори зиндагиаш дар бинои истиқоматии сатҳи миёна, барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, соле ба ҳисоби миёна 1800 сомонӣ (агар қонунгузорон таҳти ибораи “хизматрасониҳои коммуналӣ” фонди манзилро дар назар дошта бошанд, он ҳам 460 сомонӣ мешавад) сарф мекунад. Пас, ин на кумак ба  омӯзгор, балки таҳқири ӯст.

Ҳамин гуна муносибати таҳиягарони лоиҳаи қонунро дар меъёрҳои моддаи 11 “Вазифаҳои мақомоти давлатӣ” таҳиякардаашон низ метавон ба мушоҳида гирифт. Масалан, дар банди 13-и моддаи мазкур, муқаррар гардидааст: “мақомоти давлатӣ барои бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгоре, ки дар деҳот фаъолият дорад, мусоидат намоянд”.

Чунин меъёр то имрӯз ҳам дар чандин санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ҷой дорад, вале тавре воқеият нишон медиҳад, мақомоти давлатӣ онро шояд ба ҳайси меъёри тавсиявӣ фаҳмидаанд, ки ками андар кам татбиқ мегардад. Ба хотири ба маънои қувваи маҷбурӣ доштани меъёри қонун (на тавсиявӣ),  банди мазкурро ба таври зайл таҳрир кардан ба мақсад мувофиқ аст:

“11. 13. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд омӯзгореро, ки дар деҳот фаъолият дорад, бе навбат бо  қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд”.

Ин чанд мулоҳизае буд, ки аз мутолиаи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” бадоҳатан ба сар омад. Бе даъвои бебаҳс будани андешаҳои фавқ, бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни ояндаи ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар ҷомеаи хостори маорифпарварӣ, на танҳо ба як қишри аҳолӣ ё кормандони як соҳа, балки ба ҳар сокини ҷумҳурӣ дахл доштану манфиатбахш будани фаъолияти омӯзгор, пешниҳоди дигар бар замми пешниҳодҳои ироашудаи  инҷониб ин аст, ки намояндагони муҳтарами мардум дар Парлумони мамлакат дар баррасиву қабули Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми омӯзгор” саросема нашаванд, балки тибқи ваколатҳои вакилӣ, бо қарори хеш онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намоянд.

Барои дудилаҳо ёдрас кардан бамаврид аст, ки чунин амал дар таҷрибаи парламентаризми тоҷик нав нест, балки собиқаи омӯзанда дорад. Танҳо ба хотир овардани чунин тарзи муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои ба ҷомеа муҳимтар дар баррасии умумихалқии қонунҳои ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (8 июни соли 2007) ва “Дар бораи мтбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (19 марти соли 2013) кофист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ваколату масъулияти хешро дар назди давлат ва шаҳрвандон (интихобкунандагон) ба ёд биёварад ва татбиқ гардонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.