“Истиқлол” дар бозӣ бо “Гоа” ғалаба ба даст овард

Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар гурӯҳи "D" дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон тими "Гоа"-и Ҳиндустонро шикаст дод. Набарди дастаҳо шоми имрӯз, 1-уми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт. Голҳои "Истиқлол"-ро Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба самар расонданд. Дар бозии дигари ин гурӯҳ "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ […]

Asia-Plus

Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар гурӯҳи "D" дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон тими "Гоа"-и Ҳиндустонро шикаст дод.

Набарди дастаҳо шоми имрӯз, 1-уми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт. Голҳои "Истиқлол"-ро Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ дастаи "Аз-Завра"-и Ироқро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, тими "Ан-Наср” дар садри ҷадвали ин гурӯҳ қарор гирифт.

Ба ин тариқ, ҷадвали мусобиқа дар ин гурӯҳ баъди ду давр чунин аст:

"Ан-Наср" (Арабистони Саудӣ) – 6 хол (таносуби тӯбҳо- 7:0);

"Аз-Завра" (Ироқ) – 3 хол (2:2);

"Истиқлол" (Тоҷикистон) – 3 хол (2:5);

"Гоа" (Ҳиндустон) – 0 хол (0:4).

Бозии наздиктарини “Истиқлол” бо “Аз-Завра”, ки рӯзи 22-юми октябр дар Ҳисор баргузор мешавад, ҳалкунанда хоҳад буд. Дар сурати пирӯзии футболбозони тоҷик дар ин бозӣ, имкони роҳ ёфтан ба даври ҳазфӣ (плей-офф) бештар мешавад.

Мувофиқи қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) маҳз мавқеи кишвар дар радабандӣ (рейтинг) квотаҳо барои иштирок дар мусобиқаҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як хол барои "Истиқлол" ва дигар дастаҳо аз Тоҷикистон аҳаммияти хеле муҳим дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.