Муҳоҷирони тоҷик метавонанд барои сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд

Имзои созишнома дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дирӯз, 9-уми октябр дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид, имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоина мегузаштанд, ки ҳам сарсонии зиёд дар пай дошт […]

Asia-Plus

Имзои созишнома дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дирӯз, 9-уми октябр дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид, имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоина мегузаштанд, ки ҳам сарсонии зиёд дар пай дошт ва ҳам аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд. 

Тасдиқи санади аз муоинаи тиббӣ гузаштан тибқи қоидаҳои муқаррарнамуда аз ҷониби Русия сурат мегирад.

Алексей Кузнетсов, ёвари вазири тандурустии Русия ба РИА Новости гуфтааст, ки "дар доираи созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, метавонанд дар нуқтаи махсуси таъсиёфта дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаранд".

Ба таъкиди вай, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пулакӣ аст, вале то ҳол ҳаҷми маблағи он маълум нест.

дигар ҷузъиёти ин созишнома ҳоло маълум нест.

ҳамчунин, дирӯз, 9-уми октябр, вазирони меҳнат, муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2019 қабул шуда буд, протокол табодул карданд Ба ин санад чӣ тағйирот ворид шудааст, ҳоло маълум нест.

Вазирони корҳои дохили Тоҷикистон ва Русия як санади дигар – дар мавриди “мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират” ба имзо расониданд, ки он ҳам ба муҳоҷират рабт дошт. Ҷузъиёти ин санад ҳам то ҳол маълум нест.

Бодя гуфт, ки рӯзи 9 октябр аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар маҷмуъ, 16 санад ба имзо расид.

Зимни суханронӣ дар конфронси матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид Владимир Путин, раисҷумҳури Русия  бори дигар зикр кард, ки беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Оморе, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба чолиш кашида, таъкид кардааст, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия атрофи 600 ҳазор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.