Дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия” кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Шоми дирӯз, 9-уми октябр таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Сомон" ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ- Русия” баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон – Содир Жапаров, Русия – Владимир Путин, Туркманистон – Сардор Бердимуҳамедов ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд. Эмомалӣ […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 9-уми октябр таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Сомон" ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ- Русия” баргузор шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон – Содир Жапаров, Русия – Владимир Путин, Туркманистон – Сардор Бердимуҳамедов ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия мусоидат мекунад.

Ӯ гуфт, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.

"Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд", – хабар медиҳад манбаъ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва  Русия нишон медиҳад.

Дар нишаст, ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар идома, сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд.

Аз ҷумла, президенти Русия гуфтааст, ки соли 2024 муомилоти мол байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 45 миллиард доллар буд, ки ба гуфтааш, ин "кофӣ нест". Ӯ омори додугирифти кишвараш бо Белорусро мисол овард, ки соли гузашта аз 50 миллиард доллар гузашт.

Путин ҳамчунин аз омодаги ширкатҳои русӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Миёна хабар додааст.

Дар натиҷаи нишаст, Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ–Русия” ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамоиши якуми "Осиёи Марказӣ – Русия" моҳи октябри соли 2022 дар Остона ба муносибати 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад