Намоиши беш аз 40 филм дар ҷашнвораи “Тоҷи сомон”. Кадом филм, кай ва дар куҷо намоиш дода мешавад?

Дар дуввумин синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон”, ки аз 15 то 20-уми октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад, беш аз 40 филм аз 15 кишвар намоиш дода мешавад. Ҳамчунин Рӯзҳои синамои Эрон, Русия ва Қирғизистон доир мегардад. Ба иттилои “Тоҷикфилм”, рӯзи 15-уми октябр филмҳое, ки дар барномаи озмунӣ шомиланд, ба доварон намоиш дода мешаванд. Ҳамон рӯз, соати 17:00 дар […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар дуввумин синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон”, ки аз 15 то 20-уми октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад, беш аз 40 филм аз 15 кишвар намоиш дода мешавад. Ҳамчунин Рӯзҳои синамои Эрон, Русия ва Қирғизистон доир мегардад.

Ба иттилои “Тоҷикфилм”, рӯзи 15-уми октябр филмҳое, ки дар барномаи озмунӣ шомиланд, ба доварон намоиш дода мешаванд. Ҳамон рӯз, соати 17:00 дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров барномаи фарҳангӣ доир шуда, Рӯзҳои синамои Эрон расман ифтитоҳ мешавад.

Дар баргаи мо бинед, ки кадом филми эронӣ, кай ва дар кадом толор намоиш дода мешавад:

Намоиши филмҳо дар доираи синамоҷашнвора рӯзи 16-уми октябр оғоз ёфта, то шоми 19-уми октябр беш аз 40 филм аз кишварҳои гуногун дар толорҳои синамои пойтахт намоиш дода мешавад.

Пеш аз намоиши филмҳо, соати 11:30 ба муносибати 60-солагии Бахтиёр Худойназаров, коргардони саршиноси тоҷик ҳамоиши байналмилалӣ доир мегардад.

Дар баргаҳои мо бинед, ки филми кадом кишвар, кай ва дар кадом толори синамо намоиш дода мешавад:

Намоиши филмҳои кишварҳои гуногун дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон низ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон филмҳои “Зиндагӣ зебост” аз Тоҷикистон, “Хонаи фурӯшӣ” аз Қирғизистон, “Қалъаи сиёҳ” аз Белорус, “Бумба роуд” аз Ҳиндустон, “Шаҳрвандони боло” аз Қазоқистон намоиш дода мешавад.

Дар вилояти Суғд намоиши филмҳои “Ҳаво” ва “Духтари капитан”-и Русия, “Аз дунболи баҳор”-и Ӯзбекистон, “Дарахт”-и Туркманистон ва “Хоби сурх” аз Тоҷикистон дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, филмҳои “Дар талоши ҳақиқат” аз Тоҷикистон, “Шоҳзода” аз Молдова, “Пул дар рӯйи рӯдхонаи хушк” аз Эрон, “Ташаннуҷи шахсият” аз Индонезия ва “Балут”-и Туркия ба тамошо гузошта мешаванд.

Маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” рӯзи 19-уми октябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии орпера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ин синамоҷашнвора ба муносибати Рӯзи синамои тоҷик, ки ҳамасола 16-уми октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, баргузор мешавад. Имсол он таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” доир хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки якумин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда, дар он синамогарони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд. Он дар ду сол як маротиба мегузарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.