Фазои гарму самимии шоми дӯстии сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе

Шоми рӯзи 9 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат барои сарони кишварҳое, ки барои иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Душанбе омаданд, зиёфати ғайрирасмӣ орост. Бо фазои гарму самимиаш он ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфта, меҳмонони олимақом аз табиати […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи 9 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумат барои сарони кишварҳое, ки барои иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Душанбе омаданд, зиёфати ғайрирасмӣ орост.

Бо фазои гарму самимиаш он ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфта, меҳмонони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистон ҳаловат бурданд ва аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди сабзавоту полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангур, себ, ноку анҷир, хушкмеваҳои босифат, аз қабили чормағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.