Намози ҷумъа дар масҷиди нави Душанбе баргузор шуда, дар 4 масҷиди дигар хонда намешавад

Имрӯз намози ҷумъа дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон хонда мешавад ва дар 4 масҷиди дар маркази Душанбе ҷойдошта намоз баргузор намегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, намози ҷумъа ва намозҳои панҷвақта мисли маъмул дар масҷиди ҷомеъи ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз намози ҷумъа дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон хонда мешавад ва дар 4 масҷиди дар маркази Душанбе ҷойдошта намоз баргузор намегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, намози ҷумъа ва намозҳои панҷвақта мисли маъмул дар масҷиди ҷомеъи ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки ҳоло ба номи масҷиди нав ва калон маъруф аст, баргузор мегардад.

Аммо имрӯз дар масҷидҳои ҷомеъи ба номи “Ҳоҷӣ Яъқуб” (масҷиди марказӣ), “Сари Осиё” (наздикии хона-музейи Мирзо Турсунзода), “Имоми Аъзам” (назди беморхонаи Ёрии таъҷилӣ) ва “Имом Бухорӣ” (поёни ТВ “Варзиш”) намози ҷумъа баргузор намегардад.

Инчунин, дар масҷидҳои ҷомеъи болозикр ва масҷиди панҷвақтаи ба номи “Ҳоҷӣ Исматулло” (паҳлӯи пули фурӯдгоҳ) то рӯзи 12-уми октябр намозҳои панҷвақта низ хонда намешавад.

“Дар Душанбе беш аз 140 масҷид фаъолият мекунад, ба ҷуз 5 масҷиди зикршуда, дигар масоҷид тибқи маъмул фаъолият мекунанд. Намозгузорон метавонанд дар масҷидҳои дигар намози ҷумъа ва панҷвақтаи худро адо кунанд”, – гуфтанд аз Кумитаи дин.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, масҷидҳои муваққатан басташуда аз рӯзи душанбеи 13-уми октябр дубора фаъолияташонро ба роҳ мемонанд.

Бояд гуфт, ки кори масҷидҳои ҷомеъи Душанбе барои баргузории ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Русия” ва нишасти сарони ИДМ боздошта шудааст.

Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳои байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахти кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста боқӣ мемонанд.

Дар ин рӯзҳо дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.