Тоҷикистон-Малдив – 2:0. Аввалин пирӯзӣ таҳти роҳбарии сармураббии нав

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор тими миллии Малдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин вохӯрии аввал таҳти роҳбарии сармурабби нав – мутахассис аз Сербия Горан Стеванович дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 доир гардид. Голҳои дастаи моро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 12-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм заданд. Дар бозии дигари […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор тими миллии Малдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин вохӯрии аввал таҳти роҳбарии сармурабби нав – мутахассис аз Сербия Горан Стеванович дар доираи даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 доир гардид.

Голҳои дастаи моро Шаҳром Самиев дар дақиқаи 12-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А”, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Филиппин муқобили Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.

Дар даври 4-уми мусобиқа Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр бо Малдив рақобат мекунад, аммо ин бор дар сафар. Дар ҳамин давр Филлиппин дар хонаи худ Тимори Шарқиро қабул мекунад.

Тоҷикистон дар даври аввал Тимори Шарқиро шикаст дода, дар бозии дуюм бо Филиппин мусовӣ карда буд.

Пас аз се давр Тоҷикистон ва Филиппин бо касби 7 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор доранд. Тимори Шарқӣ (3 имтиёз) ва Малдив (ҳоло имтиёз надорад) дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор гирифтаанд.

Бозиҳои боқимондаи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ:

Даври 4-ум. 14.10.25. Филиппин – Тимори Шарқӣ. Малдив – Тоҷикистон.

Даври 5-ум. 18.11.25. Малдив – Филиппин. Тимори Шарқӣ – Тоҷикистон.

Даври 6-ум. 31.03.26. Малдив – Тимори Шарқӣ. Тоҷикистон – Филиппин.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, 24 тими миллӣ дар 6 гурӯҳ ( ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) мубориза мебаранд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.