Дар Тоҷикистон арзиши ваколатнома барои идораи мошин ду баробар қимат шуд. Барои кӣ чанд сомонӣ аст?

Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдорӣ (доверенность)-и мошин ду баробар гарон шуд. Дар ин робита ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” тағйирот ворид гардид. Лоиҳаи тағйиротро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдорӣ (доверенность)-и мошин ду баробар гарон шуд. Дар ин робита ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” тағйирот ворид гардид.

Лоиҳаи тағйиротро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳур дар зери тағйирот ба қонуни мазкур имзо гузошт.  Пас аз як моҳи нашр дар матбуот он ҳукми иҷро мегирад.

Дар асоси ин тағйирот, ин навгонӣ ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла хешовандони наздик ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рабт дорад.

Тибқи ин тағйирот ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода барои фарзанд, аз ҷумла фарзандхонда, ҳамсар ва падару модар, ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 25% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш ёфт. Ин маънои онро дорад, ки хароҷот аз 18,75 сомонӣ ба 37,5 сомонӣ расид.

Ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ бошад, ҳаққи ваколатнома аз 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзуд, ки ин аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ расид.

Барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ваколатномаи ҳуқуқи истифодаи мошинро тасдиқ мекунанд, ҳаққи хидмат аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 150 сомонӣ ба 300 сомонӣ) боло бурда шуд.

Ҳамчунин, барои ҳуқуқи ихтиёрдории мошин, ин пардохт аз 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1 ҳозору 125 сомонӣ ба 2 ҳозору 250 сомонӣ) зиёд гардид.

Тибқи омори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба ҳолати 1-уми марти соли 2024 дар кишвар расман зиёда аз 666 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба 10 соли пешин аст.

Аз ҷумла, тибқи маълумоти ин вазорат, шумори мошинҳои сабукрав дар кишвар ҳудуди 587 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.