Кумитаи андоз мегӯяд, ҷамъоварии андозҳо дар 9 моҳ қариб 15% зиёд иҷро шуд

Нақшаи ҷамъоварии андозҳои ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 14,6% барзиёд иҷро шудааст, хабар медиҳад, Кумитаи андози Тоҷикистон. Ба иттилои ин ниҳод, ба ҷойи 16 млрд 967,4 млн сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд доллар)-и пешбинигардида 19 млрд 446,5 млн сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 млрд 479,0 млн сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нақшаи ҷамъоварии андозҳои ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 14,6% барзиёд иҷро шудааст, хабар медиҳад, Кумитаи андози Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, ба ҷойи 16 млрд 967,4 млн сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд доллар)-и пешбинигардида 19 млрд 446,5 млн сомонӣ (зиёда аз 2 млрд доллар) ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 млрд 479,0 млн сомонӣ зиёдтар аз нақша аст.

"Барзиёд иҷро гардидани анқшаи қисмати даромади буҷет дар ин давра пеш аз ҳама, ба туфайли рушди иқтисод, рақамисозии соҳа, беҳбуди расмиёти маъмурии андоз, хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тибқи низоми идоракунии хавфҳо роҳандозӣ намудани корҳои назоратӣ имконпазир шуд", – гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи андоз.

Нишондиҳандаи барзиёд иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳо дар ин давра дар минтақаҳо тариқи зайл аст:

– дар шаҳри Душанбе — 19,6%;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 8,0%;

– дар вилояти Суғд — 6,7%;

– дар ВМКБ – 4,6%;

– дар вилояти Хатлон — 1,6%;

– дар Раёсати андозсупорандагони калон — 13,7%.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 65,9%-ро ташкил медиҳад.

Аз андозҳои асосӣ ҳаҷми ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба таври назаррас афзудааст.

Дар соли 2025 воридоти маблағ ба буҷети кишвар аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми зиёда аз 31,8 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.