Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои об Комиссияи муштарак таъсис додаанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, Тоҷикистону Қирғизистон Комиссияи муштарак  таъсис додаанд. Аввали моҳи октябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки намояндаҳои ҳарду кишвар баргузор шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон 18-уми октябри соли 2025 низомномаи комиссияро тасдиқ кардааст. Комиссия дар асоси созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва девони вазирони Қирғизистон, ки 13-уми марти соли 2025 дар Бишкек имзо шуд, таъсис ёфтааст.

Расонаҳои Қирғизистон хабар додаанд, ки рӯзи 9-уми окятябр дар шаҳри Душанбе, нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шудааст.

Ҳайяти Тоҷикистонро Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҷониби Қирғизистонро Алмаз Жээналиев, муовини вазири захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди ин кишвар роҳбарӣ кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Кактус-медиа дар ҷаласа намояндагони ду кишвар низомномаи комиссия, масъалаҳои ҷалби сармоя барои таҷдид ва барқарорсозии иншооти гидротехникии барои минтақаҳои наздимарзӣ муҳимро баррасӣ кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол дар хусуси баргузории ин ҷаласа иттилоъе нашр накардаанд.

 

Аз Вазорати энергетика ба “Азия-Плюс” танҳо тасдиқ карданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, роҳбари Комиссияи муштараки хоҷагии оби Тоҷикистону Қирғизистон интихоб шудааст.

Тибқи низомнома, комиссияи муштарак бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи истифодаи захираҳои об, таъмини дастрасӣ ба иншооти обӣ ва энергетикӣ ва барои пешгирӣ ва ҳалли масъалаҳои эҳтимолии идоракунии об таъсис ёфтааст.

Аз рӯйи ҷадвали тақсимоти об амал кардан, ташкили мубодилаи маълумот аз дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҷалби сармоягузорӣ барои навсозии иншооти гидротехникӣ ва баррасии масъалаҳои дигари хоҷагии об аз вазифаҳои муҳими комиссия будааст.

Таъкид шудааст, ки дар кори комиссия бояд баробарӣ бошад ва комиссияро ду нафар – яке аз Тоҷикистон ва дигарӣ аз Қирғизистон роҳбарӣ мекунанд.

Комиссия бояд дар як сол на камтар аз ду маротиба маҷлис гузаронад ва дар ҷаласаҳо, ки бо навбат дар Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешаванд, масъалаҳои обро баррасӣ кунанд. Таъкид шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ маҷлисҳои ғайринавбатӣ бо аниқ кардани макон ва вақти баргузории он аз ҷониби раисони комиссия, гузаронида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид ва аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Дар ин муддат, Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи кӯчонидани сокинони минтақаҳои ивазшудаи наздимарзиро баррасӣ карданд. Ҷониби Қирғизистон ба гузоштани симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон ва сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда оғоз кард. Тоҷикистон дар ин маврид ҳоло иттилои расмие нашр накардааст.

Ҳамчунин равуои ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек аз 14-уми март аз сар гирифта шуд.

Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...