Ҳамаи омӯзгорон аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод мешаванд. Вакилони халқ ин тағйиротро қабул кардаанд

Дар Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он минбаъд омӯзгорони мактабҳои кишвар дар давраи фаъолияташон аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ пурра озод мешаванд. Пештар ин имтиёз танҳо барои омӯзгорони макотиби деҳот амал мекард. Ин тағйиротро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пазируфтааст ва барои қувваи қонунӣ гирифтани он, бояд Маҷлиси […]

Дар Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он минбаъд омӯзгорони мактабҳои кишвар дар давраи фаъолияташон аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ пурра озод мешаванд. Пештар ин имтиёз танҳо барои омӯзгорони макотиби деҳот амал мекард.

Ин тағйиротро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пазируфтааст ва барои қувваи қонунӣ гирифтани он, бояд Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ онро маъқул донад, раисҷумҳур имзо кунад ва дар матбуот нашр шавад.

Аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм, рӯзи 15-уми октябр дар ҷаласаи парлумон тағйирот ба қонунро муаррифӣ карда, зикр кардааст, ки он бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ворид карда мешавад.

“Дар сархати 12-и моддаи 5 лоиҳаи Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: “дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбиро ба таъхир гузорад””, – гуфтааст Ҳошимзода.

Ҳошимзода изҳор доштааст, ки барои мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар қисми 2-и банди 4-и моддаи 31-юми Қонуни “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” калимаҳои “умумии деҳот” ба калимаи “умумӣ” иваз карда шавад.

То ин замон қонунгузорӣ танҳо омӯзгоронеро, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар макотиби деҳот кор мекарданд, дар ин давра аз хидмати ҳарбӣ озод карда буд. Ҳамакнун, баъди қувваи қонунӣ гирифтани тағйирот ба қонун, ин имтиёз барои ҳамаи омӯзгорон, новобаста аз ҷойи кор, татбиқ мешавад.

 

Бояд гуфт, ки норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти мубрам дар чанд соли охир аст. Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, дар оғози соли таҳсили 2025-2026 дар макотиби кишвар беш аз 3 ҳазору 800 омӯзгор намерасад. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ 13 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгориро хатм кардаанд.

Коршиносон даъвати иҷбории баъзе омӯзгорон ба артиш, ваъдахилофии раисони шаҳру навоҳӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ва татбиқ нашудани дигар имтиёзҳои барои омӯзгорон муқарраршударо аз омилҳои аслии норасоии кадрӣ дар макотиби Тоҷикистон медонанд.

Ҳукумати кишвар барои ҳалли ин мушкилот, лоиҳаи Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро пешниҳод кард ва онро Маҷлиси намояндагон қабул кард. Ин қонун бори аввал мақоми ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва молиявии омӯзгоронро дар як санади алоҳида муайян кард.

Ёдрас мешавем, ки таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта, шуруъ шуд. Раисҷумҳур зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ кард ва дастури таҳияи қонунро дод.

Ин қонун шаъну шараф ва ҳуқуқи омӯзгорро ҳифз карда, ҷалби онҳоро ба “шанбегӣ” ва пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ мекунад. Ҳамзамон омӯзгорон аз таҳқир ва фишор ҳифз карда мешаванд. Инчунин дар асоси он ба омӯзгорон кафолатҳо аз ҷумла бенавбат додани замин ва таъмин кардан бо манзили зист пешбинӣ мегардад.

Бо муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур ва муҳимтарин нуктаҳои он дар маводи “Манъи пулҷамъкунӣ, иштирок дар шанбегӣ ва таъмири мактаб. Дар лоиҳаи қонуни мақоми омӯзгор сухан аз чӣ меравад?” маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.