Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи кӯчонидани сокинони минтақаҳои ивазшудаи наздимарзиро баррасӣ кардаанд

Ин ва чанд масъалаи дигар дирӯз, 29-уми сентябр дар мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Айбек Шаменоф, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд баррасӣ шудааст.   Дастгоҳи намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд хабар додааст, ки инчунин дар  ин ҷаласа раисони ноҳияҳо ва намояндаҳои мақомоти қудратии вилоятҳо ширкат доштаанд. “Дар вохӯрӣ сарони вилоятҳо масъалаҳои […]

Ин ва чанд масъалаи дигар дирӯз, 29-уми сентябр дар мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Айбек Шаменоф, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд баррасӣ шудааст.  

Дастгоҳи намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд хабар додааст, ки инчунин дар  ин ҷаласа раисони ноҳияҳо ва намояндаҳои мақомоти қудратии вилоятҳо ширкат доштаанд.

“Дар вохӯрӣ сарони вилоятҳо масъалаҳои кӯчонидани сокинонро баррасӣ намуда, ҷонибҳо дар мавриди табодули натоиҷи минтақаҳои ивазшудаи Қирғизистону Тоҷикистон, аломатгузории сарҳад, поксозии хатти марзӣ, ҳавлӣ, боғҳо, иншооти тиҷоратӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мувофиқа расиданд”, – навиштааст манбаъ.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дар масъалаи ҳифзи амнияти сокинони минтақаҳои сарҳадӣ, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба тавоффуқ кардаанд. 

Маълум нест, ки ҷонибҳо мушаххас дар бораи кӯчонидани сокинони минтақҳао наздимарзӣ ва ё аломатгузории сарҳад чӣ гуфтаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳороте нашр накардааст.

Қаблан ҷониби Қирғизистон ба сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда бо Тоҷикистон оғоз карда буд.  Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд 76 хона бунёд мешавад ва корҳои сохтмони он 60% иҷро шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, дар ноҳияҳои Лайлак ва Ботканд бунёди 257 хона дар доираи ивази ҳудудҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз маълум нест, ки дар ҳудудҳои ивазшудаи Тоҷикистон бо Қирғизистон барои сокинони наздимарзӣ чанд хона бунёд мешавад ва оё сохтмони хонаҳо оғоз шудааст ё не.

Қаблан, Қирғизистон аз оғози насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон хабар дода буд.

Ёдрас мешавем, ки  созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид ва аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.