“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Амрико, дирӯз, 6-уми ноябр, дар шаҳри Вашингтон дидору гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот дар доираи ҳамоиши ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” баргузор шуд. Дар доираи ин ҳамоиш раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико рафтанд ва бо раисҷумҳури Амрико мулоқот ва гуфтугӯ карданд. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Амрико, дирӯз, 6-уми ноябр, дар шаҳри Вашингтон дидору гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот дар доираи ҳамоиши ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” баргузор шуд. Дар доираи ин ҳамоиш раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико рафтанд ва бо раисҷумҳури Амрико мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп, ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маҷмуи васеи масоили ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Амрико баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Доналд Трамп пойдории амну суботро “заминаи бебаҳо” барои рушди ҳамаи кишварҳо арзёбӣ кардааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи Амрико фаъолият доранд.

“Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки захираҳои истифоданашуда барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, ҳуши маснуӣ ва фанновариҳо хеле зиёд аст.

Дар идома ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима кардаанд.

 

Хабаргузории Associated Press менависад, ки Трамп ва раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш аз зиёфати корӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.

Зимни он Трамп гуфтааст, аз ин минтақа “замоне роҳи бузурги абрешим убур мекард ва Шарқ ва Ғарбро мепайваст”, аммо “мутаассифона, президентҳои қаблии Амрико ин минтақаро комилан сарфи назар карданд”. Ӯ гуфтааст, “ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”, аммо “бисёр одамон инро намедонанд”.

Ин хабаргузорӣ навиштааст, ки Трамп дар ҳоле аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пазироӣ кард, ки “шикори маъданҳои нодирро шиддат мебахшад”.

“Вашингтон ҳоло роҳҳои нави канорагирӣ аз Чинро дар масоили маъданҳои нодир ҷустуҷӯ мекунад. Чин тақрибан 70% истихроҷи маъданҳои нодир дар ҷаҳонро фаро мегирад ва тақрибан 90% коркарди ҷаҳонии маъданҳои нодири заминро назорат мекунад”, – навиштааст AP.

Ин хабаргузорӣ менависад, Осиёи Марказӣ захираҳои амиқи маъданҳои нодири замин дорад ва тақрибан нисфи ураниуми ҷаҳонро, ки барои тавлиди нерӯи ҳастаӣ муҳим аст, тавлид мекунад. Аммо минтақа барои рушди минбаъдаи захираҳо ба сармоягузорӣ ниёз дорад.

Дар остонаи ин мулоқот гурӯҳе аз сенаторҳои ИМА қонунеро пешниҳод карданд, ки маҳдудиятҳои тиҷоратии замони шӯравиро лағв кунад. Ба гуфтаи бархе аз қонунгузорон, ин қонун сармоягузории Амрикоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бозмедорад.

Бояд зикр кард, ки қолаби Осиёи Маркази + Амрико 10 сол пеш ташкил ва майдоне барои мулоқоту муколамаи раисҷумҳурон ва мақомдорон шуд. Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар ин қолат боре ҳам дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст. Аммо вақтҳои охир гуфтугузорҳо дар бораи аввалин мулоқоти раисҷумҳури ИМА бо раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ё Ӯзбекистон зиёд садо медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.