Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СААД, ки дар Бишкек мегузарад, ширкат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзҳои 26-27 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора хабаргузории қирғизии “Кактус” бо истинод ба ҳукумати ин кишвар хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзҳои 26-27 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора хабаргузории қирғизии “Кактус” бо истинод ба ҳукумати ин кишвар хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ширкат мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар хусуси ширкати раисҷумҳур дар ҷаласаи СААД иттилои расмӣ надодаанд.

Ҳамоиш таҳти роҳбарии Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон баргузор мегардад.

“Дар доираи ҷаласа имзои беш аз даҳ қарор ба нақша гирифта шудааст, ки ба тақвияти минбаъдаи механизмҳои дифои дастаҷамъӣ, такмили ҳамкории кишварҳои аъзо дар масъалаҳои амният ва васеъ кардани ҳамкорӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ замина мегузоранд”,-навиштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Orda.kz” навиштааст, ки дар ҷаласа сарони кишварзои аъзои СААД, ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуниро муҳокима мекунанд.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин Дабири кулли СААД низ иваз хоҳад шуд. Манбаъ менависад, ки Имангалӣ Тасмағамбетовро дар ин мақом Толотбек Масадиков, намояндаи Қирғизистон иваз мекунад. Толотбек Масадиков ҳоло муовини Дабири кулли СААД мебошад.

Бояд гуфт, соли ҷорӣ раёсат дар СААД-ро Қирғизистон бар дӯш гирифта буд, ки соли оянда қарор аст раёсати ин созмон ба уҳдаи Русия вогузор гардад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД дар Остонаи Қазоқистон бо ширкати сарони кишварҳои аъзои созмон баргузор шуда буд. Дар доираи ин ҷаласа сарони кишварҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро имзо карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.