Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 28 ноябр ҳамоиши Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардида, дар кори он сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмон иштирок карданд. Дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии (СААД) дар Остона президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки қабули қарорҳое, ки ба таҳкими сулҳу субот дар […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 28 ноябр ҳамоиши Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардида, дар кори он сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмон иштирок карданд.

Дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии (СААД) дар Остона президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки қабули қарорҳое, ки ба таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои узви Созмон мусоидат мекунанд, хеле муҳим аст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуд.

“Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем”, – изҳор дошт ӯ.

Гуфта мешавад, дар идома Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки дастгирии Барномаи таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон хеле муҳим аст.

Дар поёни ҷаласа сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати ояндаи Қирғизистон дар СААД хоҳони барору комёбӣ шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмон, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар СААД ба дӯши Қирғизистон вогузор шуда, ҷласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷъии Созмон дар семоҳаи чоруми соли 2025 дар Бишкек баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.