Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои 8-9-уми декабри соли ҷорӣ дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию- кӯҳии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боришоти борон, барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. "Пас аз боришоти имрӯза, ду ҳафтаи оянда ҳаво қариб хушк мемонад", – навиштааст ин ниҳод. Дар Душанбе, дар […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 8-9-уми декабри соли ҷорӣ дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию- кӯҳии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боришоти борон, барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

"Пас аз боришоти имрӯза, ду ҳафтаи оянда ҳаво қариб хушк мемонад", – навиштааст ин ниҳод.

Дар Душанбе, дар рӯзҳои истироҳат рӯзона ҳарорат то 15 дараҷа гарм мешавад.

То аввали ҳафтаи оянда, ҳарорат якбора боло нахоҳад рафт, танҳо 2-3 дараҷа сардтар хоҳад шуд.

Дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар барф меборад ва сардӣ мефарояд.

Бояд гуфт, тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин гармтар мешавад. Оҷонсӣ мегӯяд, ба сурати умум, ҳарорат дар муқоиса бо соли гузашта гармтар мешавад, бахусус дар водиҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Ҳарорат дар водиҳо 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Аммо қобили зикр аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон зимистон хунук мешавад, бо ҳарорати 1 дараҷа поинтар аз меъёр. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ вазъият сангинтар шуда, ҳарорат дар мавзеи Булункӯл метавонад то 23 дараҷа хунук поин равад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.