“Лимит”-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?

Дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо низ дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад. Дастури марбута аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27 ноябр ба имзо расид. Дар санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо низ дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад. Дастури марбута аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27 ноябр ба имзо расид.

Дар санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.

Дар ҳамин ҳол, ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе ҳанӯз то имзо ва нашри дастури мазкур хабар медоданд, ки дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ба муддати чанд соат субҳ ва шомгоҳон барқ нест ва бар асари ин, онҳоро лозим меояд, ки зиёд навбатпойӣ кунанд. Мутаносибан, ин ба норасоии таксиҳо оварда расонидааст.

 

Электромобил чӣ қадар сарф мекунад?

Таксиронҳои пойтахт мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 60 киловатт-соат барқ сарф мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар пойтахт тақрибан 15 ҳазор  электромобили таксӣ кор мекунанд.

Яъне сарфи барқ аз ҷониби онҳо дар маҷмӯъ 900 кВт/соат дар як шабонарӯз, яъне зиёда аз 20% аз истеҳсоли миёнаи шабонарӯзии барқ дар кишварро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, истеъмолгари маишӣ дар пойтахт ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 15 кВт/соат барқ истифода мекунад. Мутаносибан хароҷоти як электромобили таксӣ ба хароҷоти чор оила баробар аст.

Ҳамчунин истифодаи электромобилҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва корхонаву идораҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Соҳибони чунин мошинҳо мегӯянд, ки онҳо дар як шабонарӯз 15-20 кВт/соат барқ истифода мекунанд, ки ба хароҷоти як хонавода баробар мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст.

 

Агар ба назар гирем, ки нисфи онҳо таксӣ (бо шумули дигар шаҳру навоҳӣ) буда, нисфи дигар мошинҳои шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо аст, пас хароҷоти миёнаи шабонарӯзии онҳо ҳудуди 1,6 млн кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне зиёда аз 3,6% аз ҳаҷми миёнаи истеҳсоли барқ дар саросари ҷумҳурӣ.

Илова бар ин, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар пойтахт зиёда аз 60 автобуси барқӣ ё худ электробусҳо ба шаҳрвандон хидмат мерасонанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар як рӯз тақрибан 300 кВт/сат барқ истифода мебарад. Дар назар аст, ки то охири сол шумори чунин электробусҳо то 90 адад расонида шавад.

Ғайр аз ин, агар ба назар гирем, ки бисёре аз электромобилҳо дар шаҳр ба сифати микроавтобусҳо ё худ хатсайрҳои маршруткаҳо (таксиҳои 10-сомона) ва таксиҳои байни шаҳрҳо равуо мекунанду рӯз то рӯз писандида мешаванд, пас ин рақамҳо ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар мешаванд.

Ҳамчунин, равуои троллейбусҳо низ идома дорад, ки онҳо ҳам аз барқ истифода мекунанд. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт кайҳост, ки кор мекунанд ва ҳарф задан дар бораи афзоиши назарраси истифодаи барқ бар асари зиёд шудани шумораи чунин навъи нақлиёт қобили қабул нест.

 

Ин зиёд аст ё кам?

Дарёфти посухи ягона ба ин савол ғайримкон буда, ҳамааш ба нуқтаи назари ҳар як шахси алоҳида вобаста аст.

Аз як тараф, барқе, ки ба нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дода мешавад, дарвоқеъ ҳам ба ҳаҷми истифодаи садҳо оила баробар аст. Афзоиши шумори электромобилҳо низ сарборӣ ба шабакаҳоро бахусус дар фасли зимистон, вақте ки нерӯгоҳҳои барқи об бо иқтидори паст кор мекунанд, зиёд мекунад. Дар ҳолати камбуди барқ интихоб байни нуқтаҳои нерӯдиҳӣ ва хонаводаҳо ба таври возеҳ метавонад на ба фоидаи охириҳо бошад.

Ба ҳар ҳол, воқеъияти имрӯза инро собит месозад, ки интиқоли барқ барои электромобилҳо дар як шабонарӯзтанҳо 4 соат (расман) қатъ мешавад, барои истеъмолгарони маишӣ дар маҳаллаҳои деҳот бошад, он ҳамагӣ чанд соате дар як шабонарӯз дода мешавад.

Аз ҷониби дигар, элкектромобилҳо фоидаи назаррас меоранд. Коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ, мусоидат ба беҳбуди сифати ҳаво, ҳавасмандсозии рушди зерсохтори муосир, баланд бардоштани бехатарӣ ва сарфакории нақлиёт.

Барои кишваре, ки ба воридоти сӯзишворӣ вобастагии зиёд дорад, ба барқ гузаронидани воситаҳои нақлиёт қадамест ба сӯйи истиқлоли энергетикӣ.

Он ба коҳиши хароҷоти асъор имкон медиҳад: камшавии воридоти бензин ва сӯзишвории дизелӣ садҳо миллион долларро сарфа карда, тавзуни қобилияти пардохтпазирии ҷумҳуриро беҳтар месозад.

Ҳамин тариқ, таъсири электромобилҳо ба низоми энергетикии Тоҷикистон имрӯз назаррас буда, вале дар ҳамин ҳол, афзалиятҳои сершумори ин навъи нақлиёт низ аён аст.

Аммо, ин ҳам наметавонад далелеро рад кунад, ки ин навъи нақлиёт вазъи бе ин ҳам душвори марбут ба таъминот бо барқро дар фасли сармо мушкилтар кард.

Дар ҳамин ҳол, ба кишвар ҷустуҷӯи тавозун байни нақлиёти “сабз” ва таъминоти устувор бо барқ лозим аст: сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи барқ, сохтмони иқтидорҳои нав, баланд бардоштани самаранокии истифодаи барқ.

Шояд дар чунин ҳолат электромобилҳо душвориҳои иловагӣ эҷод накарда, ба рамзи пешрафт ва иқдом ба сӯйи “ояндаи сабз” табдил ёбанд.

Бештар, дар бораи маҳдудияти барқ ва талаби мақомот аз аҳолӣ дар пайи шадидтар шудани маҳдудияти он дар ин матлабҳои мо хонед:

Дар як вақт аз 4 киловат зиёд барқ истифода накунед! Ин чӣ маъно дорад ва кадом дастгоҳ аз ҳама зиёд барқ “мехӯрад”?

“Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.