Артиши Тоҷикистон дар радабандии иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ 8 зина боло рафтааст

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шохиси навшудаи "Иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ" (Global Firepower) барои соли 2026 дар миёни 145 кишвари ҷаҳон зинаи 100-умро ишғол кардааст. Ин нишондод 8 зина болотар аз мавқеи соли гузаштаи Артиши кишвар аст. Соли 2025 Тоҷикистон дар зинаи 108-уми ин радабандӣ қарор дошт. Тибқи маълумоти маркази таҳлилии "Global Firepower", нишондиҳандаи қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар […]

Asia-Plus

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шохиси навшудаи "Иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ" (Global Firepower) барои соли 2026 дар миёни 145 кишвари ҷаҳон зинаи 100-умро ишғол кардааст. Ин нишондод 8 зина болотар аз мавқеи соли гузаштаи Артиши кишвар аст. Соли 2025 Тоҷикистон дар зинаи 108-уми ин радабандӣ қарор дошт.

Тибқи маълумоти маркази таҳлилии "Global Firepower", нишондиҳандаи қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар соли 2026 ба 2,1749 баробар шудааст, дар ҳоле ки як сол пеш ин нишондиҳанда 2,3049 буд.

Дар радабандии мазкур, ҳар қадар нишондиҳанда ба сифр наздик бошад, ҳамон қадар артиши давлат пурқудраттар ҳисобида мешавад. Ҳамин тавр, паст шудани нишондиҳанда нишонаи беҳтар шудани мавқеи кишвар мебошад.

Мувофиқи радабандии мазкур, дар соли 2026 артиши Ӯзбекистон пурқудраттарин дар Осиёи Марказӣ эътироф шуда, дар зинаи 53-юм қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи 58-ум, Туркманистон 78-ум ва Тоҷикистон дар зинаи 100-ум мавқеъ гирифта, аз артиши Қирғизистон, ки дар зинаи 109 қарор дорад, пештар аст.

Дар соли 2025 артиши Қазоқистон пурқудраттарин Осиёи Марказӣ дониста шуда, дар зинаи 57-уми ҷаҳон қарор дошт. Артишҳои Ӯзбекистон (зинаи 58), Туркманистон (77), Қирғизистон дар зинаҳои баъдӣ буданд ва Тоҷикистон бо ишғоли зинаи 108-ум дар радабандӣ мавқеи пасттаринро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳиб буд.

Бояд гуфт, ба навиштаи маркази таҳлили "Global Firepower", радабандии Иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ бо назардошти беш аз 60 омили гуногун муайян мешавад. Аз ҷумла, шумора ва навъи воҳидҳои ҳарбӣ, вазъи молиявӣ, иқтидори логистикӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ, аз омилҳои арзёбии радабандӣ гуфта мешаванд.

Тибқи ин радабандӣ, артишҳои ИМА, Русия ва Чин дар сегонаи беҳтаринҳо дохил шуда, се зинаи охирро артишҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Бенин ва Бутан соҳиб шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.