Маълум шуд, ки дар ҷои “Зелёний бозор” чӣ месозанд

Дар ҷои бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе, маъруф ба “Зелёний бозор”, ки ҳудуди 8 соли пеш тахриб шудаву то ҳол дар замини он ягон иншоот бунёд нагардидааст, Маркази тиҷоратӣ ва савдо бунёд мешавад. Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми январ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.  Ӯ гуфт, ки дар ин бора қарори шаҳрдори […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар ҷои бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе, маъруф ба “Зелёний бозор”, ки ҳудуди 8 соли пеш тахриб шудаву то ҳол дар замини он ягон иншоот бунёд нагардидааст, Маркази тиҷоратӣ ва савдо бунёд мешавад.

Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми январ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. 

Ӯ гуфт, ки дар ин бора қарори шаҳрдори Душанбе ба тасвиб расида, “ҳоло корҳои лоиҳакашии иншоот идома дорад”.

“Дар он минтақа, ки 30 гектар заминро дарбар мегирад, маҷмаа иборат аз меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурию ҷамъиятию хизматрасонӣ ва ғайра бунёд мешавад”,-гуфт сармеъмори пойтахт.

Қаблан, гуфта мешуд, ки тамоми қаламрави бозори “Шоҳмансур” 4,3 гектар буда, "ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил гардид, ки бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ карда шуд".

Азизиён номи ширкати сохтмоние, ки маҷмааро месозад, ифшо накард, танҳо гуфт, ки баъди лоиҳакашии иншоот қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи сохтмон ба ширкат дода мешавад. 

Корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд ва бино аз чанд ошёна иборат хоҳад буд, маълум нест. Тавре мушоҳида кардем, ҳоло печонидани гирду атрофи ин минатқа оғоз шудааст. 

Бояд гуфт, ки ҳашт сол пеш, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори маъруф ба “Зелёний бозор” дар пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.

Ҳамон сол аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти ин муддат дар ҷойи бозор ягон иншооте сохта нашуд ва замини он холӣ боқӣ монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.