Маблағгузории шарикони байналмилалӣ ба нерӯгоҳи “Роғун” оғоз шудааст

Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки баъзе созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”, ки солҳои гузашта бо шарикони рушд ба имзо расида буданд, мавриди амал қарор гирифтаанд. Ӯ имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки "барои ҳарчи зудтар мавриди амал қарор гирифтани созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки баъзе созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”, ки солҳои гузашта бо шарикони рушд ба имзо расида буданд, мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ӯ имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки "барои ҳарчи зудтар мавриди амал қарор гирифтани созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ, ки солҳои 2024 ва 2025 имзо шуданд, иҷрои як қатор шартҳо лозим буд, ки як вақти муайянеро гирифт"

Вазир зикр кард, ки моҳи декабри соли гузашта баъзе қарордодҳо мавриди амал қарор гирифта, акнун маблағгузорӣ ба лоиҳа оғоз мешавад.

“Ин ба мо ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳа дар соли 2026 имкон медиҳад, то ки агрегати сеюм дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад”, – гуфт ӯ.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, агрегати сеюм бояд моҳи сентябри соли 2025 ба истифода дода мешуд, вале баъдан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба моҳи сентябри соли 2027 гузаронида шуд. Сабаби ба таъхир афтодани он маълум нест.

Вазири энерҷӣ зикр кард, ки айни замон лоиҳа пурра аз ҷониби захираҳои молиявии дохилӣ маблағгузорӣ мешавад.

Қаблан, гуфта мешуд, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо шарикони рушд, аз ҷумла грантҳои Бонки ҷаҳонӣ (650 млн долар), қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (500 млн доллар), Бонки осиёии рушд ва фондҳои кишварҳои араб (450 млн доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 млн доллар) ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар қарордод ба имзо расонида шудааст.

 

Дар бораи НБО “Роғун”

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3780 МВт бузургтарини нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад. Дар назар аст, ки пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он ба беш аз 14,5 млрд кВт/соат мерасад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб карда мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.

Айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун”, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо иқтидори паст кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар нерӯгоҳи “Роғун” зиёда аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишвар дар соли пешин (соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.