Дар истифодаи замин дар Тоҷикистон қонуншиканиҳои зиёд ошкор шуданд

Раиси Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон дар бораи 13 420 ҳолати қонуншиканиҳо дар истифодаи замин, ки соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, барои бартараф кардани ҳолатҳои ошкоршуда 12 218 таъинот содир шуда, аз рӯи 11 677 далел парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд. Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо нисбати қонуншиканон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи идораи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон дар бораи 13 420 ҳолати қонуншиканиҳо дар истифодаи замин, ки соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои бартараф кардани ҳолатҳои ошкоршуда 12 218 таъинот содир шуда, аз рӯи 11 677 далел парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд. Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо нисбати қонуншиканон ба маблағи умумии зиёда аз 7 млн сомонӣ ҷарима таъин шудааст, ки 5,9 млн сомонӣ аз ин маблағ аллакай ба суратҳисоби махсус гузаронида шудаанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 10 феврал Хоҷазода зикр кард, ки ғайр аз ин, 1 035 мавод ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба мақомоти додситонӣ ва 927 мавод – ба Хадамоти иҷро фиристода шудааст.

Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ки натанҳо шахсони ҷудогона, балки худи кормнадони Кумитаи идораи замин низ ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.

Аз ҷумла, роҳбарони раёсатҳои идораи замин дар шаҳрҳои Исфара, Кӯлоб ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт шудаанд.

Нисбат ба сардори раёсати идораи замини шаҳри Исфара Муҳаммад Бобозода бо гумони гирифтани пора тафтишот ҷараён дорад. Дар бораи айбдории ӯ танҳо пас аз содир шудани қарори суд метавон ба хулосаи ниҳоӣ расид.

Қаблан соли 2024 дар Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба раиси раёсати идораи замини шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Тибқи маълумоти тафтишот, ӯ ба ивази 81 ҳазор сомонӣ ваъда кардааст, ки аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ қитъа ҷудо мекунад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.

Қобили зикр аст, ки масъалаи фурӯши қитъаҳои замин дар Тоҷикистон яке аз мушкили доғ дар кишвар аст ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ чандин маротиба дар ин хусус изҳори назар карда буд.

Тавре ки Ориф Хоҷазода таъкид дошт, ҳатто кормандони мақомоти идораи замин низ ба қонуншиканиҳо даст мезананд ва ин бори дигар аз зарурати тақвияти мубориза бо коррупсия дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.