Дар Суғд аз номи раиси вилоят ба 80 зани соҳибкору ҳуранманд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ грант ё кумаки бебозгашт медиҳанд. Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд эълони озмуни грантҳоро нашр кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ, барои дастгирии занони соҳибкори вилоят аз буҷети вилоят 560 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Ин кумакҳо ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкори вилоят, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат мекунад, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:
– 20 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ;
– 20 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ;
– 40 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 10-уми апрел то 10-уми июни соли 2026 аст. Маълумоти бештарро тариқи телефони (83422) 4-68-50, 4-65-37 дастрас кардан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд соли 2010 ҷорӣ шуда, 16 сол боз ба занҳои ҳунарманд дода мешавад. Соли гузашта 60 зан соҳиби он шуда буданд.


