Шаби 9 ба 10-уми март дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба рӯзноманигорон мегуфт, поёни ҷанг бо Эрон наздик аст, ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳамлаҳои шадид сурат гирифтааст. Дар посух ба ин, Сипоҳи посдорони Эрон гуфтааст, бо мушакҳои навъи нав ба Исроил ва пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба задааст.
Дар ин ҳол, Доналд Трамп мегӯяд, “поёни ҷанг наздик аст”, вале Сипоҳ гуфт, “поёни ин даргириро Эрон муайян мекунад”. Ин ва дигар ҳаводиси охири Эрон ва Ховари Миёнаро дар матлаби мо хонед.
Ҳамлаҳои “сангин” ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон
Амрикову Исроил шаби 9 ба 10-уми март ба чанд шаҳри Эрон ҳамла кардаанд. Аз ҷумла ба шаҳри Караҷ ҳамла шуда, боиси қатъи муваққатии барқ гаштааст. Ҳамчунин, хабаргузории “Форс”-и Эрон аз ҳамлаҳои “сангин” тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ гузориш дода, гуфтааст, ҳамлаҳои шадид дар шарқи Теҳрон, аз ҷумла дар минтақаҳои Комрония, Нормак ва наздикии ҷойи Артиш сурат гирифтааст.
Шаби гузашта дар ҷануб ва ҷанубу ғарби пойтахти Эрон низ садои инфиҷорҳои шадид тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ шунида шудаааст. Дар пайи ин ҳамлаҳои дар чанде аз нуқтаҳои Теҳрон интиқоли барқ қатъ шуд. Нисфирӯзии 10-уми март интиқоли барқ дубора пайваст гардидааст.
Хабаргузории “ИСНА” мегӯяд, дар пайи ҳамла ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Арок 5 тан кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон гуфтааст, ки ба як шаҳраки санъатӣ ва сохтмонҳои маскунӣ дар шарқи Теҳрон ҳамла шудааст.
Ҳамчунин, субҳи имрӯз аз ҳамла ба як мактабе дар вилояти Марказӣ гузориш додаанд. Раиси ин вилоят гуфтааст, ки ба ҷӯз мактаб, чанд бинои маскунӣ дар атрофи он низ, осеб дидаанд.
Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаҳои душанбеи 9-уми март, биноҳои таърихӣ ва мероси фарҳангӣ, мисли кохи Чилсутун, иморати Ракибхона, толори Темурӣ ва толори Ашраф осеб дида, шишаҳои кохи Оли Қопу шикастаанд.
Ин биноҳо мероси таърихиест, асрҳо пеш сохта шудааст. Толори Ашраф имрӯз бахше аз бинои ҳукумати вилояти Исфаҳон низ ҳаст.
Омори хисорот ва талафоти ин ҳамлаҳо ҳоло нашр нашудааст.
Ҳамлаҳо ба Исроил
Маркази “Хотам-ул-анбиё” гуфтааст, ки чанде аз мушакҳоро дар осмони Теҳрон раҳгирӣ кардааст.
Дар посух ба ин ҳамлаҳо, шабона ва субҳи 10-уми март Сипоҳи посдорони Эрон аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба “мавзеъҳои ҳаётии” Исроил, аз ҷумла фурудгоҳи Бен-Гурион ва пойгоҳҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Ироқ хабар дода, гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо аз мушакҳои “бо кулоҳакҳои як тонаӣ” истифода шудааст.

Сипоҳ ҳамчунин аз нобуд сохтани наздики 10 радари амрикоӣ дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Халиҷи Форс ва раҳгирии “теъдоди бешумори” паҳподҳои онҳо дар Эрон хабар додааст.
Артиши Эрон низ мегӯяд, ба полоишгоҳи нафту гази Ҳайфои Исроил мушак партоб кардааст. Рӯзи 10-уми март артиши Исроил аз партоб шудани мушакҳои бештар аз тарафи Эрон хабар дода, гуфтааст, ки як мушакро дар Тел-Авив нобуд кардааст.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Ба иттилои Вазорати тандурусти Исроил тайи шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон 191 нафари маҷрӯҳ ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.
“The Times Of Israel” менависад, ки дар умум, дар пайи ҳамлаҳо 2 ҳазор 339 нафар захмӣ шудаанд.
Трамп гуфт, “поёни ҷанг наздик аст”, Сипоҳ мегӯяд, “поёни ҷангро мо таъйин мекунем”
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, ки агар Эрон ҷараёни интиқоли нафт дар гулӯгоҳи Ҳурмузро қатъ кунад, “бо вокуниши бисёр шадиди Иёлоти Муттаҳида рубарӯ хоҳад шуд”.
Ӯ рӯзи 9-уми март дар шабакаи иҷтимоии худ – “Truth Social” навишт, ки “агар Эрон ҳар иқдоме анҷом диҳад, ки ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмузро қатъ кунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20 баробар шадидтар аз он чи то кунун анҷом шудааст, ба Эрон зарба хоҳад зад”.
“Марг, оташ ва ғазаб бар онҳо нозил хоҳад шуд; аммо умедворам ва дуо мекунам, ки чунин иттифоқе рух надиҳад”, – навиштааст Трамп.
Дар ин баробар, Доналд Трамп, 9-уми март дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки “ҷанг ба зудӣ тамом мешавад”, аммо, “ин ҳафта поён нахоҳад ёфт”. Ӯ, ки қаблан гуфта буд, ҳамла ба Эрон 4-5 ҳафта давом мекунад, дирӯз ба хабарнигорон гуфтааст, ки “мо хеле пештар аз барнома ҳастем”.

Вале Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, “ин мо ҳастем, ки поёни ҷангро таъйин хоҳем кард, Дасти мо барои тавсеаи ҷанг боз аст. Амният барои ҳама ё ноамнӣ барои ҳама хоҳад буд”.
“Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ дар сурати идомаи таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба мардум ва зерсохтҳо иҷозаи содироти як литр нафт аз минтақаро то иттилоъи баъдӣ ба тарафи душман ва шариконаш нахоҳад дод”, – омадааст дар баёнии Сипоҳ дар посух ба ин гуфтаҳои Трамп.
Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин ва коҳиши нархи нефт
Шаби 9-уми март Кремл эълон кард, ки Доналд Трамп бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамос гирифтааст ва “вазъияти феълии байналмилалӣ, ба вижа Эрон ва Украина”-ро баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, мушовири Путин, ин суҳбат як соат давом карда, “коршиносона, сареҳ ва созанда” буд.

Ӯ илова кардааст, ки раисҷумҳури Русия “чанд идеяеро бо ҳадафи дастёбӣ ва як роҳҳали сиёсӣ-дипломатии зуд барои муноқишаи Эрон, аз ҷумла, бар асоси тамосҳои анҷомшуда бо роҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс, раисҷумҳури Эрон ва роҳбарони чанде кишварҳо баён кардааст”.
Ҷузъиёти бештари ин гуфтугӯ расонаӣ нашудааст.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.
Гуфтугӯи онҳо дар ҳолест, рӯзи гузашта Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон боиси буҳрони энержӣ шудааст.
Ӯ дар ҷаласае бо ҳузури мақомҳои Русия ва ширкатҳои нафту газ ҳушдор додааст, ки тавлиди нафт, ки ба таҳвил аз тариқи тангаи Ҳурмуз вобаста буд, метавонад, ба зудӣ ба таври комил мутаваққиф шавад.
Путин дар ин ҷаласа гуфтааст, ки Русия барои кумак ба коҳиши ин буҳрон ва барои таъмини нафту гази кишварҳои аврупоӣ омода аст.
Вале, ба навиштаи хабаргузории “Форс” тангаи Ҳурмуз “барои Чин ва кишварҳои дӯсти Эрон боз буда, табодулоти энержӣ бидуни мушкил идома дорад”.
Хабаргузории “Ройтерз” рӯзи гузашта хабар дод, ки Амрико сабук кардани таҳримҳо ба нафти Русияро барои пешгирӣ аз болоравии нархи ҷаҳонии энержӣ баррасӣ мекунад.
Субҳи сешанбе, 10-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи аз 100 доллар поён фаромад.
Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи 9-уми март нархи як бушка нафти “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале давоми рӯз нархи коҳиш ёфта буд.
ББС: Ба мактаби духтаронаи Миноб бо мушаки “Tomahawk” зарба зада шудааст
Дар ҳамин ҳол, бахши ростозмоии ББС тавассути санҷидани наворҳои лаҳзаи расидани мушак муайян кардааст, мушаке, ки мактаби духтарона дар шаҳристони Миноби Эрон ҳадаф қарор дода буд, мушаки навъи “Tomahawk”-и амрикоӣ аст.
ББС бо такя ба коршиносон менависад, ки Исроил ва Эрон чунин навъи мушак надоранд.

Доналд Трамп дар нишасти хабарии шаби 9-уми март ба саволи хабарнигорон дар бораи ҳамлаи мактаб бо мушаки “Tomahawk”-и амрикоӣ изҳор доштааст, ки таҳқиқ дар ин самт идома дорад ва “ҳар чизе, ки ин гузориш нишон медиҳад, ман омодаам онро қабул кунам”.
Қаблан, Доналд Трамп гуфта буд, мактаби мазкур аз тарафи Эрон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба мактаби ибтидоии духтаронаи “Шаҷараи Тайиба” дар Миноб 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба Эрон сурат гирифта, дар пайи он тибқи маълумоти охир 168 нафар кушта ва наздики 100 тани дигар захмӣ гашта буданд.
Дар ин зимн, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон шаби гузашта дар мусоҳибае бо шабакаи амрикоии “PBS” гуфт, “бар хилофи Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки ба мактабҳо ҳамла мекунанд, мо ҳаргиз ба маконҳои ғайринизомӣ ҳамлае надоштем”.
Вазъ дар Ховари Миёна
Ҳамчунин, шаби гузашта ва субҳи имрӯз, 10-уми март ҳамлаи Исроил ва Лубнон ва зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфтааст. Аз ҷумла, Исроил давоми шабонарӯзи гузашт чанд маротиба сокинони чанд минтақаи Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд. Ин кишвар, ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ба 30 нуқтаи як созмони хайриявии марбут ба “Ҳизбуллоҳ” зарба задааст. “Ҳизбуллоҳ” низ аз ҳамла ба як пойгони низомии Исроил хабар дод.

Исроил тасдиқ кардааст, ки дар пайи зарбаҳои мушакии 9-уми март аз тарафи “Ҳизбуллоҳ” ба ин кишвар 16 кас маҷрӯҳ шудааст.
Вазорати беҳдошти Лубнон то ин дам теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроилро ба 486 нафар ва захмиёнро 1 ҳазору 313 ҳисоб кардааст.
МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Баҳрайн бомдоди 10-уми март аз кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани чанд тани дигар дар пайи як ҳамлаи Эрон ба ин кишвар хабар додааст. Баҳрайн иттилоъ додааст, ки ба як минтақаи нафти ҳамлаи паҳподӣ шудааст.
Вазорати кишвари Баҳрайн гуфтааст, ҳамла ба як минтақаи маскунӣ сурат гирифтааст. Аммо, Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки танҳо пойгоҳҳои низомӣ, зерсохтҳо ва маконҳое, ки Амрико аз он ҷойҳо барои ҳамла ба Эрон истифода мекунанд, ҳадаф қарор додааст.
Ҳамчунин, Вазорати дифоъи Қатар шоми рӯзи гузашта гуфтааст, ки 17 мушаки балистикӣ ва 6 паҳподеро, ки аз сӯи Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.
Кувайт аз раҳгирии 6 паҳпод хабар дода, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, ки паҳподҳои ба сӯи кишвараш партобшударо раҳгирӣ мекунад.
Арабистони Саудӣ аз ҳамла ба кони нафти Шайба хабар дода, ҳамчунин, аз сарнагун кардани як паҳпод иттилоъ медиҳад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.