Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 478 млн доллар то 579 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора дар гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) маълумот дода мешавад. “Афзоиши каср ба зиёдшавии воридот ба андозаи 27,2% (нисбат ба як соли пеш) дар шароити болоравии талаботи дохилӣ дар иқтисод вобаста аст”, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 478 млн доллар то 579 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора дар гузориши ҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) маълумот дода мешавад.

“Афзоиши каср ба зиёдшавии воридот ба андозаи 27,2% (нисбат ба як соли пеш) дар шароити болоравии талаботи дохилӣ дар иқтисод вобаста аст”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон хариди воситаҳои нақлиётро аз хориҷа ба андоза 52,7%, мошину таҷҳизотро 32,7% ва ғизоро 55,7% нисбат ба соли пешин зиёд кардааст.

“Ба туфайли афзоиши интиқоли фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва ранга, маҳсулоти нассоҷӣ ва маҳсулоти минералӣ бо шумули семент ва консентратҳои маъдан, содирот нисбат ба соли пешин 53,1% афзуд”, – таъкид мекунанд коршиносони БАОР.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори кишвар, савдои хориҷии кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ 929 млн долларро ташкил дод, ки 31,4% (221,9 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Тавозуни савдо манфӣ ва ба 578,6 млн доллар баробар шуд.

Дар моҳи аввали соли равон Тоҷикистон бо 94 кишвар муомилоти молу маҳсулот анҷом додааст.

Содирот дар моҳи январ 175,2 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 53,1% (60,8 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мебошад.

 

Воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ 753,8 млн долларро ташкил дод, ки ба андозаи 27,2% (161,1 млн доллар) зиёдтар дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта мебошад.

 

Шарикони асосии тиҷоратии кишвар дар ин давра, Чин (281 млн доллар), Русия (237 млн доллар) ва Қазоқистон (120 млн доллар) боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.