Home Blog Page 27

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

0

Абдуқаҳҳор Нурзода, сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, баъди латукӯби кӯҳнасарбозон дар қисми низомӣ сараш осеб дида, қариб як моҳ дар беморхонаи низомии Душанбе бистарӣ шудааст.

Ин ҷавони 18-сола дар қисми низомие дар шаҳри Турсунзода адои хидмат мекардааст ва баъди ин иттифоқ ӯро ба қисми низомие дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол додаанд.  

Абдуҷаллил Нуров, падари сарбоз дар робита ба шиканҷа шудани писараш дар қисми низомӣ ба “Азия-Плюс” муроҷиат кард. Ӯ мегӯяд, баъди чор рӯзи дар беморхона будани писараш ба хонаводааш дар хусуси вазъи саломатии сарбоз иттилоъ додаанд.

“Аз Мастчоҳ омадем, писарам дар бахши эҳё хоб буд, вақте ба ҳуш омад, гуфт, “додо, маро заданд”. Ӯ гуфт “маро Ғафуров Хайрулло зад, дигар сарбозон дар ёдам нест”,-нақл кард падари сарбоз.

Ба қавли пайвандон, духтурони беморхонаи низомии Вазорати дифоъ гуфтаанд, сарбоз ҳассосият пайдо кардааст, вале натиҷаи ташхисро нишон надодаанд.

Худи сарбоз мегӯяд, охирон бор 25-уми январ, баъди соати тозагӣ дар қисми низомӣ дар синфхонаи дарсӣ аз ҷониби кӯҳнасарбозон латукӯб шуд. Пештар аз ин низ, ӯро дар ҳоҷатхона ва ҷойи хоб латукӯб кардаанд.

Бештар дар гузориши мо тамошо кунед:

 

Пайвандон ба Сардодситонии ҳарбӣ шикоят кардаанд, ин ниҳод тафтиши қазияро ба Додситонии ҳарбӣ-гарнизомии шаҳри Душанбе супурдааст. Аммо ба иддаои волидайни сарбоз, онҳоро аз рафти тафтишот огоҳ накардаанд.

Кароматулло Сахаев, додситони ҳарбии шаҳри Душанбе қазияро ба “Азия-Плюс” шарҳ надод. Фурқат Муродзода, фармондеҳи сарбоз дар қисми низомии шаҳри Турсунзода ба “Азия-Плюс” гуфт, мақсад аз ин шикоят “саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Аз Беморхонаи ҳарбии Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сарбоз дар натиҷаи нодуруст гузаронидани сӯзандору заҳролуд шудааст ва ӯро дар ҳолати миёнавазнин ба беморхона овардаанд.

Ҳамакнун, Абдуқаҳҳор Нурзода мегӯяд, аз мақомот талаб дорад, то нафаронеро, ки нисбати ӯ ин корро кардаанд ҷазо диҳанд ва ӯро табобат кунанд.

Бояд гуфт, меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ мушкили нав нест. Солҳои пеш низ ин мушкил расонаӣ шуда буд. Ниҳодҳои дахлдор низ аз ҳолатҳои дар қисми низомӣ ҷон бохтани сарбоз ба дар пайи ин, ба  зиндон маҳкум шудани сарбозони муштзӯр хабар дода буданд. Мақомот ҳарчанд ҳолатҳои алоҳидаи “меҳтарсолорӣ”-ро эътироф мекунанд, аммо дар умум, вуҷуди густурдаи онро дар артиш рад мекунанд.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

0
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон. Акси марбута

Барои ошкор сохтани тағйирёбии суръат ва арзиши хидматрасониҳо дар амал, “Азия-Плюс” ба операторони мобилии кишвар дархост фиристод. Мо хоҳиш кардем, ки дар бораи чӣ гуна тағйир ёфтани суръати миёнаи интернет дар соли 2025, таъсири баланд шудани он ба арзиши таърифаҳо (тарифҳо) ва пешбинӣ шудани бозбинии нархҳо маълумот диҳанд.

Ёдрас кардани изҳороти пешинаи Хадамоти алоқа

Соли 2025 суръати миёнаи интернети сабтшуда дар кишвар аз 30 Мбит/с то 40,42 Мбит/с боло бурда шуд.

Таърифаҳои ширкатҳои фароҳамсози интернети ноқилӣ ё худ провайдерон ба ҳисоби миёна 55% поин шуда, нақшаи таърифаҳо бо суръати камтар аз 30 Мбит/с бекор шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ахир роҳбари Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло изҳори назар кард.

Мо аз ширкатҳои фароҳамсози интернет пурсидем, ки дар асл вазъият чӣ гуна тағйир ёфтааст.

Тавре ки зикр шуд, дар Хадамот муддати ду соли наздик ният доранд, ки суръати интернети сабтшударо то ба 100 Мбит/с расонанд. Дар ҳамин ҳол, дар бораи суръат ва арзиши интернети мобилӣ, дар ин ҷо рақамҳои дақиқ пешниҳод нашуда, танҳо зикр гардид, ки арзиши интернети мобилӣ давоми ин сол поин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло, мушкили суръати паст имрӯз асосан дар алоқаи мобилӣ боқӣ мондааст. Ӯ таъкид дошт, ки дар интернети сабтшуда “мушкили ҷиддӣ нест ва сатҳу сифати он ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст”.

Яке аз омилҳои сифати пасти интернети мобилиро дар кишвар дар Хадамот ба афзоиши талабот ба он марбут медонанд. Ба ин тариқ, тайи 5 соли ахир талабот ба интернет 19 баробар (а 3 ГБ то 30 ГБ) афзудааст, ки ба сарборӣ ба пойгоҳҳои заминавӣ боис шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамот, теъдоди умумии корбарони интернети мобилӣ ва сабтшуда 5,2 млн нафарро ташкил медиҳад (4,5 млн нафар дар соли 2024), к 5,1 млн нафарашон корбарони интернети мобилӣ мебошанд.  

… Акнун ба маълумоти провайдерон рӯ меорем.

ZET-MOBILE

Дар ширкати ZET-MOBILE хабар доданд, ки соли 2025 суръати миёна дар шабакаи 4G аз 9,1 Мбит/с тто 11,8 Мбит/с (зиёдшавӣ ҳудуди 12%) ва дар шабакаи 5G – аз 77 Мбит/с то 83 Мбит/с (зиёдшавӣ ҳудуди 8%) боло рафтааст.

Таърифаҳои оператор дар соли 2025 боло бурда нашудаанд. Дар ширкат бозбинии нархҳо ба нақша гирифта нашудааст.

Ширкат хидматрасониҳои интернети хаташ васеъро пешниҳод намекунад.    

Babilon-Mobile

Дар аввали соли 2025 суръати миёнаи интернети мобилии Babilon-Mobile  11,26 Мбит/с-ро ташкил дода, то охири сол ба 11,96 Мбит/с расид, яъне ба андозаи 6,2% боло рафт.

Тавре ки аз ширкат хабар доданд, дар шабакаи 5G дар Душанбе суръат метавонад то ба 400 Мбит/с расад, лекин ин ҷо сари нишондиҳандаҳои ниҳоӣ сухан меравад.

Тағйирот дар таърифаҳо дар соли 2025 набуд. Қарор дар бораи бозбинии нархҳо ҳам қабул нашудааст.

Нишондиҳандаҳои интернети сабтшударо ширкат пешниҳод накард.

Tcell

Дар ширкати Tcell хабар доданд, ки вобаста ба сарбории шабака, суръати миёна 5-10 Мбит/с-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи сарбории маъмулӣ (стандартӣ) дар шабакаи 5G суръат то ба 130-200 Мбит/с ва суръати ниҳоӣ – то 1,3 Гбит/с расида метавонад.

Лекин дар ширкат саҳеҳ нагуфтанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали сол  чӣ гуна тағйир ёфт. Ҳамчунин дар бораи суръат дар шабакаи 4G маълумот дода нашуд.

Таърифаҳо ба интернети мобилӣ тағйир наёфтанд. Бозбинии нархҳо дар семоҳаи аввали соли 2026 ба нақша гирифта нашудааст.

Ҳамчунин дар ширкат хабар доданд, ки суръатҳои заминавии интернети сабтшуда то 30-59 Мбит/с ва вобаста ба минтақа зиёдтар аз ин боло рафтаанд. Лекин дар бораи маълумоти қиёсӣ доир ба чӣ гуна тағйир ёфтани таърифаҳо ё суръати миёна маълумот пешниҳод нашуд.

«МегаФон Тоҷикистон»

Бино ба маълумоти ширкати «МегаФон Тоҷикистон», соли 2025 суръати миёнаи интернети мобилӣ тақрибан 12% – аз 22 Мбит/с то 25 Мбит/с боло рафтааст.

Болоравии суръат ба арзиши таърифаҳо таъсир нарасонид. Тавре ки дар ширкат изҳор доштанд, тағйирёбии эҳтимолии нархҳо ба вазъият дар бозор ва қарорҳои Хадамоти алоқа вобаста хоҳад буд.

Дар робита ба интернети сабтшуда зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои он ба таърифаи интихобшуда ва имконоти техникии минтақа вобаста аст. Маълумот дар бораи тағйири суръат ё арзиш оварда намешавад.

Рақамҳо аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд?

Агар посухҳои операторонро муқоиса кунем, фарқият дар суръатҳои миёнаи зикршуда назаррас аст. Дар ҳамин ҳол аксари ширкатҳо ё нишондиҳандаҳои миёна, ё нишондиҳандашои ниҳоиро дар 5G овардаанд, ки барои на ҳама корбарон ва на дар ҳама минтақаҳо дастрас аст.

Ҳамаи операторон изҳор мекунанд, ки ҳарчанд суръат боло рафта бошад ҳам, таърифаҳо ҳамроҳи он зиёд намешаванд. Ҳеҷ яке аз ширкатҳо дар бораи поинравии арзиши интернети мобилӣ дар соли 2025 хабар надод.

Дар бораи чӣ гуна пайваст шудан ба интернети мобилии Starlink дар Тоҷикистон, арзиш ва маҳдудиятҳои насби он дар ин маводи мо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

0

Пас аз ҷорисозии маҳдудияти муваққатӣ ба фоида, нархи гӯшт дар Душанбе ба субот омада, лекин дар рафҳои савдо маҳсулоти воридотӣ бештар аст ва гӯшти маҳаллӣ бо сабаби арзиши аслии баланд қариб нест. Гузориш аз бозори “Саховат” нишон медиҳад, ки гӯшт чӣ гуна нархгзорӣ мешавад, барои чӣ метавонанд фурӯшандагонро ҷарима кунанд ва чаро танзим на ҳама вақт мушкили гарон будани гӯштро наметавонад ҳал кунад.

Гӯшти маҳаллӣ куҷост? Дар бозорҳои пойтахт чӣ мефурӯшанд

Як ҳафта пас аз оғози моҳи Рамазон мо ба бозори «Саховат»-и Душанбе рафтем, то бифаҳмем, ки оё нархи гӯшт тағйир ёфтааст ё не. Дар аввалин дӯкон дидем, ки 1 кг гӯшти гов бо нархи 65 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд — 75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар дигар нуқтаҳо низ ҳамин нарх. Фурӯшандагон мегӯянд, ки гӯшт воридотӣ аст, аз Беларус.

Дар дигар рафҳо низ ҳамин гуна вазъият аст. Фарқият дар нархҳо ночиз аст: дар ҷое гӯшти гов 65, дар ҷой дигар — 67 сомонӣ аст. Гӯшти гӯсфанд ба ҳисоби миёна — 75 сомонӣ нарх дорад. Ҳадди ақалл дар вақти боздиди мо болоравии шадид ба қайд гирифта нашуд.

Фурӯшандагон мегӯянд, ки гӯшти Беларус якчанд навъ аст ва гӯшти нархаш 65 сомонӣ варианти нисбатан арзонтар мебошад.

“Ин гӯшт мисли гӯшти буққаҳои мо на он қадар бомазза аст”, – изҳор дошт яке аз онҳо.

Ба гуфтаи ӯ, пухтани он пас аз яхбандӣ душвор аст, зеро қисмате аз обаш рафта, ширадорӣ ва тару тозагиаш камтар мешавад, аз ин рӯ, барои яклухт пухтан (стейкҳо) камтар муносиб аст. Лекин барои самбӯса, манту ва дигар хӯрокҳо бо гӯшти қима бештар мувофиқ меояд.

Фурӯшанда фарқият бо гӯшти мурғро муқоиса мекунад: “Шумо маззаи гӯшти мурғ аз мағоза ва гӯшти мурғи хонагиро чашидаед? Фарқияташ тақрибан ҳамин хел аст”.

Гӯшти гови нархаш 75 сомонӣ ба гуфтаи фурӯшандагон, сифаташ хубтар мебошад. Ин ҳам гӯшти истеҳсоли Беларус аст, лекин навъи дигар.

“Буққаҳоро соҳибкорони мо дар ҳамон ҷо, дар Беларус забҳ кардаанд”, – шарҳ медиҳанд фурӯшандагон.

Фарқиятт дар шакли зоҳирӣ ҳам дида мешавад, ранги гӯшти нисбатан арзон сурхи равшан ва нархаш 75 сомонӣ тираву зичтар аз рӯйи сохтор, рангаш наздик ба гӯшти маҳаллӣ аст.

Мо аз ҳудуди 20 нуқтаи фурӯш дар бозори “Саховат” боздид карда, дар ҳама ҷо нархҳо як хел буданд: 1 навъи гӯшти гов 65 сомонӣ ва нисбатан босифаташ – 75 сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар рафҳои фурӯш мо гӯшти гов ва гӯсфанди маҳаллӣ пайдо накардем. Савдогарон мегӯянд, ки ин сарфакорӣ аст, зеро арзиши аслии гӯшти гови ватанӣ аз 80 сомонӣ зиёдтар мебошад. Агар арзонтар фурӯшӣ, пас бо зиён кор мекунӣ, агар гаронтар – ба гуфтаи онҳо, ҷарима мешавӣ.

Яке аз фурӯшандагон илова намуд, ки гӯшт бо назардошти арзиши харид, хароҷоти овардан (нақлиёт), иҷора, нерӯи барқ ва талафот ҳангоми майда кардани он гузошта мешавад.

“Мо ҳамту нархро поин бурда наметавонем”, – мегӯяд ӯ. Тибқи арзёбии ӯ, аз 1 кг гӯшт 5-10 сомонӣ фоида мемонад.

Воридотиро гирифта, маҳаллиро интизор мешаванд

Харидорон назди дӯконҳо омада, касе савдо мекунад, дигарӣ хомӯшона пул мебарорад. Дар яке аз дӯконҳо каме навбат пайдо мешавад. Зане пораи гӯшти чарбаш камро интихоб карда, мегӯяд, ки дар моҳи Рамазон барои ифтор зиёдтар гӯшт мехаранд. “Нарх алҳол устувор аст, мегӯяд ӯ. – Лекин пеш аз ид нарх маъмулан боло меравад”.

Як марди миёнсол хоҳиш мекунад, ки 2 кило гӯшти нархаш 65 сомонӣ баркашанд. Ӯ эътироф мекунад, ки гӯшти маҳаллиро меписандад, лекин ҳозир он дар бозор нест ва гаронтар ҳам мебошад.

“Албатта, гӯшти худӣ хубтар аст, лекин агар онро наоранду ва нархаш ҳам баланд бошад, маҷбурем, ки гӯшти Беларус харем”, – мегӯяд ӯ.

Харидорон зикр мекунанд, ки имсол бахусус бодиққат нархҳоро пайгирӣ доранд. Дар моҳи Рамазон талабот маъмулан меафзояд ва мардум аз гароншавӣ нигаронӣ мекунанд. Бархе эътироф мекунанд, ки ҳозир камтар гӯшт мехаранд. Дигарон изҳор мекунанд, ки бо нархҳои ҳозира розианд: агар пештар 1 кило 90-100 сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир метавон бо 65-75 сомоӣ харидорӣ кард.

Танзими давлатӣ: чи гуна маҳдудиятҳо амал мекарданд

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, аз 14 ноябри соли 2025 то 14 феврали соли 2026 тибқи фармони №53, барои молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим маҳдудияти муваққатии даромаднокӣ ҷорӣ шуд.

Сатҳи ниҳоии даромаднокӣ аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ то 10% ва воридотӣ – то 8%-ро ташкил медод. Ин тадбир хусусияти зиддибуҳронӣ дошта, ба нигаҳдории болоравии нархҳо равона шуда буд.

Дар Хадамот шарҳ доданд, ки ин танзим на танҳо нисбат ба гӯшти гову гӯсфанд, балки гӯшти паранда, тухми мурғ, орд (навъи 1 ва 2-юм), маснуоти макарон, гандум, биринҷ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нуриҳои органикӣ ва минералӣ барои бахши кишоварзӣ низ амал мекард.

Соҳибкорони машғул ба истеҳсол, коркард, воридот ва фурӯши ин маҳсулот уҳдадор буданд, ки ҳисоби арзиши аслиро мувофиқи қонунгузорӣ мутобиқ карда, меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди ниҳоии муқарраршудаи даромаднокиро истифода баранд.

То тағйири нархҳо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагон бояд ҳуҷҷатҳои асоснок ва ҳисоби хароҷотро ба Хадамоти зиддиниҳисорӣ пешниҳод мекарданд. Барои риоя нашудани талабот тибқи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар давраи амали фармон назорат пурзӯр шуд: аз соҳибкорон ҳуҷҷатҳои маҳсулот ва ҳисобу китоби арзиши аслӣ пурсида мешуд. Дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маъмулан ягон мушкилӣ пеш намеомад, аммо дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо, соҳибкор метавонист ҷарима шавад.

Дар ҳамин ҳол, давлат нархи сабтшудаи 1 кило маҳсулотро муқаррар намекард ва танҳо даромад дар сохтори нарх маҳдуд мешуд.

Пас аз 14 феврали соли 2026 амали маҳдудият ба охир расид ва акнун нархҳо мувофиқи тарзу усул ё худ қоидаҳои бозор муқаррар карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар Душанбе ин тадбирҳо ба нигаҳдории болоравии босуръати нарх кумак карданд. Фурӯшандагон метавонистанд хароҷоти худро ба инобат гиранд, лекин фоизи муқарраршудаи даромадро боло барда наметавонистанд. Ин ҷо рақобат ва пайдо шудани маҳсулоти воридотӣ низ нақши иловагӣ бозид.

Дар ҳамин ҳол, нархи 1 кг гӯшти гову гӯсфанд дар минтақаҳо беш аз аз 90 сомониро ташкил дода, дар баъзе то 120 сомонӣ мерасид. Имрӯз ҳам нархҳо дар ҳамин сатҳанд.

Чӣ гуна нарх гузошта мешавад?

Тавре ки дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ шарҳ доданд, тартиби гузоштани нархҳои озод бо қарори ҳукусати №527 аз 30 майи соли 2018 муайян шудааст. Нархи чакана аз нархи фурӯш ва иловапулии савдо ба вуҷуд меояд.

Ба сохтор арзиши харид, хароҷоти нақлиётӣ ва амалиётӣ, андоз ва даромад дохил мешаванд. Барои гӯшти маҳаллӣ хароҷот ба хӯрока, хадамоти байторӣ, фаъолияти хоҷагӣ ва пардохти маош ва ба гӯшти воридотӣ – арзиши қарордодӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон, хароҷоти интиқол, пардохтҳои гумрукӣ ва хароҷоти дохилӣ ба инобат гирифта мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, арзиши баланди гӯшти ватанӣ ба саршумори маҳдуди чорвои сергӯшт, хӯрокаи гарон, сатҳи пасти воридоти чорвои зотӣ ва норасоии мутахассисон марбут дониста мешавад.

Ғайр аз ин, қисмати назарраси чорво дар хоҷагиҳои шахсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Истеҳсоли гӯшт дар он ҷо 45-50% аз вазни зинадро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар фермаҳои саноатӣ он метавонад аз 60% зиёд бошад. Ин мустақиман ба арзиши аслӣ таъсир мерасонад.

Роҳи ҳаллу фасли масъала дар ин маврид танҳо парвариши саноатии чорво барои гӯшт буда метавонад.

Чаро дар супермркетҳо гӯшт гаронтар аст?

Дар супермаркетҳо 1 кг гӯшт аксаран зиёда аз 100 сомонӣ нарх дорад. Фурӯшандагон фарқиятро на танҳо дар иловапулии нарх, балки дар модели кор низ шарҳ доданд.

Дар онҳо хароҷот ба иҷораву таҷҳизот, коргарон ва нигаҳдорӣ баландтар аст. Гӯшт одатан бурида шуда, бастабандӣ ва тамғабандӣ шудааст. Ғайр аз ин, супермаркетҳо бо таҳвилгарони расмӣ кор мекунанд, аз назорати байторӣ мегузаранд ва хавфи аз эътибор соқит шудани маҳсулотро доранд. Ҳамаи ин омилҳо арзиши аслиро боло мебаранд.

Дар бозор хароҷот пасттар буда, гӯшт бисёр вақт мустақиман аз хоҷагиҳо ё миёнравон оварда мешавад ва бидуни бастабандии иловагӣ фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ, нарх метавонад пасттар бошад.

Асосҳо барои ҷарима

Ҷавобгарӣ зимни аз сатҳи муқарраршудаи даромаднокӣ боло бурдан (дар вақти амали чунин маҳдудият. Ҳоло амал намекунад, – Идора), истифодаи иловапулиҳои беасос, пешниҳод накардани ҳисобу китоб бо талаби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё иҷро накардани таъинотҳои он пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои ҷаримабандӣ исботи арзиши аслии воқеӣ, даромади воқеӣ ва далели боло бурдани сатҳи иҷозагардида зарур аст. Худ ба худ нархи баланд қонуншиканӣ ҳисоб намешавад.

Масалан, агар пас аз забҳ ва бо назардошти ҳамаи хароҷот 1 кг гӯшт ба соҳибкор 70 сомонӣ афтода бошад, пас зимни даромаднокии 10% нархи ҳадди ниҳоии фурӯши 1 кг гӯшт 77 сомониро ташкил медиҳад.

Дар вақти ҳисобу китоб на танҳо нархи фурӯши чорво, балки арзиши пурраи он ба назар гирифта мешавад.

Аммо фурӯшандагон мегӯянд, ки қариб ҳамаи чорворо аҳолӣ нигоҳ медорад ва зимни харид касе ҳуҷҷат пешниҳод намекунад. Аз ин рӯ, пешниҳоди ҳисоби арзиши аслӣ ба мақомоти санҷиш душвор аст.

Иқтисодчиён зикр мекунанд, ки фишори маъмурӣ ба савдогарони сабабҳои калидии болоравии нарх, аз ҷумла гароншавии хӯрока, логистика ва вобастагӣ ба воридотро бартараф намесозад.

Айни замон сатҳи ҳадди ниҳоии сабтшудаи даромад нест. Агар савдогар бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро танҳо барои гӯшти “гарон” ҷарима кардан имкон надорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Имсол дар кишвар ба муносибати Наврӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ бӣаргузор мегарданд. Аз ҷумла имрӯз дар пойтахт маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳ аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз гардид.

Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ” соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои асосии наврӯзӣ имрӯз дар шаҳри Бохтар, соати 9:00 барпо мегардад.

Дар Суғд низ чорабинии асосии Наврӯз имрӯз дар Қалъаи Хуҷанд барпо мешавад. 

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон расман ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад. Он ҷашни бостонии мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва аз қадим тоҷикон ба таври густурда аз он таҷлил мекарданд. 

Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардумони мост, ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. 

Ҷашни Наврӯз соли 2010 ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангиии ЮНЕСКО ворид шуд ва мақоми байналмилалӣ гирифт. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. 

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шумо мардуми шарифи кишвар, хонандагону ҳаводорони худ дар сар то сари оламро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик мегӯяд ва чун фалсафаи Наврӯз навшавии зиндагиву кору рӯзгор ва фикру мафкураву дидгоҳҳоро бароятон орзу мекунад.

Соли 2009 – Дар пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори «Hyatt Regency Dushanbe” ба истифода дода шуд.

Соли 2013 – Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ва ҳайатҳои илмиву фарҳангӣ аз давлатҳо ва созмонҳои дигар баргузор гардид.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон пас аз таҷдид Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Камоли Хуҷандиро ифтитоҳ кард, ки дар он ҳайкали ҳафтметраи Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.

Соли 2019 – Дар Душанбе бори аввал карнавали Наврӯз баргузор гардид, ки дар он тақрибан 30 ҳазор нафар иштирок карданд.

Соли 2021 – Шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид.

Соли 2022 – Дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин -Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов, оҳангсоз, шашмацомсаро ва навозандаи тоҷик.

Фазлиддин Шаҳобов фарзанди оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро, шогирд ва мухлиси маъруфи ашъори Бедил, Абдураҳими Хатлонӣ буд. Ӯ дар Бухоро таҳсил кардааст ва нахустин маҳорати мусиқии худро аз устодони маъруфи шаҳр омӯхт. Таҳсилоташро дар Консерваторияи давлатии Маскав ва дар шохаи дирижёрӣ ба итмом расонид.

Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун дирижёр, композитор ва таълимдиҳандаи маъруфи мусиқии классикии тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон маъруф буд.

Вай ба рушди мактаби Шашмақом дар Душанбе, таъсиси ансамбли ҳофизони мақомсароро ва сабти нотавии ин жанр саҳми назаррас гузошт. Асарҳои вокалӣ, симфонӣ ва романҳои ӯ ба мусиқии тоҷик ранги тоза бахшиданд.

Соли 2000, пас аз вафоташ, номи ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби классикии Шашмақом сабт гардид.

Соли 1914 – Мавлуди Саодат Икромӣ, китобдор, яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Саодат Икромӣ, китобдор ва яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, пас аз кӯчидан ба Душанбе ба таҳсил дар Техникуми молия шурӯъ кард.

Фаъолияти касбии Саодат Икромӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз ёфт, ки дар он ҷо ӯ чун китобдор хизмат карда, умри худро ба рушди китобхона ва маърифат бахшид.

Саодат Икромӣ ҳамсари шоири маъруф Ҷалол Икромӣ буд.

Соли 1947 – Мавлуди Сармад, шоири тоҷик.

Сармад, ки номи аслиаш Гадобой Ӯзбеков аст, баъди хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома дода, фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намудааст. Баъдан мухбир буд, ҳамзамон барои рӯзномаи “Газетаи муаллимон” шеър менавишт.

Эҷоди Сармад саршори дард ва ормонҳои замони худ буд. Китобхояш “Ашки шафак”, “Вожаҳои сияҳпӯш” ва “Хобҳои офтобӣ” пас аз маргаш нашр шуданд.

Сармад 18 октябри соли 1994 аз ҷониби афроде латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар беморхонаи Панҷакент аз олам даргузашт.

Соли 1969 – Зодрӯзи Рустами Қосим, овозхони тоҷик.

Рустами Қосим дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт ва сурудҳои халқӣ ва тӯёна иҷро мекард. Ин буд, ки халқ ӯро “Рустамча” мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомӯхт.

Ӯ 26-уми январи соли 1995 дар Душанбе ҳангоми хобаш ба қатл расонида шуд. Сабаби марг ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол маълум нест.

Соли 1991 – Мавлуди Сайёра Сафарӣ, ҳунарпешаи тоҷик.

Сайёра Сафарӣ аз ҳунарпешагони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ дар хонадони Саид Сангин, шоир ва нависанда ба дунё омада, Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини Маскавро хатм кардааст. Роҳи ӯ ба саҳнаҳои бузурги санъат ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ, замоне дар филми "Десантура" нақш офарид, боз шуд. Ӯ дар як қатор филмҳои истеҳсоли Русия нақш офарида, маъруфият низ касб кардааст.

Сайёра Сафарӣ дар синамои миллӣ низ шинохта буда, дар чандин филмҳо бозигарӣ кардааст. Охирин нақши муваффақи ӯ дар филми "Моҳӣ дар шаст"-и Муҳиддини Музаффар буд, ки аз беҳтарин филмҳои чанд соли охир дониста мешавад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1999 дар 30-юмин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО тасмим гирифта шуд, ки ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии шеър ҷашн гирифта шавад. Мақсади ин рӯз мусоидат ба рушди шеър, эҳёи суннати шеъри шифоҳӣ, таълими шеър ва барқарорсозии муколама байни шеър ва дигар навъҳои санъат гуфта мешавад.

Соли 2000 дар Конгресси Иттиҳоди байналмилалии театрҳои лӯхтак (UNIMA) пешниҳод шуд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии театрҳои лӯхтак ҷашн гирифта шавад. Ин идеяро Ҷивод Золфагарихо аз Эрон пешниҳод карда буд.

Соли 1966 Маҷмаи умумии СММ қарор қабул кард, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо нажодпарастӣ ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ба ёди куштори 69 нафар дар тазоҳуроти осоиштаи зидди режими апартеид дар шаҳри Шарпевили Африқои Ҷанубӣ дар соли 1960 пазируфта шудааст.

Соли 2005 Рӯзи байналмилалии одамони дорои синдроми Даун бори аввал ҷашн гирифта шуд. Ин сана рамзӣ буда, сабаби ин синдром мавҷудияти се нусхаи хромосомаи 21 мебошад, ки ба санаи 21-уми моҳи сеюм мувофиқ аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳи баъзан ҳолатҳо борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20 гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

0

Наврӯз, ки ин шабу рӯзҳо ба унвони як ҷашни байналмилалӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз бузургтарин ҷашнҳоест, ки ниёгони мо дар таърихи куҳани башарӣ офаридаанд.

Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардумони мост, ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. 

Наврӯз воқеан ҷашни навшавии ҳаёти табиӣ аз рӯйи гардиши нуҷумӣ аст ва баёнгари он аст, ки ниёгони мо аз оғози таърих мардумони мутамаддин ва илмдоре буданд, ки илмитарин ҷашни дунёро асос гузоштанд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шумо мардуми шарифи кишвар, хонандагону ҳаводорони худ дар сар то сари оламро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик мегӯяд ва чун фалсафаи Наврӯз навшавии зиндагиву кору рӯзгор ва фикру мафкураву дидгоҳҳоро бароятон орзу мекунад.

Бо эътиром Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026

0

Имрӯз дар Тоҷикистон иди Рамазон таҷлил мешавад. Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Фитрро ба Шумо муборакбод мегӯянд

Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар пойтахт бинои нави маҷмааи “Vefa Center” кушода шуд.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман боз кард.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки ҳамасола 20-уми март Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта шавад.

Соли 2019 – Барқарорсозии НБО “Норак” оғоз ёфт.

Соли 2020 – Ба сокинони Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар пандемия, намозҳои дастаҷамъонаро дар масҷидҳо анҷом диҳанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Файзулло Ансорӣ, шоир ва драматурги тоҷик.

 

Файзулло Ансорӣ пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг фаъолият кардааст.

Ансорӣ бо шеър ва драмаҳои манзумаш шинохта шудааст. Китоби аввалини ӯ "Калхот ва кабӯтарон" ва маҷмӯаи "Гулдастаи дӯстӣ" мавқеи ӯро дар адабиёти муосири тоҷик устувор намуданд. Драмаҳои ӯ дар рушди театри тоҷик нақши муҳим доштанд.

Файзулло Ансорӣ 28 апрели соли 1980 дар Душанбе вафот кард. Ӯ ҳамчун шоири лирик ва драматург дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.

Соли 1932 – Зодрӯзи Асадулло Сӯфизода, олим ва фолклоршинос.

Соли 1940 – Мавлуди Ҷӯрахон Обидпур, навозанда ва оҳангсози суннатии тоҷик.

 

Ҷӯрахон  Обидпур соли 1960 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1965 факултаи созҳои халқии Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ дар рушди санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони созҳои миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай зиёда аз 100 суруд, аз ҷумла сурудҳои бачагона эҷод кардааст. Ҳамчунин, муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла "Дарси рубоб" мебошад.

Соли 1941 – Зодрӯзи Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик.

 

Убайдулло Раҷабов ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик буда, яке аз бунёдгузорони театри мазҳакавӣ ва ҳаҷвии муосир дар кишвар дониста мешавад.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ оғоз карда, бо нақшҳои ҷолиб ва таҳамтанаш дар саҳна ва синамо шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ театри мазҳакавии мустақили худ бо номи “Оина”-ро таъсис дод, ки дар рушди ҳаҷви иҷтимоӣ саҳми муҳим гузошт.

Раҷабов бо иҷрои нақшҳои хотирмон, ки ҳам мардумро механдонд ва ҳам ба андеша водор мекард, дар ду низоми сиёсӣ – шӯравӣ ва истиқлолият – маҳбубияти васеъ пайдо кард. Ӯ дар бораи ҷомеа ва мушкилоти он бо ҷасорат сухан мегуфт ва тавассути санъати худ паёмҳои муҳим мерасонд.

Ин ҳунарманди пуровоза 1-уми июли соли 2021 ба синни 80 расид ва чанде баъд бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақшҳо ва фаъолияти ӯ дар таърихи театру синамои тоҷик мероси арзанда боқӣ мемонад.

Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.

Соли 1942 – Мавлуди Парвонахон Ҷамшедов, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1953 – Зодрӯзи Эшони Нуриддинҷон, воъиз, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода.

Соли 1958 – Мавлуди Ҷумъа Қуддус, нависанда, драматург ва тарҷумони тоҷик.

 

Ӯ соли 1979 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла матбуот, телевизион ва театр фаъолият кардааст.

Муаллифи зиёда аз сад асари саҳнавӣ ва китобҳои гуногун, аз ҷумла "Кори нотамом" (1982), "Мардҳо намегирянд" (1991), "Воқеа, вақт, одамон" (1997), "Роҳи наҷот" (2003) мебошад. Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо Муҳаммадкарими Карим романҳои таърихии "Ҳасрати Зардушт" ва "Биҳишти гумшуда"-ро иншо кардааст.

Намоишномаҳояш борҳо дар озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоиза гардидаанд. Илова бар ин, силсилафилми машҳури "Ширин" ба қалами ӯ тааллуқ дошта, аз машҳуртарин филмҳои тоҷикии аввали солҳои 2000-ум маҳсуб мешавад.

Соли гузашта "Азия-Плюс" ба ифтихори 66-солагии Ҷумъа Қуддус оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ӯ мусоҳиба анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.

Соли 1958 – Зодрӯзи Зайд Саидов, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик.

 

Зайд Саидов соҳибкори маъруф ва сиёсатмадори тоҷик мебошад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1976 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ ва тахассуси банақшагирии саноат хатм намуд.

Дар давоми солҳои 1992–1997 Зайд Саидов дар фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва баъдан ба хизмати давлатӣ гузашт. Ӯ аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.

Ӯ дар моҳи апрели соли 2013 эълон кард, ки ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" таъсис медиҳад, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ тамаркуз дошт. Пас аз ин, ӯ бо фишорҳо рӯбарӯ шуд ва дар моҳи майи ҳамон сол боздошт гардид.

Дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳомоти қаллобӣ, бисёрзанӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан, бо иловаи иттиҳомоти дигар, муҳлати зиндони ӯ ба 29 сол расид.

Соли 1989 – Мавлуди Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони шинохтаи тоҷик.

 

Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.

Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.

Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Дар бораи фаъолияти ин ҳунраманди ғурамарг, ки маргаш "ба мотами миллӣ бадал шуду тоҷикон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сӯги ӯ ба паҳнаи рухсор мегиристанд", дар ин мавод хонед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ин рӯзро соли 2012 бо мақсади эътирофи аҳамияти хушбахтӣ дар зиндагии ҳар як инсон ва дастгирии андешае, ки талош барои хушбахтӣ эҳсоси умумии тамоми мардуми сайёра аст, эълон кардааст.

 

Рӯзи 20-уми март бо ташаббуси СММ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Дар тақвими ҷашнҳои байналмилалӣ ду Рӯзи Замин мавҷуд аст: яке, ки бо Рӯзи баробаршавии баҳорӣ (эътидоли баҳорӣ) 20-уми март рост меояд ва дигаре 22-юми апрел. Аввалӣ хусусияти сулҳпарварӣ ва башардӯстона дорад, дувумӣ –хусуситяи экологӣ.

 

Аз соли 2010 инҷониб 20 март ҳамчун Рӯзи забони фаронсавӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо Рӯзи байналмилалии Франкофония рост меояд. Франкофония созмони байналмилалии ҳамкории кишварҳои фаронсавизабон буда, 88 узвро дар бар мегирад. Забони фаронсавӣ яке аз шаш забони расмии СММ мебошад ва онро тақрибан 320 миллион нафар дар саросари ҷаҳон истифода мебаранд.

 

Имрӯз инчунин Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт аст. Аз соли 1985 инҷониб дар бисёр кишварҳо 20 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мағозаҳо ва тарабхонаҳо аз фурӯши гӯшт худдорӣ мекунанд ва фаъолон тарзи ҳаёти гиёҳхӯриро тарғиб мекунанд.

 

Ҳар сол 20 март бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии стоматология (FDI) дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии саломатии даҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадафи ин рӯз ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҷаҳонии марбут ба саломатии даҳон, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ, муайянсозии барвақт ва табобати бемориҳои даҳон, инчунин омилҳои хавфноке мебошад, ки боиси рушди онҳо мегарданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи  кӯҳӣ  баъзан борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда рӯзонаи ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 1+3º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

0

Ҳамватанони гиромӣ, хонандагону корбарони гиромиву гаронмояи "Азия-Плюс"!

Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Рамазонро ба Шумо муборакбод мегӯянд

Моҳи Рамазон, ки як моҳи имтиҳону риёзати имону тақвои бандагон дар баробари Худованди боргоҳи саодат ва манбаи қудрат аст, бо хубиву хушӣ сипарӣ шуд. Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!

Мо барои якояки Шумо ва хонаводаҳои муҳтарами Шумо ин иди бузургро муборакбод мегӯем ва орзуи муваффақияту сарбаландии Шуморо дорем!

Бо эҳтиром Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон

0

Сокиноне, ки ин шабу рӯз аз Душанбе ба Кӯлобу Фархору Бохтар ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон сафар мекунанд, аз гарон шудани қимати роҳкиро дар арафи иди Рамазон шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 70-80 сомонӣ аз Душанбе ба Кӯлоб раванд, ҳоло роҳкиро дар ин масир то 130-150 сомонӣ расидааст.

Мусофирон ин афзоишро ба иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз рабт дода, мегӯянд, ронандаҳо ба таври сунъӣ нархро гарон мекунанд, вале ронандаҳо баҳона пеш меоранд, ки аз он тараф мусофир нест, ба ин хотир нархро баланд кардаанд.

Шаҳрвандон ба ин иддаои ронандагон бовар надоранд ва мегӯянд, он баҳонае беш нест ва ҳар сол дар арафаи иду ҷашнҳо ронандагон нархи роҳкироро гарон мекунанд. Онҳо мегӯянд, бояд мақомоти дахлдор ин масъаларо санҷида, назорат кунанд.

Мусофироне, ки ба ҷануби кишвар сафар доранд, мегӯянд ду рӯзи охир роҳкиро аз Душанбе ба Кӯлоб аз 150 то 200 сомонӣ, ба Фархор аз 130 то 150 сомонӣ, ба Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 120 то 150 сомонӣ, ба Восеъ то 150 сомонӣ, ба Бохтар то 80-90 сомонӣ гарон шудааст.

Гузориши моро дар инҷо тамошо кунед:

Роҳкиро ба ҳамаи минтақаҳо гарон шудааст. Сокинон ронандагонро ба беинсофӣ ва худсарона боло бурдани роҳкиро муттаҳам мекунанд. Ронандагон бошад, арзиши маводи сӯхту вазъи роҳ ва бидуни мусофир баргаштан аз дигар самтро баҳона мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бозор озод аст ва мақомот наметавонад роҳкироро танзим кунад.

Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот

0

Бо ворид шудан ба рӯзи 20-уми ҷанг дар Эрон, ин кишвар кушта шудани вазири иттилоот (истихборот)-и худро тасдиқ кард. Сипоҳи посдорон дар посух ба ҳамлаи Исроил ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, шаби гузашта чанд пойгоҳи нафту газ дар кишварҳои Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Мттаҳидаи Арабиро ҳадаф дод ва Амрикову Исроил бори аввал ба шимоли Эрон ҳамла кардаанд.

 

Ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва вокуниши Пизишкиёну Трамп

Шаби гузашта, пас аз ҳамла ба таъсисоти нафти Порси Ҷанубӣ, Сипоҳи посдорони Эрон дар як баёнияи фаврӣ ба Қатар, Арабистон ва Иморот ҳушдор дод, ки сокинони наздик ба таъсисоти нафту гази худро тахлия кунанд.

Пеш аз ин, Сипоҳ гуфта буд, ки агар Амрикову Исроил ба таъсисоти нафтӣ, энержӣ ва иқтисодии Эрон ҳамла кунанд, “тамоми таъсисоти нафтӣ ва энержии минтақа, ки бо саҳмияи амрикоиҳо фаъолият мекунанд, ҳадафи онҳо хоҳад буд”.

 

Дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба таъсисоти нафтии ин кишварҳои Халиҷи Форс, Қатар эълон кард, ки корхонаи асосии гази ин кишвар – “Рас Лаффон” дар пайи ин ҳамлаҳо “хисороти густарда” дида, фаъолияти он қатъ шудааст.

Ҳукумати ин кишвар, ҳамла ба таъсисоти газашро маҳкум кардааст ва дар ҷавоб кормандони бахши низомӣ ва амниятии Сафорати Эрон дар Давҳаро аз кишвараш ихроҷ кардааст.

Эрон дар бораи ҳамлаи шаби гузаштааш ба таъсисоти нафтии Арабистон ва Иморот иттилоъе надодааст. Ин ду кишвар ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп пас аз ҳамлаи рӯзи гузашта ба таъсисоти нафтии Порси Ҷанубӣ ва Асалуя гуфтааст, ки “Амрико аз ин ҳамла хабар надошт” ва Қатар низ аз ин ҳодиса огоҳ набуд.

Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, дигар Исроил ба Порси Ҷанубӣ ҳамла нахоҳад кард, агар Эрон дигар ба таъсисоти гази Қатар ҳамла накунад.

Масъуд Пизишкиён ҳамла ба таъсисоти нафтӣ ва энержии Эронро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки ҳамла ба чунин зерсохтҳо “шароитро печидатар карда ва метавонад, паёмадҳои хориҷ аз идора ба дунбол дошта бошад, ки домаи он ҳамаи ҷаҳонро даргир мекунад”.

Сипоҳи посдорони Эрон низ ҳушдор додааст, ки агар дубора ба таъсисоти нафтии Эрон ҳамла шавад, нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ посухи аз ин сахтаре хоҳад дод.

Пас аз ин изҳоротҳо, рӯзи 19-уми март Қатар хабар дод, ки дубора таъсисоти гази “Рас Лаффон” мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст. Ин ҳамла боиси сухтор ва хисороти бузург шудааст.

Ба ҷуз ин, ба як ширкати нафти вобаста ба “Саудӣ Арамко”-и Арабистон ва як ширкати амрикоӣ дар соҳили Баҳри Сурх низ ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳодисаҳо ҳоло маълум нест.

Дар пайи танишҳои ахир, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба 114 доллар барои як баррел афзоиш ёфт.

 

Эрон кушта шудани Исмоил Хатибро тасдиқ кард

Ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии ҷонибҳо дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон тасдиқ кард, ки Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот) дар пайи ҳамлаҳои шаби  17 ба 18-уми марти Исроил ба Теҳрон кушта шуд.

Исмоил Хатиб баландтарин мақоми амниятии Эрон буд ва дар роҳбарии сохторҳои иктишофӣ ва зиддиҷосусии ин кишвар нақши муҳим мебозид.

 

Ӯ пас аз Азиз Носирзода, вазири дифои Эрон дуввумин вазири Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки дар ҳамлаҳои ахири Амрикову Исроил кушта мешавад.

Исмоил Хатиб дар замони раёсатҷумҳурии Иброҳим Раисӣ моҳи августи соли 2021 ба мақоми вазири иттилооти Эрон интихоб шуд ва ин мақомро дар давраи раисҷумҳурии Масъуд Пизишкиён низ нигоҳ дошт. Номбурда 65 сол дошт.

Зимнан, Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон дар ду номаи ҷудогона кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони Басиҷро таслият гуфтааст.

 

Аввалин ҳамла ба шимоли Эрон

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ба чанд шаҳр ва як бандар дар вилояти Гелони Эрон ҳамла шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест, вале ин аввалин ҳамлаи Амрикову Исроил ба шимоли Эрон аз оғози даргирӣ бо ин кишвар аст.

Ҳамчунин, хабаргузории “Форс” шаби гузашта навист, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба минтақаи маскуние дар Теҳрон як кӯдаки 3-моҳа кушта шудааст. Раиси низоми пизишкии Эрон гуфтааст, ки дар давоми ҳамлаҳо 20 беморхона осеб дида, беморхонаи “Гандӣ”-и Теҳрон пурра аз кор мондааст.

 

Сипоҳи посдорони Эрон низ, шаби гузашта ва субҳи 19-уми март аз ҳамлаҳои ҷадид ва муштарак бо “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил хабар додааст.

“BBC” гузориш медиҳад, ки мушакҳо ба як минтақае дар Тел-Авив осеб расондааст. Ҳамчунин, дар зарбаҳои рӯзи 18-уми марти Эрон ба фурудгоҳи Бен-Гуриони Тел-Авив се ҳавопаймо осеб дидааст.

 

“Пешниҳоди Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Амрико метавонист аз ҷанг пешгирӣ кунад”

Дар ҳоле, ки ҷанг дар Эрон ва таниш дар минтақаи Ховари Миёна авҷ мегирад, гуфтугузорҳо дар бораи пешгирии он зиёд мешавад. Аз ҷумла, рӯзномаи бритониёии “Гардиан” аз қавли мушовири амнияти миллии Бритониё менависад,  ки “пешниҳодҳои Эрон дар даври охири музокироти ҳастаӣ ба қадре қобили таваҷҷӯҳ буд, ки метавонист аз сар задани ҷанг пешгирӣ кунад”.

Ҷонатан Пауэлл, ки дар ду даври охири музокироти ҳастаии Эрон ва Амрико дар Женева иштирок доштааст, изҳор доштааст, пешниҳодҳое, ки музокиракунандагони эронӣ рӯии миз гузошта буданд, барои ӯ ва ҳамроҳонаш “ғофилгиркунанда” буд.

Даври охири музокироти ҳастаии Эрон бо Амрико 26-уми феврал дар Женева баргузор шуд. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз поёни он гуфта буд, ки “пешрафтҳои хуб” ҳосил шуд. Пас аз ду рӯзи ин давр, 28-уми феврал Амрикову Исроил ба Эрон ҳамла карданд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзномаи "Вашингтон Пост" менависад, ки Вазорати ҷанги Амрико аз Кохи Сафед хостааст, ки барои маблағгузории ҷанги Эрон беш аз 200 миллиард доллар ҷудо кунад. Тибқи гузориш, ин рақам, аз хароҷоти кунунии маъмурияти Доналд Трамп барои ҷанг дар Эрон хеле бештар аст ва барои истеҳсоли фаврии силоҳҳое, ки дар ҷанг истифода шуд, масраф мешавад.

 

Дар вокуниш ба ин хабар, Аббос Ароқчӣ дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, "шаҳрвандони одии Амрико бояд Бинямин Натаняҳу ва ҳамроҳонаш дар Кунгураро ба хотири "молиёти исроилмеҳвар"-и трилион долларӣ, ки дар остонаи таҳмил ба иқтисоди Иёлоти Муттаҳида аст, масъул донанд".

 

Таниш дар Ховари Миёна

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил алаҳайи Эрон, вазъ дар Ховари Миёна низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, танҳо дар ду рӯзи ахири ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон 45 нафар кушта шудааст.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” навиштааст, ки то 18-уми март теъдоди қурбониён дар Лубнон ба 912 тан расида, беш аз 2,2 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ ва ҳамзамон беш аз як миллион сокини дигар овора шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ гуфтааст, ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдодро қатъ мекунад, агар Исроил зарба зада ба ҷануби Лубнон ва ҳадаф қарор додани минтақаҳои маскунӣ дар Ироқро хотима бахшад.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба як пойгоҳи низомии Ироқ як нафар кушта шуда, 2 тани дигар захмӣ гаштааст.

Арабистони Саудӣ иттилоъ додааст, ки дар пайи суқути мушак ва паҳподҳое, ки раҳгирӣ кардааст, 4 нафар захмӣ шудааст. Ҷузъиёти ин ҳамла маълум нест.

Кувайт низ мегӯяд паҳпод ва мушакҳое, ки аз сӯи Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Зимнан, дар тангаи Ҳурмуз як нафткаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Аз куҷо ҳадаф қарор гирифтани ин нафткаш маълум нест.

Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ, нови ҳавопаймобари “Ҷералд Форд”, ки бузургтарин нови ҳавопаймобари ҷаҳон мебошад ва барои истифода дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар Ховари Миёна қарор дошт, барои таъмир аз минтақа берун ва ба як пойгоҳи дарёии Юнон бурда мешавад. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?

0

“Тоҷикфилм” пойгоҳи нави миллии синамоии “Тоҷикфилм ТВ” (tojikfilm.tv)-ро барои ҳаводорони синамо таъсис дод, ки аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Акнун дар ин пойгоҳ метавон филмҳои миллиро дар жанрҳои гуногун – бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ тамошо кард.

Аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин пойгоҳ моҳе қабл пешкаши корбарон шуд ва ҳоло дар марҳилаи санҷишӣ буда, тамошои филмҳо то охири моҳи март ройгон аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ин пойгоҳ беш аз 100 филми миллӣ барои тамошо ба таври ройгон дастрас аст.

“Дар марҳилаи санҷишӣ танҳо дар ҳаҷми 250 Гигабайт филмҳо ба пойгоҳ ворид карда шудаанд ва марҳила ба марҳила филмҳои дигар низ дар он ҷойгир карда мешаванд”, – афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки аз моҳи июл тамошои филмҳо дар tojikfilm.tv пулакӣ мешавад, вале аз “Тоҷикфилм” арзиши обунаро нагуфтанд. Зеро ба қавли манбаъ, ҳоло ин меъёр дақиқ нест. Танҳо гуфтанд, метавон дар ин пойгоҳ ҳам моҳона ва ҳам ҳаррӯза, яъне барои як рӯз обуна шуда, маблағи муайянро пардохт кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Ховар” аз қавли роҳбари “Тоҷикфилм” менависад, дар мувофиқа бо Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон арзиши истифодаи пойгоҳ дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз “Тоҷикфилм” ба мо гуфтанд, ҳоло танҳо филмҳои синамои миллӣ дар tojikfilm.tv ҷойгир буда, дар оянда ҳар филме, ки иҷозаи нашр дорад, аз ҷумла филмҳои хориҷӣ ба он ворид ва барои тамошо пешниҳод мешаванд.

Кадом филмҳоро метавон тамошо кард?

Мо ба ин пойгоҳ ворид шуда, бо филмҳое, ки ҳоло дастраси тамошо мебошанд, шинос шудем.

Дар tojikfilm.tv  дар бахшҳои гуногун беш аз 100 филм пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар бахши филмҳои классикӣ шуруъ аз “Қисмати шоир”, “Достони Сиёвуш”, “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Марги судхӯр” то “Ашк ва шамшер”, “Зумрад”, “Дарди ишқ”, “Ҷӯра-саркор”-ро метавон пайдо кард.

 

Дар бахши филмҳои муосир бошад, аз филми “Хоби сурх”, ки соле пеш сабт ва рӯнамоӣ шуд, то “Автобус”, “Роҳ”, “Муҷассамаи ишқ”, “Бачаи обӣ”, “Дар талоши ҳақиқат” ва дигар филмҳоеро, ки дар ҳзамони истиқлол офарида шудаанд, тамошо кард.

Дар бахши филмҳои мустанад аз ҳаёт ва рӯзгори шахсиятҳои намоёни кишвар, аз ҷумла Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикисон филмҳои ҳуҷҷатӣ мавҷуданд. Ҳамчунин дар ин бахш дар бораи баъзе ҷашну арзишҳои миллӣ ва маконҳои таърихиву сайёҳӣ  фимлҳои мустанад ҷойгир шудаанд.

Дар бахши филмҳои тасвирӣ теъдоди филмҳо зиёд нестанд, вале масъулин мегӯянд, марҳила ба марҳила филмҳо дар ҳамаи бахшҳо илова мешаванд.

Бояд гуфт, аксари ҳаводорони синамои миллӣ дар кишвар барои пайдо кардани филмҳо дар манбаъҳои озод бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Зеро аксари онҳо то имрӯз дастраси умум нестанд.

Баъзе саҳифаҳо “YouTube” як қатор филмҳоро нашр кардаанд, вале боз ҳам ниҳоӣ набуда, аксар филмҳоро пайдо кардан имкон надорад.

“Тоҷикфилм” бо роҳандозии пойгоҳи нави рақамии tojikfilm.tv талош дорад ин мушкилро бартараф созад.

Чаро филмҳои тоҷикӣ дастрасии умум нестанд ва аз куҷо метавон кинои тоҷикӣ тамошо кард? Чанде пеш мо дар ин бора матлаб омода карда будем, ки дар ин пайванд мутолиа кунед.