Home Blog Page 5089

«Тоҷиксодиротбонк» ба низоми муттаҳидаи ҳисоббаробаркунии «ОРС» васл гардид

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба низоми муттаҳидаи ҳисоббаробаркунии «ОРС» (низоми муттаҳидаи ҳисоббаробаркунӣ) васл гардид.




Чӣ тавре ки аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, васлшавии бонк ба ин низом ба дорандагони кортҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» имкон медиҳад, ки аз кортҳои худ бо пардохти ҳадди аққал аз маблағи умумӣ – 1 дарсад аз банкоматҳо ва терминалҳои бонкҳои узви ОРС истифода баранд.



Зикр гардид, ки зерсохтори низоми бонкии кишварҳои узви ОРС, ки бо нишони тиҷоратии ягона муттаҳид шудаанд, аз ҳудуди 5 ҳазор адад банкомат иборат буда, мақеи ҷуғрофии ҷойгиршавии он аз Белорус то Камчатка аст. «Ғайр аз ин, ба зерсохтори низом ҳамчунин садҳо дафтарҳои кории бонкҳои узв низ дохил мешаванд, ки барои хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои бонкӣ пешбинӣ шудаанд», – афзуд манбаъ.


Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик»: Мо касонеро, ки аз истифодаи лампаи каммасрафи барқӣ даст мекашанд, ҷазо дода наметавонем

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Нурмаҳмад Холназаров мӯътақид аст, ки шаҳрвандоне, ки аз истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ даст мекашанд, ба худ зиён мерасонанд, зеро лозим меояд барои истифодаи барқ маблағи зиёд пардохт намоянд.




Чанде қабл дар нишасти хабарӣ номбурда изҳор дошт, ки ширкат чунин ваколатеро доро нест, ки шахсони аз истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ дасткашидаро ҷазо диҳад. «Мо танҳо ба худи шаҳрвандон ва ҳисси дарки масъулияти онҳо такя хоҳем кард», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти ширкат, феълан қарзи умумии истифодабарандгон дар назди ширкат 308 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки бештари он ба вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (93,1 млн. сомонӣ) ва КВД «Талко» (ҳудуди 90 млн. сомонӣ) тааллуқ дорад. Қарзи аҳолӣ 71,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.


Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки толибилмон дар идоракунии донишгоҳ» ба кор шурӯъ кард

0

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Тоҷикистон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки

толибилмон

дар идоракунии донишгоҳ» баргузор мегардад.





Конфронс ба

толибилмони



мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад малакаи худро дар кори илмию тадқиқотӣ

 

дар соҳаи идоракунии соҳаи маориф инкишоф диҳанд.






            

Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» Зарина Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар конфронс 20 маърўзаи донишҷўён аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар озмуни моҳи марти соли 2009 гузарондаи Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Тоҷикистон ғолиб баромадаанд, шунида мешаванд.




            

Ба гуфтаи ӯ, толибилмон дар маърўзаҳои худ: «Нақши донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ», «Худидоракунии донишҷўён: воқеият ё устура», «Иттиҳодияҳои донишҷўён чун омили ҷалб намудани хонандагон дар раванди қабули қарорҳо» масъалаҳои иштироки донишҷўёнро дар риштаҳои гуногуни ҳаёти мактабҳои олӣ баррасӣ хоҳанд кард.



З.Қодирова афзуд, ҳайати ҳакамони мустақил, ки аз намояндагони макотиби олӣ иборат мебошад, маърўзаҳои муҳаққиқони ҷавонро арзёбӣ менамояд ва 3 маърўзаи беҳтаринро бо мукофотҳои махсус –

компютерҳо




 

сарфароз мегардонад.


ТАЛКО аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашиданист, вале ҳукумат муқобили он аст

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҳукумат пешниҳод сохт, ки тарзи фаъолияти корхонаро тағйир доданист ва ният дорад, аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашад, аммо ҳукумат муқобили он аст», – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр.





           

Муовини аввали вазир гуфт, дар сурати даст кашидан аз низоми мазкур, ҳаҷми воридоти гилхок коҳиш ёфта, истеҳсоли алюминии аввалия метавонад то 260-300 ҳазор тонна поин равад. «Чун истеҳсоли алюминий 3,8 дарсади ММД ва 38-40 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад, ҳукумат ин пешниҳодро пазируфта наметавонад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Ашӯр, ҳукумат дар андешаи бознигарии тарофаҳои интиқоли гилхок ва ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли моддаҳои дар таркиби гилхок мавҷудбуда машғул аст. «Мо дар водиҳои Рашту Ҳисор ва Зарафшон беш аз 100 ҳазор тонна захираҳои гилхок дорем», – бо боварӣ мегӯяд ӯ.




           

Амонулло Ашӯр таъкид сохт, ки мебояд сари масъалаи таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ашёи хоми алюминий чораҳои ҷиддӣ андешид, зеро дар кишвар аз маҳсулоти алюминий беш аз 13 корхона истифода мебаранд ва феълан бар асари камбуди ашё корхонаҳои «Регаркабел», Тоҷиккабел», «Чароғ» ва ҳудуди 5 корхона дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.




           

Муовини аввали вазир афзуд, рӯзҳои наздик вазорат ҷиҳати дастгирӣ аз мавқеихуд ба ҳукумати кишвар пешниҳодот ирсол хоҳад дошт.


Эмомалӣ Раҳмон ба Алмаато рафт

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии навбатии сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба шаҳри Алмаато раҳсипор гардид.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зикиров ҳамроҳӣ мекунанд.




           

Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқот баррасии масоили марбут ба фаъолияти бунёд, ташкили ҳайати нави мақомоти оинномавӣ, таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва кишварҳои мададрасон дар назар аст.




           

Тирамоҳи соли гузашта тибқи қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёд, Қазоқистон дар давоми солҳои 2009-2011 раиси Бунёд интихоб гардид. Моҳи декабри соли гузашта бошад, дар бораи ба Бунёд додани мақоми нозир дар Маҷмаи Кулли СММ аз ҷониби маҷмаъ қатънома қабул карда шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки Бунёди байнулмилалии баҳри Арал соли 1993 баҳри бартараф сохтани бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.


ДДТТ дар соли нави хониш коршиносони хориҷиро ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб месозад

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов изҳор дошт, ки донишгоҳ дар соли нави хониш коршиносони хориҷиро ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб месозад.





           

Ба гуфтаи ӯ, иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани рейтинги дорнишгоҳ дар сатҳи байнулмилалӣ равона шудааст. «Дар аксари мавридҳо ба рейтинги макотиби олӣ аз рӯи то кадом андоза ба раванди таълим ҷалб кардани коршиносони хориҷӣ ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар он баҳо дода мешавад», – гуфт ӯ.




           

Ректори донишгоҳ афзуд, феълан дар донишгоҳ 459 донишҷӯ аз мамолики хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ 4 факулта – тиббӣ, дорусозӣ, дандонпизишкӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ амал мекунад.


«Барқи тоҷик»: Масъалаи пардохти қарз ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мавриди ҳаллу фасл қарор дорад

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сардори раёсати банақшагирии ширкати «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳимов изҳор дошт, ки масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.





           

Ба гуфтаи ӯ, гап сари он аст, ки маълумот оид ба ҳаҷми маблағи қарз дар ҳарду ҷониб як хел нест. «Тибқи маълумоти мо, қарз 30 млн. сомонӣ, вале аз нерӯгоҳ маълумот пешниҳод карданд, ки он 50 млн. сомонӣ аст», – гуфт ӯ.




           

С.Раҳимов мегӯяд, гуногун будани маълумот оид ба ҳаҷми қарз дар натиҷаи он пайдо шудааст, ки нерӯгоҳ мустақилона ва бидуни мувофиқасозӣ бо ширкат аз 1-уми январи соли ҷорӣ тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро ҷорӣ сохтааст, ки он ба 3,1 сент барои 1 кВт/соат баробар аст. «Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» ба суратҳисоби нерӯгоҳ беш аз 38 млн. сомонӣ маблағ гузаронид», – афзуд ӯ.


Дорусозони ояндаи тоҷик аз ҳамтоҳои эронии худ таҷриба меомӯзанд

0



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон гурӯҳи донишҷӯёни факултаи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷриба меомӯзанд.





           

Тавре декани факултаи мазкури донишгоҳ Матлуба Ҳақназарова ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар муддати беш аз ду ҳафта 10 нафар донишҷӯи факултаи дорусозии донишгоҳ бо фаъолияти ширкатҳои дорусозии Эрон ва технологияи муосири мавриди истифода қарордодаи онҳо ҳангоми тайёр кардани доруҳои тиббӣ аз наздик ошно мегарданд.




           

Ба қавли М.Ҳақназарова, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар бо Эрон ва кӯшишоти мақомоти раҳбарии донишгоҳ имконпазир гардид.


Дар Суғд баъди таваққуфи сесола корхонаи истеҳсоли шими ҷинси «Сано» дубора ба фаъолият шурӯъ кард

0



           

Хуҷанд. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд баъди таваққуфи сесола корхонаи истеҳсоли шими ҷинси «Сано» дубора ба фаъолият шурӯъ кард.





           

Тавре сардори шӯъбаи истеҳсолоти корхона Далер Боев дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ба туфайли фармоиши корхонаи «Швейпром»-и Русия муяссар шудааст, ки корхона аз нав ба фаъолият пардозад. «Тибқи ин фармоиш, корхона то ахири сол бо кор таъмин хоҳад буд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли Д.Боев, феълан дар корхона 50 нафар машғули кор буда, тадриҷан бо ба кор даровардани хатҳои дигари истеҳсолӣ шумори онҳо бештар хоҳад шуд. «То моҳи оянда боз 50 нафари дигар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд вай.


Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 60 масъала баррасӣ шуд

0


Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомал


ӣ


Раҳмон ма


ҷ


лиси навбатии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

баргузор гашт, ки дар он наздики 60 масъала баррас


ӣ


шуд.




Дар ма


ҷ


лиси навбатии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон нахуст масъалаи кадрҳо баррас


ӣ


шуд.



Сарвари давлат нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо таъиншударо ба кори садоқатмандонаю софдилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.



Сипас масъалаи омодасозии саривақтии соҳаҳои иқтисодиёту и


ҷ


тимоиёти кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 баррас


ӣ


гардид.



Президенти мамлакат ба роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баҳри аз ҳозир оғоз намудани омодаг


ӣ


ба зимистон, аз


ҷ


умла омодасозии марказҳои барқу гармидиҳ


ӣ


, дегхонаҳо ва шабакаҳои таъминоти барқ, гази таби


ӣ


, гарм


ӣ


ва оби гарм,

 

тезондани сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои хурди об


ӣ


, кам кардани талафоти барқу газ, ба фур


ӯ


зандаҳои каммасраф гузаштан дар саросари қаламрави мамлакат, афзоиш додани захираи озуқавор


ӣ


ва маводи с


ӯ


хт, аз қабили ангишт, гази моеъ ва мазут ва ҳамчунин бо истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва дигар имконоти мав


ҷ


уда афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварз


ӣ


супоришҳои қатъ


ӣ


дод. Доир ба масъалаи омодаг


ӣ


ба зимистон нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати ситоди


ҷ


умҳурияв


ӣ


тасдиқ карда шуд.



Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкаши Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шуд, ки дар нати


ҷ


аи татбиқи босамари он обтаъминкунии 360 ҳазор гектар заминҳои корам ба талаботи р


ӯ


з


ҷ


авобг


ӯ


мегардад. Ин шумора 48,5% ҳамаи заминҳои бо пойгоҳҳои обкаш


ӣ


обёришавандаро ташкил медиҳад.



Ҳамчунин Низомнома оид ба тартиб ва м


ӯ


ҳлати (давомнокии) батаъхиргузории


ӯ


ҳдадориҳои андоз тасдиқ гардид.



Оид ба рафти и


ҷ


рои Қонуни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи маориф» ҳисоботи Вазири маорифи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Абду


ҷ


аббор Раҳмонов шунида шуд.



Бо қаноатманд


ӣ


зикр гардид, ки солҳои охир маблағгузор


ӣ


ба соҳаи маориф ва ғамхор


ӣ


ба кормандони соҳа хеле афзун шудааст ва дар нати


ҷ


а дар ду соли охир норасоии муаллимон аз 8881 нафар ба 2969 кас расонда шуд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муссисаҳои таълим


ӣ


, аз хонаҳои шахс


ӣ


ва вагонҳо баровардани баъзе мактабҳои

 

хурд ва умуман босамар амал


ӣ


намудани ислоҳоти соҳаи маориф ба масъулини соҳа супоришҳои қатъ


ӣ


дод.



Лоиҳаҳои як қатор санадҳои қонунгузор


ӣ



 

оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи фаъолияти оператив


ӣ





ҷ


усту


ҷ


ӯӣ


», «Дар бораи бу


ҷ


ети давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои соли 2009», «Дар бораи фарҳанг» ва «Дар бораи


ҷ


амъиятҳои саҳом


ӣ


» пешниҳод карда шуд.



Ҳамчунин хулосаи Ҳукумати мамлакат

 

ба лоиҳаи Қонуни конститутсион


ӣ



 

«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсион


ӣ


«Дар бораи суди конститутсионии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» ва як зумра хулосаҳои дигари Ҳукумат ба лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ва «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳу


ҷ


раг


ӣ


ва ширкати (рафоқати) соҳибмулкони манзил» маъқул дониста шуданд.



Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои солҳои 2009-2016, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии рушди маорифи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои солҳои 2010-2015, Барномаи рушди соҳаи заргар


ӣ


ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороиш


ӣ


барои солҳои 2009-2015, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Шаҳринав ва Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухм


ӣ



 

тасдиқ карда шуданд.



Дар мавриди Барномаи рушди соҳаи заргар


ӣ


ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороиш


ӣ


барои солҳои 2009-2015 таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи ин барнома 10 корхонаи нави ин соҳа бунёд меёбад. Айни ҳол дар мамлакат 5 – то чунин корхона фаъолият мекунад. Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон дастур дод, ки баҳри риво


ҷ


у равнақ додани ин соҳа ва ҳар чи бештар омода намудани кадрҳо ва муҳайёсозии


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


аз тамоми имкону захираҳо фаровон истифода бурда шавад.



Бо назардошти супоришу пешниҳодҳои иловагии

 

Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

тасдиқ гардид.



Донишкадаи Исломии То


ҷ


икистон бо номи Имоми Аъзам Аб


ӯ


ҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишкадаи давлатии забонҳои То


ҷ


икистон бо номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии К


ӯ


лоб бо номи Аб


ӯ


абдулло Р


ӯ


дак


ӣ


ва Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маориф Академияи таҳсилоти То


ҷ


икистон номгузор


ӣ


карда шуданд.



Дар фароварди ма


ҷ


лис сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон бори дигар

 

гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафро қотеъона талаб намуда, ҳамчунин оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандаг


ӣ


ба роҳбарони тамоми сохторҳо дастуру ҳидоятҳо дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.