Home Blog Page 5092

«Корвони ваҳдат» ба Кӯлоб ворид гардид

0



           

Кӯлоб. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Корвони ваҳдат» бо мақсади таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, ки солҳои ахир ба ҳукми анъана даромадааст, вориди Кӯлоб шуд.





           

Чӣ тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Ҳокиятмоҳ Ҳакимова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод,ҳайати корвон бо шумули профессор Отахон Сайфуллоев, адибону шоирон Абдулҳамид Самадов, Мирзо Файзалӣ, Ҳақназар Ғоиб ва Хосият Вализода дар донишгоҳи Кӯлоб ва ҷамоати Даҳана бо донишҷӯёну аҳолии маҳаллӣ мулоқот ороста, ба ҳозирин тамоми роҳи тайкардаи кишвар то расидан ба истиқлоли миллиро бо мисолҳои мушаххас ва образҳои бадеӣ шарҳ доданд.




           

Ҳ.Ҳакимова гуфт, аҳли мулоқот ба назари шоирону адибон оид ба мушкилоти мавҷуда таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ба суолоти хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. «Корвони ваҳдат» сафари худро аз ноҳияи Бохтар оғоз намуда, пас аз шаҳри Кӯлоб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегардад ва сипас аз минтақаи кӯҳистон озими вилояти Суғд хоҳад шуд», – афзуд муовини раиси вилояти Хатлон.


Зарари расонидаи «Тоҷиктелеком» ба давлат 770 ҳазор $ арзёбӣ мешавад

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Зарари расонидаи оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» ба давлат дар натиҷаи истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ҳудуди 3 млн. сомонӣ ё қариб 770 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода.




Ба гуфтаи ӯ, аз ин миқдор то имрӯз аллакай 60 дарсадаш ба буҷаи ҷумҳурӣ бозпас гардонида шуда, қисмате аз онро чанде аз кормандон ғайриқонунӣ ба харидории манзили зист масраф сохтаанд. «Маблағи умумии масрафгардида ба харидории амволи ғайриманқул ба 640 ҳазор сомонӣ баробар аст», – зикр намуд ӯ ва афзуд, ки ҳамчунин «Тоҷиктелеком» воситаҳои нақлиёти қаблан истифодашударо бо арзиши ниҳоят гарон харидорӣ кардааст.


Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ҳисоботи аудити Бонки миллиро дақиқан мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки ҳисоботи аудити Бонки Миллии Тоҷикистон то ҳол расман ба агентӣ ворид нагардидааст, вале натиҷагириҳои аудиторон ҳанӯз маънои онро надорад, ки бояд аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.




«Мо бояд маводи таҳиянамудаи аудитро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, ояндаи наздик санҷиши мустақилонаи худро доир созем», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки тибқи натиҷаҳои аудити баргузорнамуда аз ҷониби ширкати аудитории мустақили бритониёии «Ernst and Young», мақомоти раҳбарии собиқи БМТ ба сарфаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ роҳ додааст.

 



Шӯрои парлумонӣ лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба буҷаи соли 2009-ро мавриди баррасӣ қарор дод

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з таҳти раёсати Раиси Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Сайдулло Хайруллоев


ҷ


аласаи Ш


ӯ


рои Ма


ҷ


лиси намояндагон баргузор гардид,




Тавре аз маркази матбуоти Ма


ҷ


лиси намояндагон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, дар Ш


ӯ


ро масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Қонуни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи Бу


ҷ


ети давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои соли 2009» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Кодекси андози


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» мавриди баррасй ва муҳокима қарор гирифтанд.



Дар


ҷ


аласаи Ш


ӯ


рои Ма


ҷ


лиси намояндагон таъкид гардид, ки мақсади ворид намудани тагйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳои мазкур талаботи имр


ӯ


заи


ҷ


омеа буда,


ҷ


иҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодиву и


ҷ


тимоии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон к


ӯ


маки ҳама


ҷ


ониба хоҳад кард.


Дар семоҳаи аввал тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ беш аз 170 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди кишвар бо ҷойи корӣ таъмин гардид.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин ярмаркаҳо 2 ҳазору 681 муассисаву корхонаҳо ба шаҳрвандони бекор беш аз 65 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод сохтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумори корхонаву муассисаҳои дар он иштироккарда 10 маротиба бештар шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи муосидат ба шуғли аҳолӣ, солҳои 2008-2009 муҳайё сохтани 95,4 ҳазор ҷойи кории холӣ пешбинӣ гардида буд, вале бо назардошти бӯҳрони молӣ, ин рақам то 95,4 ҳазор расонида шудааст.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, ба санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 45 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудааанд.


Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи беш аз 75 дарсад ба иҷро расид

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба андозаи беш аз 75 дарсад ба иҷро расид.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нақшаи даъвати баҳории соли 2009 дар ВМКБ – 83, вилояти Хатлон – 82, Суғд – 72,2 ва НТМ – 75,3 дарсад иҷро шуд.




           

«Дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Зафаробод, Балҷувон, Фархор, Ховалинг ва Носири Хусрав нақшаи даъват 100 дарсад иҷро карда шуд», – афзуд Ф.Маҳмадалиев.


Театрҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки оид ба танзими расму анъана намоишномаҳои танқидӣ таҳия созанд

0



           




  

Душанбе. 24-уми апрел – Дирӯз вазири фарҳанги


Ҷ


Т Мирзошоҳрух Асрор


ӣ


бо сардори Раёсати танзими анъана ва расму оини назди Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти


Ҷ


Т, роҳбарони театрҳои пойтахти кишвар, муассисаҳои э


ҷ


одию консерт


ӣ


ва сардорони раёсатҳои вазорат мулоқот доир намуд.





          

Зимни с


ӯ


ҳбат вазир роҳбарони театрҳоро вазифадор намуд, ки оид ба танзими расму анъана намоишномаҳои театр


ӣ


, аз


ҷ


умла намоишномаҳои мазҳакав


ӣ


ва танқидиро таҳия намуда, ба воситаи радиову телевизион пешкаши бинандагон гардонанд.




            

Ҳамчунин, Раёсати санъати Вазорати фарҳанг вазифадор гардид, ки дар муддати 15 р


ӯ


з барномаи озмун барои таҳияи сенарияи намоишномаҳо бахшида ба танзими расму оин омода карда шавад.




           

Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки беҳтарин сенарияро дар шакли ма


ҷ


м


ӯ


а ба табъ расонида, пешкаши хонандагон гардонад.



Дар вох


ӯ


р


ӣ


инчунин, роҳбарони театрҳои пойтахт баромад карда, оид ба ин масъала фикру мулоҳизахои худро баён намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги


Ҷ


Т хабар медиҳад.

 



Раиси Бонки ҷаҳонӣ ба президенти Ӯзбекистон нома ирсол кард

0



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик унвонии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов нома ирсол дошта, дар он мавқеи Бонки ҷаҳониро дар мавриди идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён кардааст.





           

Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Ӯзбекситон –




www


.


prezident


.


uz




, Бонки ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки масъалаи истифодаи захоири обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим буда, дурнамои рушди минбаъдаи кишварҳои минтақа ба роҳандозии ҳамкории пурсамари минтақавӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои миллии стратегии ҳамаи давлатҳо вобаста аст.

 




Тибқи иттилои радиои Озодӣ

, о

қои Зеллик навиштааст, ки бо нигаронии Ӯзбакистон дар мавриди мувозинати осебпазирии эколог


ӣ


дар минтақа ва зарурати таъмини ин замонат, ки истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетик


ӣ


боиси коҳиши


ҷ


араёни об барои кишварҳои поёноб нахоҳад шуд, ҳамфикр аст. Зеелик навиштааст, Бонки


ҷ


аҳон


ӣ


дар робита ба нер


ӯ


гоҳи Роғун танҳо


ҷ


иҳати ан


ҷ


оми ом


ӯ


зиши муқаддамотии тарҳи мазкур тааҳҳуд супурда, ба вижа ба арзёбии пайомадҳои минтақавии ин тарҳ таъкид мекунад. Раҳбари Бонки


ҷ


аҳон


ӣ


гуфтааст, ин ниҳод ба манзури ом


ӯ


зиши тарҳи нер


ӯ


гоҳи Роғун як ҳайъати байнулмилалии иборат аз коршиносони мустақилро таъсис хоҳад дод.



«Бонки ҷаҳонӣ дар тадқиқоти худ оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун манфиати кишварҳои поёноб ва таъмини ҳаҷми зарурии ҷоришавии об дар рӯдхонаҳои фаромарзиро ба эътибор хоҳад гирифт», – гуфта шудааст дар нома.



Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба баргузории ташхиси байнулмилалии тарҳи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун омода аст. Тибқи маълумоти Вазорати энегетика ва саноати Тоҷикистон, ҳукумати ҷумҳурӣ ба корҳои идомаи сохтмони нерӯгоҳи мазкур суръат бахшида, соли равон аз буҷа бо ин мақсад 150 млн. $ маблағ ҷудо кардааст.


Сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» ба 217 млн. сомонӣ баробар шуд

0


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 10-уми апрели соли 2009 сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» афзуда, 217 млн. сомониро (56,5 млн. $) ташкил дод.




Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо афзоиши сармоя бонк имкон дорад, воситаҳои депозитиро ҷалб намуда, бо маблағи баробар ба 1,3 млрд сомонӣ амалиёти фаъолона баргузор созад.



Бино ба иттилои манбаъ, маблағи умумии қарзҳои дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷудокардаи бонк каме зиёдтар аз 120 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 58,8 фоиз камтар мебошад.



Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти бонк, феълан ҶСК «Агроинвестбонк» дорои 61 филиал, 29 шӯъбаи алоҳидаи амалиётӣ, 53 нуқтаи додугирифт ва интиқоли маблағ, 100 нуқтаи мубодилаи асъор, 51 банкомат ва 59 нуқтаи пешниҳоди пули нақд (


POS


-терминалҳо) аст.


 

Дар Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд

0



           

Конибодом. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ноҳия баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд.





           

Чӣ тавре ки сарвари раёсати шаҳрии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ноҳияи Конибодом 24 ҳазору 368 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ҳазор нафар камтар аст. «Шурӯъ аз оғози сол дар ноҳия аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои хурди истеҳсоли макарон, масолеҳи сохтмон, коркарди меваи хушк, таъсиси хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ва ба соҳибкории хусусӣ машғул гардидани шаҳрвандон 1660 ҷой кории нав ташкил карда шуд», – гуфт ӯ.




           

Маҳкамов афзуд, то ахири сол дар ноҳия муҳайё сохтани 2800 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.