Home Blog Page 5094

Мақомоти раҳбарии ширкати эронии «Собир Инернейшнл» ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқи тоҷикону афғонҳоро рад месозад

0


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати эронии

«

Собир Инернейшнл», ки айни замон дар ҷумҳурӣ ба сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон –Зиғар машғул аст, ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои миллиро комилан рад месозад.




Тавре менеҷери марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз ҷониби пудратчӣ Доварӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, воқеан ҳам дар сохтмони роҳ дар қатори эрониён тоҷикону афғонҳо низ кор мекунанд, вале муносибат бо ҳама як хел аст ва иттилои дар ҳафтаномаи «Фараж» интишоргардида ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.



«Мо бо сардабири ин рӯзнома мулоқот оростем ва ӯ пас аз воқиф гаштан бо вазъ, барои интишори иттилоии носаҳеҳ аз мо узр пурсид, – идома дод ӯ. – Мо рӯзноманигоронро ба маҳали сохтмон даъват кардем ва онҳо ин даъватро бо хушнудӣ пазируфтанд».



Дар мавриди нисбат ба эрониён ба тоҷикону афғонҳо пардохтани музди меҳнати камтар, номбурда гуфт, ин тартиби маъмулӣ аст ва дар саросари ҷаҳон аз он кор мегиранд. «Дар Эрон низ аксари ширкатҳои хориҷӣ ба ҳамватанони худ нисбат ба мардуми маҳаллӣ маоши бештаре муқаррар месозанд», – гуфт ӯ.



Оқои Доварӣ афзуд, феълан музди меҳнати коргарон дар сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз 1,4 то 2,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Бар асари бӯҳрони молӣ Вазорати фарҳанг аз баргузории 16 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ даст мекашад

0



        

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ Вазорати фарҳанги ҶТ аз баргузории 16 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ даст мекашад.





        

Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба буҷаи кишвар вобаста аст ва бӯҳрони молӣ вазоратро водор сохт, ки аз баргузории як қатор чорабиниҳои бузург, аз ҷумла ҷашнвораҳои байнулмилалӣ, рӯзҳои фарҳнги кишварҳои дигар дар ҷумҳурӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар даст кашад.




        

Дар ҳамин ҳол, вазир таъкид сохт, ки маблағгузорӣ ба муассисаҳои фарҳангии кишвар аз ҷониби буҷа коҳиш наёфтааст, вале ҳаҷми маблағҳо барои харидани таҷҳизоти гуногун, нигаҳдориву таъмири нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ ба хориҷи кишвар кам карда мешавад.


Муассиси ҳаракати «Растохез» – Тоҳири Абдуҷаббор аз олам даргузашт

0



Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вилояти Суғд пас аз бемории тӯлонӣ муассиси ҷунбиши мардумии «Растохез», муаллифи аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлолияти Миллии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод

 

Тоҳири Аббдуҷаббор дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.






Тибқи иттилои расида аз рӯзноманигор Наҷмиддини Шоҳинбод, ки тайи рӯзҳои ахир ҳамроҳи марҳум буд, панҷ рӯзи ахир Тоҳири Абдуҷаббор аз ҳарфзанӣ бозмонда, ба зодгоҳаш – ноҳияи Ашт бурда шуд. Ба гуфтаи Н.Шоҳинбод, имрӯз соати 16 маросими дафни марҳум доир мегардад.





Тоҳири Абдуҷаббор соли 1989 дар Тоҷикистон ҷунбиши мардумии «Растохез»-ро таъсис дод. Аз соли 1990 то соли 1992 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 Тоҳири Абдуҷаббор Тоҷикистонро тарк карда, замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон зиндагӣ кард. Вай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба ҳайси мудири шӯъбаи иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи байнулмилалии дипломатии шаҳри Бишкек низ муддате фаъолият дошт. Соли 2006 ба Тоҷикистон баргашта, ду соли ахир дар кафедраи иқтисоди Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи Тоҷикистон кор мекард.





Марҳум замоне ба ҳайси коршиноси масоили иқтисодӣ бо ОИ «Азия-Плюс» низ ҳамкорӣ дошт, ки боиси ифтихори мост. Ба ҳамаи наздикону хешовандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонем.



Дар яке аз масҷидҳои Душанбе аъзои гурӯҳи мазҳабии тундгарои «Ҷамоаи таблиғ» боздошт шуданд

0


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти яке аз созмонҳои пурқуввати тундгарои исломӣ бо номи «Ҷамоаи таблиғ» ба мушоҳида расидааст, ки дар кишварҳои Малайзия, Индонезия, Филиппин ва чанде аз давлатҳои арабу Африқои Шимолӣ фаъолона амал мекунад.




Имрӯз вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки нимаи моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе 124 нафар пайравони ин гурӯҳи мазҳабӣ боздошт шудаанд. «Аксари онҳо пас аз пурсиш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, нисбат ба 4 нафари онон, ки дар Ҳиндустону Аморати Муттаҳидаи Араб таҳсили махсус касб кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз гардид», – гуфт вазир.



Қобили зикр аст, ки ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.


Эпидемиологҳои Кӯлоб мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳрро ҷарима бастанд

0



           

Кӯлоб. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази назорати давлатии санитариву эпидемилогии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба ҷаримбандии пулии мақомоти раҳбарии низоми обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб як қатор қарор қабул кард.





           

Чӣ тавре ки сардухтури давлатии санитарии шаҳри Кӯлоб Ҷамшед Рафиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, сардори идораи обу корези шаҳр И.Ризвонов ба маблағи 500 сомонӣ, сардори шӯъба А.Муллоев ва сардори таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ тавассути қубурҳо Д.Гадоев, сармуҳандиси идораи обу корез Ф.Бозоров ва муовини сардор С.Мардонов ҳар кадоме ба маблағи 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Рафиев, шахсони зиркгардида, саривақт ба нишондодҳои марказ таваҷҷӯҳ зоҳир насохта, баҳри бартараф сохтани камбудиҳо чорае наандешиданд. «Дар низоми обтаъминкунии шаҳр камбудиву норасоиҳои зиёде ҷой доранд ва дар сурати бартараф накардани онҳо, дар фасли гармо хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ бамаротиб меафзояд», – афзуд Ҷ.Рафиев.


Раиси шаҳри Душанбе даъват ба амал овард, ки 64-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ сазовор таҷлил гардида, ба собиқадорон таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард

0


Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи пойтахт, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар он изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри гирмидошти ин санаи муборак корҳои ободониву бунёдкории васъеро тибқи барномаву нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи 900- рӯзи ободонӣ вусъат бахшида, сол аз сол мутобиқ ба талаботи Президенти мамлакат

 

армуғони сазовори меҳнатиро дар ҳама соҳаҳо ба истиқболи Рӯзи пойтахт бояд пешкаш намуд ва баҳри иҷрои тадбирҳои пешбинигардида дастурҳои мушаххас дод.



Зимнан, дар доираи вусъати корҳои ободонӣ оид ба тармиму таҷдиди роҳҳои пойтахт раиси шаҳр афзуд, ки дар асоси Қарори шаҳрдорӣ аз моҳи октябри соли 2008 то соли 2011

 

ба маблағи 150 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағҳо бо ин мақсад пешбинӣ гардидаанд ва бобати дар соли ҷорӣ азхудкунии 28 млн сомонӣ ба комиссияи тендерӣ оид ба интихоби пудратчии иҷрои корҳо дастур фармуд, ки пешниҳодҳои тендерӣ маҳз бо инобати сифатнокӣ ва аз рӯи технологияи муосир мумфаршсозии роҳҳо дар доираи маблағҳои пешбинишуда бо ҷалби коршиносону мутахассисони соҳа амалӣ карда шаванд.



Бо дахли масоили омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 64-солагии ҶБВ –и солҳои 1941-1945

 

дар пойтахт муқаррар сохт, ки дар доираи Қарори марбутаи шаҳрдорӣ оид ба фаъолияти эҳсонкорӣ тақвияти корҳои зуҳури ғамхориҳои пайвастаро ба иштирокчиёну маъюбони ҶВБ тақвият бахшида, бидуни ин муқаррарот иловатан ҳар ҳафтае як маротиба мутобиқ ба талаботи сабади истеъмолӣ расонидани ғизои моддӣ ба ин категорияҳои сокинони пойтахт бо анҷоми аёдати расмии масъулин таъмин карда шавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.




 

Ахири моҳи апрел дар Душанбе Ҷашнвораи гурӯҳҳои мусиқии ҷази кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

0



        

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон аз 30-юми апрел то 3-юми май бо иштироки гурӯҳҳои мусиқии ҷази кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷашнвораи мусиқии ҷаз баргузор мегардад.





        

Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбути Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора гурӯҳҳои ҷаз аз шаҳрҳои Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Боку ширкат хоҳанд варзид. «Тоҷикистонро гурӯҳҳои «Авеста»-и Ҷасур Халилов ва «Мизроб»-и Аҳмад Бақоев намояндагӣ мекунанд», – гуфт ӯ.




        

Ба гуфтаи А.Юсуфов, барномаҳои консертии ҷашнвора дар толори консерваторияи ба номи Т.Сатторов ва театри драмавии русии ба номи Маяковский доир хоҳанд гардид.


Шурӯъ аз оғози сол дар Тоҷикистон беш аз 81 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд

0



           

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли


ҷ


ор


ӣ


дар То


ҷ


икистон 36 хо


ҷ


агии моҳипарвар


ӣ


ташкил карда шуд.





           

Чӣ тавре ки сардори раёсати паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ ва занбӯрисалпарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Музаффар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта дар кишвар 8 ҷамъияти саҳомӣ оид ба истеҳсоли моҳӣ фаъолият мекард, вале хоҷагиҳои фермерӣ мавҷуд набуданд. «То соли 2008 ба соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намегардид, вале пас аз қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, айни замон ин соҳа дар ҳоли рушд қарор дошта, таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд», – изҳор дошт ӯ.




           

Ба гуфтаи М.Мирзоев, дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 81,1 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. «Соли ҷорӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд», – афзуд М.Мирзоев.


Р.Баучер: Маъмурияти нави ИМА ва президент Барак Обама ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд

0



       




        

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуюми р


ӯ


з Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Баучерро ба ҳузур пазируфт.




«То


ҷ


икистон ба рушди мунтазами муносибатҳо бо Амрико дар ҳамаи самтҳои мутақобилан судманди ҳамкор


ӣ


манфиатдор аст», – изҳор дошт дар оғози с


ӯ


ҳбат Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон.




        

«Маъмурияти нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Президент Барак Обама ба ҳамкор


ӣ


бо То


ҷ


икистон манфиатдоранд, аз


ҷ


умла дар татбиқи стратегияи нав оид ба Афғонистону Покистон», – изҳор дошт Ричард Баучер.



Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ду


ҷ


ониба дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатманд


ӣ


намуда, таъкид дошт, ки «дар марҳилаи кунун


ӣ


тава


ҷҷ


ӯ


ҳи асос


ӣ


бояд ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


-ти


ҷ


орат


ӣ


равона гардад».




        

Ба гуфти Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамгироии бештари иқтисодии То


ҷ


икистону Амрико натанҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд, аз


ҷ


умла барои таъмини оромию субот дар Афғонистон.




        

Гуфтуг


ӯ


йи судманд атрофи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи нави Амрико оид ба Афғонистону Покистон сурат гирифт. Аз


ҷ


умла таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетик


ӣ


ва коммуникатсионии То


ҷ


икистон метавонад ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини Афғонистону Покистон бо нер


ӯ


и барқ мусоидати фаъол намояд.




        

«То


ҷ


икистон ҳамчунин метавонад дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон саҳми намоён гузорад ва ҳам мутахассисони худро ба барқарорсозии иқтисодиёти он сафарбар намояд», – таъкид намуд Эмомал


ӣ


Раҳмон.



Оид ба таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии То


ҷ


икистону Афғонистон, пешгир


ӣ


аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар хатарҳо ва расондани к


ӯ


макҳои техник


ӣ


ба Қ


ӯ


шунҳои сарҳад


ӣ


ва дигар сохторҳои дахлдор низ табодули назар карда шуд.




        

Ҷ


онибҳо ҳамчунин омодагии худро баҳри тавсиаи робитаҳо барои э


ҷ


оди фазои мусоиди ҳамкор


ӣ


дар минтақаи Осиёи Марказ


ӣ


ва дигар самтҳои судманд таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, – назари коршинос

0



              

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҷониби бонкҳо ҷудогардида то имрӯз беш аз 64 млн. сомонӣ баргардонида шуд.





              

Тавре сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, айни замон беш аз 101 ҳазор тонна нахи пахта дар корхонаҳои коркарди пахта нигаҳдорӣ карда мешавад. «Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, зеро дар бозори ҷаҳонӣ бар асари бӯҳрони молӣ ва коҳиши талабот арзиши ин навъи маҳсулот поин рафтааст», – гуфт ӯ.




              

Дар мавриди самаранокии механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ номбурда гуфт, «агар бӯҳрони молӣ рух намедод, соли равон кишоварзон даромади хуб мегирифтанд. «Ғайр аз ин, агар бӯҳрони молӣ ба вуқӯъ намепайваст, хоҷагиҳо имрӯз ба маблағгузорӣ ҳам ниёз намедоштанд», – афзуд С.Маҳмадиев.