Home Blog Page 5097

Ёвари котиби давлатии ИМА бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон меояд

0



           

Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Баучер бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон меояд.





           

Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 20-уми апрел Ричард Баучер бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили ҳмакории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА ва вазъи роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ дар назар аст.




           

Д.Назриев афзуд, 21-уми апрел ёвари котиби давлатии ИМА ҷиҳати шиносоӣ бо рафти амалисозии лоиҳаҳои ЮСАИД аз водии Рашт боздид хоҳад кард.


Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид

0


Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пойгаи марафонӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи пойтахт оғоз гардид.




Чӣ тавре ки сардори раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдории Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома меёбад ва сипас аз он ҷо варзишгарон боз то ҷойи аввала бармегарданд. «Баҳри ҳавасмандии иштирокчиён аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи шаҳр 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғолиби марафон бо 5 ҳазор ва ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан бо 4 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Қурбонов, барои иштирок дар марафон донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони корхонаву муассисоти шаҳр даъват шудаанд. «Намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт низ хоҳиши иштирок дар пойгаи марафониро иброз доштанд», – афзуд Д.Қурбонов.


Таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт дар Душанбе

0


Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Рӯзи пойтахт маъмулан ҳар рӯзи шанбеи саввуми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. «Таҳти унвони «Тозагии соҳилҳои рӯдхонаи Варзоб дар қаламрави пойтахт – тозагии виҷдон» ҳашари умумишаҳрӣ баргузор мегардад», – гуфт ӯ.




           

Тибқи иттилои Ш.Саидов,

 

имрӯз дар Маркази равобити пойтахт озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Марафони дав», «Мактаби сол-2008», «Директори сол- 2008», «Муаллими сол-2008», «Кӯдакистони сол -2008», «Мудири кӯдакистони сол -2008» «Мураббии сол-2008», «Синфи беҳтарини сол -2008» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд. «Ҳамчунин ба муносибати ҷашн ба истифода додани як қатори иншооти нав дар пойтахт дар назар аст», – изҳор дошт сухангӯи раиси пойтахт.



Сухангӯи раиси шаҳр афзуд, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки Р


ӯ


зи пойтахтро бо р


ӯ


ҳияи болидаю идона дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи устод Айн


ӣ


, «Д


ӯ


стии халқҳо»


, «К


ӯ


ли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» та


ҷ


лил намоянд. «Дар ин боғҳои фарҳанг


ӣ


баҳри хотирмон гузаронидани Р


ӯ


зи пойтахт намоиш ва фур


ӯ


ши маҳсулоти нонию қаннод


ӣ


ва сайругашти идонаи оммав


ӣ


ба роҳ монда мешавад», – гуфт Ш.Саидов.




Ширкати сохтмонии АМА ҷиҳати иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ кард

0



           

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз меъмори яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии «Аднан Сафаранини»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ширкат ба иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва сармоягузорӣ ба бахши сохтмони Тоҷикистон омода аст. «Мо омодаем, ки дар ҳамаи тендерҳои эълоннамудаи ҳукумати ҶТ дар бахши сохтмон ширкат варзем», – гуфт ӯ.





           

Ба қавли ӯ, чанде қабл намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин намояндагӣ мебошад. «Бо намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт ва тоҷирон оид ба дурнамои роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушуниди судманд сурат гирифт», – изҳор дошт вай.




           

Тоҷири арабӣ таъкид сохт, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон хеле мусоид аст ва сохтмони роҳҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар онро барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар хоҳад кард. «Фардо бо чанде аз ректорони макотиби олии ҷумҳурӣ перомуни тайёр кардани мутахассисони бахши сохтмон аз ҳисоби ҷавонони Тоҷикистон сӯҳбат хоҳам кард», – гуфт ӯ.




           

Ҳамзамон пагоҳ ӯ дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон маърӯза хоҳад кард. Бо ишора ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ тоҷири араб гуфт, ширкати онҳо аз он ҳеҷ хисороте набардоштааст ва «бӯҳрон муваққатӣ асту мегузарад». «Моро зарур аст, ки ба оянда бо назари нек нигарем», – афзуд А.Сафарини.


Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд

0


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд.




Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ба ҷойи 475 млн. сомонии пардохтҳои пешбинишуда, дар семоҳаи аввал 357,4 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти гумрукӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 75 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.



Н.Раҳматов гуфт, ба иҷрои нақша дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ ва паст шудани нархи баъзе аз маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонидааст. «Масалан, агар арзиши 1 тонна бензин соли гузашта ба 700 $ баробар буд, пас соли равон он 350 $ аст», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, агар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 18 ҳазор адад автомобил ворид гардида бошад, пас дар семоҳаи соли равон шумори он то 12 ҳазор адад камтар шуда, ба иллати он ба буҷаи давлатӣ 11 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.


ВКХ ҶТ: Тоҷикистон ба транзити молҳои ғайриҳарбии ИМА тавассути қаламрави худ ба Афғонистон омода аст

0


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини вазири умури хориҷии ҶТ Абдулло Юлдошев изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба транзити молҳои ғайриҳарбии ИМА тавассути қаламрави худ ба Афғонистон омода аст ва дар ин росто ҳеҷ монеъаеро намебинад.




Ёдрас мекунем, ки 20-уми феврлаи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Амрико оид ба транзити моҳои ғайриҳарбии Амрико ба Афғонистон тавассути қаламраи Тоҷикистон

 

тавофуқ ҳосил гардида буд.



Он замон намояндаи воломақоми нерӯҳои низомии Амрико гуфта буд, ҳар ҳафта тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол додани аз 50 то 200 контейнерҳои автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Зикр гардида буд, ки Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия низ ба транзити борҳои ғайриҳарбии Амрико ба Афғонистон тавассути қаламравашон розигӣ додаанд.




 

БМТ: Дар Тоҷикистон талабот ба рубли русӣ зиёд шуд

0


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давоми чанд р


ӯ


зи охири соли равон қурби миёнаи хариду фур


ӯ


ши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонк


ӣ


ва дохилибонк


ӣ


бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомон


ӣ


поин рафт.




Ҳамзамон, қурби миёнаи хариду фур


ӯ


ши рубли рус


ӣ


ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 0,1150-0,1160 ва 5,0900-5,1400 сомониро ташкил доданд.



Вазъияти дар бахшҳои бозорҳои байнибонк


ӣ


ва дохилибонкии асъор ба миёномада, аз то андозае зиёд шудани талабот ба рубли рус


ӣ


дарак медиҳад, ки қурби миёнаи он дар сатҳи 0,1672 сомон


ӣ


қарор ги- рифт, қурби миёнаи евро бошад, каме поён рафта, 5,1550 сомониро ташкил дод.



Дар айни замон қурби хариду фур


ӯ


ши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 3,90 – 3,92 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.


Ҳ.Умаров: Дар зарфи 4 соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани Тоҷикистон ба гумон аст

0



           

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи нуктаи паёми президенти Тоҷикистон перомуни дар зарфи 4 сол ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи иқтисоди дохилӣ ва камбуди маблағ дар миқёси ҷаҳон, қонеъ сохтани талаботи кишвар ба нерӯи барқ ҳатто баъди гузаштаи 10 сол низ ғайриимкон аст. «Ҳарчанд ояндаи наздик нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва сипас «Сантӯда-2» низ мавриди истифода қарор гиранд ҳам, вазъи мавҷуда ба куллӣ дигаргун нахоҳад шуд, – гуфт ӯ. – Бо назардошти имконоти кишвар ва ҷой доштани мушкилот дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун дар 5-10 соли наздик номумкин аст».





           

Ҳ.Умаров мӯътақид аст, ки дар шароити кунунӣ Тоҷикистонро зарур аст, ба бунёди нерӯгоҳҳои хурд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созад, зеро онҳо маблағи зиёдеро тақозо надошта, инчунин дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро мебароранд. «Ба ҳукумат зарур аст, ки барномаи рушди энергетикаи хурдро қабул намуда, дар кишвар корхонаи истеҳсоли агрегатҳо барои нерӯгоҳҳои хурдро бунёд созад», -гуфт ӯ.




           

Профессор дар муддати се сол бо гази худӣ таъмин гардидани кишварро низ зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, ду ширкати бузург – Зарубежнефтегаз» ва «Тетис-Петролиум», ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба корҳои ҷустуҷӯву иктишофи конҳои газ машғуланд, то ҳанӯз маълумоти мушаххасеро дар ин хусус гуфта наметавонанд «Чун маълумоти мушаххас мавҷуд нест, пас алҳол наметавон дар бораи пурра бо гази худӣ таъмин гардидани ҷумҳурӣ ҳарф зад», афзуд Ҳ.Умаров.


Дар Конибодом автомашинаҳои «Дамас»-и истеҳсоли Ӯзбекистону Корея фаъолияти «Тангем»-ҳои Чинро маҳдуд месозанд

0



           

Конибодом. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар масъалаи мусофиркашонӣ мошинҳои хурдҳаҷми «Дамас»-и истеҳсоли Ӯзбекистону Корея торафт мавқеи намоёнро ишғол мекунанд.





           

Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи саноати ҳукумати маҳаллӣ Валиҷон Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон ҶДММ «Мадад-трейнинг», ки асосан бо чунин навъи автомобилҳо хизмат мерасонад, ҳамлу нақли мусофиронро натанҳо аз ҷамоатҳои наздик ба маркази вилоят, балки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба роҳ мондааст.




 

«Ғайр аз ин, ҳамарӯза то 40 автомобили «Дамас» тибқи фармоиши пешакӣ, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарбар карда мешаванд», – афзуд ӯ.


Вазири кишоварзии ҶТ ва сафири Канада дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзиро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов ва сафири Канада дар ҶТ Маргарет Скот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов таҷрибаи давлати Канада дар масъалаи таъсиси ширкатҳои суғуртавӣ дар бахши кишоварзиро муваффақона арзёбӣ намуда, аз сафир хоҳиш кардааст, ки дар самти роҳандозии

 

чунин фаъолият дар Тоҷикистон вазоратро дастгирӣ намояд.



«Тоҷикистон оянда аз маблағгузории бевоситаи бахши кишоварзӣ даст кашида, ба суғуртакунии хавфҳои соҳа мегузарад ва истифода аз таҷрибаи таҷрибаи Канада дар ин самт барои мо хеле муҳим аст», – гуфтааст вазири кишоварзии ҷумҳурӣ.