Home Blog Page 5101

Президенти Тоҷикистон мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро дароз кард

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вазорати молияи ҷумҳурӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро, ки соли гузашта баҳри сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буд, маъқул донист.




Чӣ тавре ки муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласае, ки ахири ҳафтаи сипаригашта таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорати молия ва бонкҳо баргузор гардид, дар ин хусус қарор қабул карда шуд. «Бо мақсади дастгирии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар замони бӯҳрони молӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳои кишварро, ки соли гузашта ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буданд, то 1-уми ноябр дароз карда, дар навбати худ, миқдори пардохти фоизҳо ба вазорат аз 12 то 10 фоиз пасттар карда шуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Норинов, сарвари давлат ба роҳбарони бонкҳо ҷиҳати паст кардани фоизҳои бонк аз 18 то 14 фоиз супориш дод.




           

Муовини вазири молия афзуд, феълан аз 140 млн. сомонии соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакор тавассути бонкҳо ҷудогардида ба вазорат 63 млн. сомонӣ маблағ баргардонида шудааст.


Намояндаи ҲНИТ – Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз узвият ба парлумон даст кашид

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон дар Ма


ҷ


лиси намояндагон имр


ӯ


з, 14-уми апрел, бо пешниҳоди як ариза ба порлумон аз намояндагии худ дар Ма


ҷ


лиси намояндагон даст кашид. Оқои Ҳимматзода пас аз навиштани як мақола дар бораи қонуни нави дин дар матбуот аз


ҷ


ониби мақомоти Ма


ҷ


лиси намояндагон таҳти фишор қарор гирифта, аз имтиёзоти вакилияш маҳрум карда шуд.




Дар аризаи Ҳимматзода ба порлумон омадааст:



“Ахиран, порлумони То


ҷ


икистон қонун дар бораи озодии ви


ҷ


дон ва эътиқоди дин


ӣ


ва иттиҳодияҳои диниро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили Ма


ҷ


лиси намояндагон мавқеъи хешро нисбат ба баъзе аз нуқсонҳои мав


ҷ


уда дар қонуни мазкур дар матбуот навиштам, зеро инро масъулияти дин


ӣ


ва ҳизбии ман тақозо мекард. Ч


ӣ


гуна ман ба унвони як шаҳрванди кишвар дар нисбат ба қонуне ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хом


ӯ


ш бинишинам, дар ҳоле, ки аз он тарафи уқёнус нисбат ба нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирози худро баланд карданд? Оё ман ҳамчун вакил ин ҳақро надорам, ки фикри худро дар ин мавз


ӯ


ъ баён созам?



Нашри он мақола боиси нороҳатии раиси ма


ҷ


лис ва дигар намояндагони мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси ма


ҷ


лис дастур содир намуд, то имтиёзҳои бандаро маҳдуд созанд.”




 


          

Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз феҳрасти умуми


ҷ


умҳуриявии Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон ба Ма


ҷ


лиси намояндагон рафта буд. Акнун, тибқи муқаррароти Кумиссиюни марказии интихоботи То


ҷ


икистон нафари саввум аз феҳрасти ҲНИТ метавонад


ҷ


ойгузини Муҳаммадшариф Ҳимматзода шавад. ҲНИТ иттилоъ дод, ки ин нафари саввум аз феҳрасти ҳизб Муҳаммадал


ӣ


Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон мебошад.



Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадато Султонов, суханг


ӯ


и Ма


ҷ


лиси намояндагон ба гуфтааст, то кунун аризаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода расман вориди порлумон нашудааст.


Ӯ


гуфт, тибқи қавонини


ҷ


ории То


ҷ


икистон тартиби бозпас гирифтани ваколати депутат


ӣ


дар Ма


ҷ


лиси намояндагон ба овоздиҳ


ӣ


гузошта хоҳад шуд. ДЖар ин бора радиои Озодӣ бо истинод ба сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода хабар медиҳад.


Додситонҳои кулли кишварҳои узви СҲШ дар Маскав масоили муборизаи муштарак бо қочоқи инсон ва маводи мухаддирро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонҳои кулли кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар


ҷ


аласае дар Маскав муборизаи муштарак бо қочоқи инсон ва маводи мухаддирро аз марзи ин давлатҳо баррас


ӣ


карданд.




Гуфта шуд, ки


ҷ


инояткорон аз одамфур


ӯ


ш


ӣ


дар кишварҳои узв солона 12 миллиард доллар суд мегиранд. Дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир додситони кулли То


ҷ


икистон Бобо


ҷ


он Бобохонов пешниҳод кард, ки му


ҷ


озоти қочоқи ин мавод дар кишварҳои узв шадидтар ва ҳамкории кишварҳо қавитар шавад. Дар ин бораи радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Ба Тоҷикистон аз Туркия ба маблағи 6 млн. сомонӣ 300 тонна тухмии хушсифати пунбадона ворид гардид

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба маблағи 6 млн. сомонӣ ба Тоҷикистон аз Туркия 300 тонна тухмии хушсифати пунбадонаи навъи «Флора» ва «Кармен» ворид гардид.




Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи пешгӯиҳо, имсол ҳосилнокии ин навъи тухми пунбадона бояд аз 35 то 45 сентнер аз як гектарро ташкил диҳад. «Ҳосилнокии 60 тонна аз ин навъи тухмии пунбадона, ки соли гузашта дар водии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифта буд, 33 сентнер аз як гектарро ташкил дод», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар баробари ворид сохтани тухмӣ, инчунин аз Туркия 15 адад техникаи кишоварзии соҳаи пахтакорӣ оварда шудааст. То имрӯз нақшаи кишти чигит дар ҷумҳурӣ ба андозаи 40 дарсад ба иҷро расидааст.


Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми хароҷоти буҷаи давлатиро ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад

0



           

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар робита ба пешгирии таъсири оқибтҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ҳаҷми қисми хароҷоти буҷаи давлатиро барои соли 2009 ба миқдори 130,5 млн. $ коҳиш медиҳад.





           

Дар гузориши чанде қабл интишоргардидаи вазорат дар мавриди андешидани

 

тадбирҳои марбут ба бӯҳрони молӣ гуфта мешавад, коҳиши ҳаҷми маблағи хароҷот дар соҳаҳои хариди маҳсулот ва хизматрасонӣ, таъмир ва хизматрасонии техникӣ, хизматрасонии бахши алоқа, маблағгузории асосии мутамарказӣ, хариди мол барои афзоиши захираҳо, маблағгузориҳои дохилӣ ва қарздиҳӣ бо назардошти тарҳи ҳисоби маблағи пардохт пешбинӣ мегардад.




           

Дар гузориш зикр шудааст, ки маблағи хароҷот ба хизматрасонии коммуналӣ (нерӯи барқ ва газ), татбиқи барномаи сармоягузорӣ ба ноҳияҳои кишоварзӣ (бо назардошти қарздиҳии хурд), зиёд кардани шумори марказҳо ва таъсиси марказҳои нави дастгирии муҳоҷирони баргашта ба ватан ва ғайра ба миқдори 60 млн. сомонӣ афзун мегардад.




           

Ғайр аз ин, ҳаҷми маблағи хароҷоти буҷаи давлатӣ ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷа, пардохти маблағи корфармоҳо, пардохти фоизҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҷудо кардани маблағҳо аз буҷаи марказӣ ба минтақаҳо дар ҳаҷми 98 млн. сомонӣ зиёд карда мешаванд.




           

Дар навбати худ, қисми даромади буҷаи давлатӣ пас аз тағйири нишондиҳандаҳо дар ҳаҷми 93 млн. сомонӣ коҳиш ёфта, дефитсити буҷаи соли ҷорӣ акнун 533 млн. сомониро ташкил хоҳад дод ва ин дар ҳолест, ки дар буҷаи ахири соли гузашта тасдиқшуда барои соли 2009 ин нишондиҳанда ба 103 млн. сомонӣ баробар буд.


Палатаи савдо ва саноати ҶТ нақшаи семоҳаро барзиёд иҷро кард

0



           

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ даромади Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) аз ҳисоби хизматрасонӣ ба 754 ҳазор сомонӣ баробар шуда, 110 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил дод.





           

Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар ПСС 2 ҳазору 869 гувоҳномаи ташхис ва назорати сифат таҳия гардида, 200 адад иҷозатнома дода шуд.




           

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби палата унвонии доираҳои тиҷоратии 185 кишвари ҷаҳон ба 550 суроға перомуни роҳандозии ҳамкории судманд дар бахшҳои афзлиятноки саноату иқтисоди Тоҷикистон дархост ирсол шудааст. «Дар ҷараёни сафар ба кишварҳои Латвия, Литва, Эстония ва Шоҳигарии Белгия ҳамоишҳои тиҷоратии соҳибкорон баргузор гардид, ки аз рӯи натоиҷи он миёни палатаҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд», – афзуд Шариф Саид.


Бо кӯмаки ИМА дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маркази таҳлилӣ ифтитоҳ гардид

0



           

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон дар маросими расмии ифтитоҳи маркази таҳлилӣ дар кумитаи мазкур иштирок карданд.





           

Чӣ тавре ки аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ифтитоҳи маркази мазкур натиҷаи ҳамкории пурсамари кишварҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад, ки бо мақсади такмили раванди ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони кумита амалӣ гардидааст. «Арзиши лоиҳаи мазкур беш аз 710 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, марказ бо чаҳор озмоишгоҳи компютерӣ ва утоқи серверӣ бо 50 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ғайр аз ин, барои доир сохтани семинару тренингҳо дар марказ толори баргузории конфронс низ ба истифода дода шуд.




           

Шурӯъ аз соли 1992 сафорати ИМА дар Тоҷикистон баҳри таъмини амният дар марзҳо ва дастгирии мубориза бо маводи мухаддир ба маблағи умумии 28 млн. $ ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон кӯмак расонид.


Давлати Усмон: Гунаҳкории собиқ раиси БМТ-ро бояд додгоҳ муайян кунад

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Собиқ вазири иқтисоди ҷумҳурӣ Давлати Усмон бар ин назар аст, ки натиҷаи санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати аудити байнулмилалӣ ба шаффофияти минбаъдаи амалиёт дар низоми молиявии кишвар мусоидат мекунад.




Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои аудит бозгӯи мушкилоте мебошанд, ки тайи даҳсолаи ахир дар низоми молиявии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадаанд. «Дар ин кор гурӯҳҳову шахсони алоҳидаи зиёде даст доранд ва гунаҳкории собиқ раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро бояд додгоҳ муайян намояд», – гуфт ӯ.



Д.Усмон мегӯяд, баргузории аудит дар Тоҷикистон падидаи хубест ва дар кишварҳои мутараққӣ ин як амали маъмулиест, ки ба шаффофияти муносиботи молиявӣ мусоидат карда, мутаносибан ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисод кӯмак мерасонад. «Аз ин рӯ, хуб мешуд, агар чунин санҷишҳо дар дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ низ гузаронида шаванд», – гуфт Д.Усмон.



Коршинос мӯътақид аст, ки ҷиҳати ҳалли масъала ҳукуматро зарур аст, як комиссияи салоҳиятдоре таъсис бидиҳад, то чораҳои зарурӣ андешида шаванд.


Шурӯъ аз соли нави хониш хати арабӣ дар макотиби ҷумҳурӣ дар муддати 8 сол омӯхта мешавад

0


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар ҷамъи рӯзномнигорон изҳор дошт, ки шурӯъ аз соли нави хониш омӯзиши алифбои ниёгон дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар то синфи 11 ҷорӣ хоҳад гардид.




Номбурда гуфт, феълан толибилмон аз синфи 4 то синфи 7 хати арабиро меомӯзанд. «Китобҳои таълимии нав барои синфҳои 7-11 бо дастгирии вазорати маорифи Эрон таҳия мешаванд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи вазир, китоби дарсии «Матнҳои адабӣ» чун замима ба китоби дарсии адабиёти тоҷик аз ҷониби мутахассисони тоҷик омода гардида, дар Эрон ба чоп хоҳад расид. «Дарсҳо аз рӯи китоби мзкур аз синфи 4 ҷорӣ гардида, он ба барномаи таълимӣ аллакай дохил карда шуд», – афзуд А.Раҳмонов.


Ширкати мустақили аудитории “Ernst and Young” Муродалӣ Алимардонро дар истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ гунаҳкор медонад

0


Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии То


ҷ


икистон нати


ҷ


аҳои аудит ё тафтиши молии фаъолияташ аз с


ӯ


и ширкати бритониёии “Ernst and Young”-ро нашр кард.




Бонки милл


ӣ


гузориши ин ширкати аудиториро дар сомонаи расмии худ пас аз се моҳи ан


ҷ


омёбии амалиёти бозрас


ӣ


нашр кард.



Бозрасии ан


ҷ


омдодаи ширкати Ernst and Young ошкор кардааст, ки Муродалии Алимардон, раиси пешини Бонки миллии То


ҷ


икистон, ки феълан муовини сарвазири То


ҷ


икистон аст, дар замони раҳбари Бонки милл


ӣ


буданаш ба истифодаи нодурусти маболиғи давлат


ӣ


роҳ додааст. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки раиси пешини Бонки милл


ӣ


бо с


ӯ


иистифода аз мансаби худ пулҳои давлатро ба ширкатҳои хусусии худ ва падару бародараш, ки раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакор


ӣ


будаанд, интиқол дода, аз истифодаи онҳо манфиат бардоштааст.



Ширкати Ernst and Young навиштааст, ки Бонки милл


ӣ


дар аввал маблағҳои барои сармоягузории пахтапарвар


ӣ


ихтисос додаро, ба бонки ти


ҷ


оратии «Агроинвестбонк» интиқол медодааст. Баъдан дар нати


ҷ


аи та


ҷ


диди ин бонк дар соли 2004 ин бонк ба ду муасиса, бонки «Агроинвестбанк» ва


ҷ


амъияти саҳҳомии шаклаш п


ӯ


шидаи «Кредит-Инвест» табдил шуда, ин


ҷ


амъият ҳамчун ширкати миёнарав маблағгузории соҳаи пахтакориро ба зима гирифтааст. Тибқи иттилоъи ширкати Ernst and Young, маблағҳои барои сармоягузории пахтапарвар


ӣ


ихтисосёфта ба суратҳисоби ҳамин


ҷ


амъият равона мешудаанд ва ин


ҷ


амъият, ки роҳбаронаш аз шумори кормандони тобеи раиси вақти бонк таъин шуда буданд, дар навбати худ ба ширкатҳои хусусие, ба мисли Иттиҳодияи ХИМА,


ҷ


амъияти саҳомии «ТамерИНБ»,


ҷ


амъияти саҳҳомии “Баракат” ва


ҷ


амъияти саҳҳоми «Ёрирасон-бепарастон», ки раҳбар


ӣ


ва ҳамшарикии ин ширкатҳоро падар, бародар ва ҳатто худи Муродал


ӣ


Алимардон бар


ӯ


ҳда доштаанд, интиқол медодааст ва онҳо ба наҳваи худ аз маблағҳои ҳангуфти давлат


ӣ


барои манфиатҳои ти


ҷ


оратии худ истифода мекардаанд.



Муаллифони гузориш мег


ӯ


янд, ки дар ҳамин ҳол Муродал


ӣ


Алимардон дар с


ӯ


ҳбат бо онҳо алоқамандиашро ба ширкати сармоягузории пахтакории мавсум ба ХИMA, ки аз ихтисораи номҳои «Ҳаёев Исматуло (фарзанди собиқ сарвазири То


ҷ


икистон, Изатулло Ҳаёев) ва худи Муродал


ӣ


Алимардон» иборат аст, рад кардааст. Ҳарчанд


ӯ


дар донишгоҳ шогирди Изатулло Ҳаёев будааст, аммо ба аудиторон гуфтааст, бо Изатулло Ҳаёев шинос нест, вале ба ширкати мавсум ба ХИМА зуд-зуд барои додани маслиҳат ба роҳбарони он ворид мешудааст.



Аммо, менависанд муалифони ин гузориш, Муродал


ӣ


Алимардон бархе аз


ҷ


урмҳояшро иқрор кардааст. Вай аз


ҷ


умла ироаи маълумоти бардур


ӯ


ғ ба Сандуқи байнулмилалии пулро гуноҳи худ ҳисобидааст.


Ӯ


ба аудиторони ширкати Ernst and Young гуфтааст, ин амрро барои сармоягузории соҳаи стратегии пахтакор


ӣ


ногузир донистааст. Дар ҳоле 47 миллион пуле, ки ин созмони молияв


ӣ


ба То


ҷ


икистон кумак кардааст, ба суратҳисоби ширкатҳои сармоягузории пунба равона шудааст.



Дар гузориш навишта шудааст, ки аудиторҳо ҳангоми и


ҷ


рои вазифаи худ барои дастрас


ӣ


ба маълумот ба мушкилоти зиёде р


ӯ


бар


ӯ


шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ширкатҳои сармоягузор


ӣ


қабл аз он, ки бозрасҳо ба ин ширкат ворид шаванд, баъзе маълумотҳои барои тафтиш заруриро нобуд карданд. Аз


ҷ


умла, дафтари қайди кулли амалиёте, ки ширкати «Кредит-Инвест», ки дар бойгонии дастгоҳи марказии Идораи амалиёт бо ҳукумати Бонки милл


ӣ


маҳфуз будааст, қабл аз бозрас


ӣ


аз байн бурда шудааст. Ва ин идора ба аудиторон танҳо маълумотҳоеро пешниҳод кардааст, ки 28 сентябри соли 2008 тартиб дода шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки бозрасҳо ба дурустии ҳамон маълумоте, ки гирифтаанд, низ мутмаин нестанд ва аз ироаи хулосаи аудитор


ӣ


худдор


ӣ


мекунанд.



Муалифони гузориш мег


ӯ


янд, ба кадом ҳисобҳо интиқол ёфтани 221,5 миллион доллар қарзи воҳидҳои кишоварз


ӣ


, ки дар давраи солҳои 2004-2007 ихтисос дода шудааст, р


ӯ


шан нест. Зеро асноди зарурии истифода аз онҳо нобуд карда шуданд.



Дар гузориш омадааст, ки дар давоми солҳои 2004-2008 Бонки милл


ӣ


856,4 миллион доллари амрикоиро ба ихтиёри ширкати «Кредит-Инвест» супорида, ин ширкат аз Бонки милл


ӣ


295,3 миллион доллар дар таърихи 31-уми августи соли 2008 қарздор аст. Ин дар ҳолест, ки масъулони Бонки миллии То


ҷ


икистон қарзи воҳидҳои кишоварз


ӣ


аз соҳаи пунбапарвариро ибтидои соли равон бештар аз 560 миллион доллар арзёб


ӣ


карданд.



Муаллифони гузориш мег


ӯ


янд, ки ҳарчанд маблағҳои давлат


ӣ


барои соҳаи пунбапарвар


ӣ


ихтисос ёфтаанд, аммо ширкати «Кредит-инвест» ин маблағҳоро бо мақсадҳои ти


ҷ


оратии худ истифода бурдааст. Аз


ҷ


умла, ин ширкат барои сохтмони як қаҳвахона дар Истаравшан 800 ҳазор сомон


ӣ


қарз додааст.



Дар ҳамин ҳол, ширкати Ernst and Young аз ҳамкории Шариф Раҳимзода, раиси феълии бонк, таъкид кардааст. Дар гузориш омадааст, Муродалии Алимардон, раиси вақти бонк, ба ҳини қабули қарорҳо раъйи бартар доштааст, вале раиси феълии бонк ба ҳини қабули қарорҳо онҳоро на бо иродаи шахсии худ мисли раиси қабл


ӣ


, балки тариқи овоздиҳ


ӣ


дар Ш


ӯ


рои мудирон қабул мекардааст, ки ин роҳ шаффофияти бештар дар идора арзёб


ӣ


шудааст.



Ширкати Ernst and Young дар охири гузориши худ ба Бонки милл


ӣ


тавсия додаст, ки аз сармоягузории бахши пунбапарвар


ӣ


минбаъд худдор


ӣ


карда, сохтани хазинаи нави бухгалтер


ӣ


ва мониторинги доимиро дар умури худ истифода барад.

Дар ин бораи радиои «Озодӣ» бо истинод ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.