Home Blog Page 5109

Нахустин хизматчиёни нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон бо медалҳои СММ сарфароз мегарданд

0


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бори нахуст панҷ хизматчии ҳарбии Вазорати умури дохилии ҶТ, ки дар сафи гурӯҳи нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар минтақаи Дарфури Судон адои хизмат мекунанд, бо медалҳои «Ба хизмат барои сулҳ»-и Созмони Милали Муттаҳид сарфароз мегарданд.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, майорони милиса Далер Раҳматов, Тоҳир Нуров ва Татяна Тиханина, лейтенанти калони милиса Татяна Маркина ва старшинаи милиса Барзу Афсаҳов, ки аз моҳи октябри соли гузашта, тибқи шартномаи яксола дар Судон қарор доранд, ба медал сазовор дониста шуданд. Мӯҳлати шартнома метавонад дароз карда шавад.



Медали мазкур дар ҳар шаш моҳ пас аз шурӯъи фаъолияти гурӯҳи нерӯҳои низомии СММ дар

минтақаҳо

супорида мешавад.


Хизматчиёни давлатӣ эъломияҳо дар бораи даромадҳоро ба мақомоти андоз супориданд

0


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон эъломияҳои худ дар бораи даромадҳояшонро ба мақомоти андоз супориданд.




Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи талаботи тахассусӣ дар низоми пардохти меҳнати Раёсати хизмати давлатӣ дар назди президенти Тоҷикистон Қурбоналӣ Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1-уми апрел мӯҳлати супоридани эъломияҳо дар бораи даромад ба мақомоти андоз ба охир расид.



Аммо, мегӯяд, Қ.Азизов, дар бораи то кадом андоза дақиқ ба иҷро расидани ин маърака метавон танҳо ахири моҳ маълумоти муфассал пайдо кард. «Мо мониторинг мегузаронем ва маъмулан шурӯъ аз 20-уми апрел вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо ба супоридани эъломияҳо шурӯъ мекунанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Қ.Азизов,

 

соли гузашта аз шумори умумии 19400 нафар хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 400 нафар эъломия дар бораи даромадҳоро насупорида буданд. «Раёсати хизмати давлатӣ ҳамчунин тартиби бурдани чунин ҳисоботҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад», – изҳор дошт вай.



Номбурда афзуд, санҷиши боэътимодии маълумоти эъломияҳо ба дӯши мақомоти дигар вогузор шудааст. «Дар сурати ҷой доштани ҳодисаҳои аз ҷониби ин ё он шахси мансабдор харидан ё сохтмони манзили зист ва ё автомашинаи гароннарх, эъломия барои санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳукқуқ ирсол мегардад», – гуфт Қ.Азизов.




 

Мурофиаи додгоҳии Сӯҳроб Лангариев шурӯъ шуд

0



           

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии

 

Сӯҳроб Лангариев, бародари хурди Лангарӣ Лангариев шурӯъ шуд. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз роҳбарони Фронти Халқии Тоҷикистон буд.





           

Чӣ тавре ки котиби матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сӯҳроб Лангариев ба даст доштан дар содир намудани ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муқобилияти мусаллаҳона ба ҳукумат ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор дониста мешавад. «Мурофиа пӯшида буда, таҳти раёсати муовини раиси Додгоҳи Олии ҶТ Зафар Азизов дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотиии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор мешавад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти КДАМ-и ҶТ, Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб, дар хонааш боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.

 




Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.



Ба ҷуз Сӯҳроб Лангариев, дар манзили зисти ӯ ҳамчунин боз чанд нафари дигар ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла писари яке аз пешвоёни Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров – Нурмаҳмад Сафарови 22-сола ва якчанд шаҳрванди Афғонистон низ

 

боздошт шуда буданд.


Вазорати кишоварзии ҶТ аз БРО дастгирии молиявии таъсиси шӯъбаи беҳсозии сифати пахтаро дархост кард

0



           

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва мушовир оид ба рушди соҳаҳо ва банақшагирии Бонки рушди Осиё Боб Хатсон масъалаи роҳҳои беҳбуди сифати нахи пахта дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Қ.Қосимов изҳор доштааст, ки бо дастгирии молиявии БРО шурӯъ аз оғози соли гузашта Тоҷикистон тадриҷан аз мушаххассозии сифати пахтаи ГОСТ ба


USDA


(меъёри амрикоӣ) мегузарад. Ӯ қайд кард, ки минбаъд сифатнокии нахи пахта аз ҷониби ширкати мустақили маъруфи байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.




           

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки феълан на ҳамаи корхонаҳои пахтатозакунии кишвар ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд ва масоили кашонидану нигаҳдории нахи пахта низ қаноатбахш нест.




           

Дар фарҷоми вохӯрӣ Қ.Қосимов аз намояндаи БРО дархост кардааст, ки аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ ба таъсиси шӯъбаи беҳсозии сифати пахта дар назди вазорат мусоидат карда шавад.




 

Намояндагони Сегонаи ИА оид ба масъалаҳои сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятии иттиҳод ба Душанбе омаданд

0



           

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони «Сегона» (Тройка)-и Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсати умумии хориҷӣ ва амниятии иттиҳод ва намояндаи махсуси ваколатдори ИА оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел ба Душанбе омаданд.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафар намояндагони ИА бо вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовирони давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев,

 

иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, сиёсати ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва ҳамчунин мақомоти раҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидору гуфтушунид хоҳанд кард.


Ҷилди ҳаштуми китоби сарвари давлат – «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» аз чоп баромад

0


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷилди ҳаштуми китоби сарвари давлат – «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» аз чоп баромад.




Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, китоб дар матбааи ҶСК «Матбуот» бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба табъ расид.



Ба гуфтаи А.Юсуфов, дар китоб масоили мухталифи ҷомеа, аз ҷумла танзими расму оин, варзиш ва ғайра мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. «Дар китоб ҳамчунин суханронии президенти Тоҷикистон дар конфронси байнулмилалӣ бахшида ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон дарҷ ёфтааст», – гуфт ӯ.



Аз ма


ҷ


м


ӯ


аи «Истиқлолияти То


ҷ


икистон ва эҳёи миллат» доираи васеи хонандагон, ба хусус олимон, сиёсатшиносон,


ҷ


омеашиносон, р


ӯ


зноманигорону таҳлилгарон ва ом


ӯ


згорону дониш


ҷ


ӯ


ёни мактабҳои ол


ӣ


метавонанд ба таври васеъ истифода намоянд.


Тадбирҳои маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард, – назари коршинос

0


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол», ки чанде қабл аз ҷониби МН МО ҶТ қабул гардид, ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. «Ман чунин мешуморам, ки қабули қонуни мазкур саривақтист, зеро дар давраи бӯҳрон ҳукуматдорон бояд баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат ва коҳиши шумори бекорон члораҳои муассир пеш гиранд», – гуфт ӯ.




Коршинос мегӯяд, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, сохтори маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳуриро мавриди таҳлили дақиқ қарор диҳанд ва мушаххас созанд, ки оё қолинҳои истеҳсоли ватанӣ ба қолинҳои хориҷӣ рақобатпазир буда метавонанд ё на.



Тибқи пешгӯии Ф.Саидов, дар сурати истифодаи дурусти муқаррароти қонуни номбурда, ҳудуди 20-30 дарсади бекорон дар дохили кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. «Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии моро танбал сохтааст, зеро бо сарфи қувва ва маблағи камтаре онҳо дар хориҷи кишвар маблағи зиёд кор мекунанд ва аз ин рӯ, ҳазорҳо гектар замин дар Тоҷикистон бекор мехобанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи мутахассис, ба кори пурмаҳсули фермерони маҳаллӣ бюрократия ва мавҷуд будани корррупсия низ монеъа эҷод месозад. «Бинобар он, ба Тоҷикистон тарбуз аз Ӯзбекистон, картошка аз Покистон, сир аз Чин ва пиёз аз Русия ворид мегардад», – гуфт вай ва афзуд, ки ҷиҳати дастгирии фаъолияти фермерон ҳукуматро лозим аст, дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёнаравонро аз байн бардорад, зеро дар сурати аз ҷониби худи деҳқон фурӯхтани маҳсулоташ, даромадаш ҳам бештар мешавад.


Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз фаъолияти даҳсола натиҷагирӣ мекунад

0


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон даҳсолагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад.




Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги ассотсиатсия Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар робита ба ин ҷашн АМВАОТ имрӯз дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишасти хабарӣ созмон медиҳад. «Дар ҷараёни нишасти хабарӣ аз фаъолияти 10-солаи ассотсиатсия натиҷагирӣ шуда, стратегияи минбаъдаи кори АМВАОТ дар соҳаи ВАО мушаххас хоҳад гардид», – изҳор дошт А.Воҳидов.



Ба гуфтаи А.Воҳидов, барои иштирок дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ, ташкилотҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ даъват карда шудаанд.


Департаменти давлатии ИМА: Системаи сабти амвол дар Тоҷикистон кӯҳна шудааст

0



 




          

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Гузориш оид ба


в

азъи ҳуқуқи инсон дар То


ҷ


икистон дар соли 2008, ки аз


ҷ


ониби Дафтари масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнати Департменти давлатии ИМА

 


 

интишор шудааст, гуфта мешавад, б


о вуҷуди ислоҳот дар қонуни замин, қонуни умда дар бораи моликият таъодул нисбат ба соҳибони амволи хусусиро ба ҳам задааст. Системи сабти амвол куҳна шуда ва ин иҷоза медиҳад, ки мақомоти давлатӣ бо истифода аз имконоти бешумор иддаъо кунанд, ки соҳибони амвол қонунро помол кардаанд. Мақомоти давлатӣ бо такия ба набуди шаффофияти амал, манофеъи сокинонеро, ки муддатҳои тӯлонӣ муқими шаҳр буданд, зери по гузошта ва ба иҷрои тарҳҳое пардохтанд, ки сохтмони иқоматгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиҷоратии ҷадидеро дар марокизи шаҳрҳо дар мадди назар доранд.




Ҳукуматҳои шаҳрӣ тарҳҳои ободонии худро бо мардум дар миён нагузоштанд ва хонаводаҳое, ки манозили худро холӣ карданд, иттилоъи кофӣ дар бораи ин тарҳҳо надоштанд. Мақомот зоҳиран аз пеши худ тасмим гирифта буданд, ки давлат бояд бархе заминҳоро бидуни баҳсу баррасии умумӣ ба тасарруфи худ дароварад ва ҳеч тавзеҳоте дар бораи сабабҳои ин кор ба мардум надиҳад.



Ҳукумат сипас сокинонро огоҳ кард, ки хонаҳои худро холӣ кунанд ва ба онҳо ҷуброни кофӣ напардохт. Сокинонеро, ки итоъат намекарданд, мақомот ба додгоҳ кашиданд ва додгоҳ онҳоро дастур дод, ки хонаҳои худро холӣ кунанд. Аммо соҳибони манозиле, ки ба ҳукми додгоҳ гардан наниҳоданд, на танҳо муваффақ ба тағйири он нашуданд, балки ба сазои бадтаре расиданд – бархе аз онҳо ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд.



Моҳи июн давлат ба хотири бунёди роҳ ба ҷониби кохи нави раёсати ҷумҳурӣ ягона канисаи яҳудиён дар Тоҷикистонро вайрон кард. Дар моҳи апрел бо вуҷуди нуқсонҳои зиёде дар ҷараёни расидагӣ ба ин қазия, додгоҳи маҳаллӣ дастури холӣ кардани канисаи яҳудиёнро таъйид намуд.


Дар паёми президент ба парлумон бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд, – назари сиёсатшинос

0


Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов изҳор дошт, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумони ҷумҳурӣ яке аз рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳар кадоме аз кишварҳо маҳсуб гардида, дар он бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд. «Барои Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ аз чунин масоил мебошанд», – гуфт ӯ.




П.Муллоҷонов мегӯяд, яке аз масоили муҳим – бӯҳрони молӣ, таъсири оқибатҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин росто аст ва мардум маҳз ба ин суол посух мехоҳад. «Масъалаи дигар – таҳияи стратегияи зиддибӯҳронии ҳукумат аст ва агар он то ҳанӯз дар ҳоли коркард қарор дошта бошад, пас дар паём воситаҳои мушаххаси раҳоӣ аз он дарҷ нахоҳанд ёфт», – изҳор дошт сиёсатшинос.



Сиёсатшинос таъкид сохт, ки маъмулан дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши парлумони кишварҳо ба таври назаррас боло меравад. «Гап сари он аст, ки стратегияи раҳоӣ аз бӯҳрон бидуни қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии мушаххас имконнопазир аст ва парлумони касбӣ дар ин ҳолат бояд ба қадри кофӣ дар қабули қарор мустақил бошад, – идома дод ӯ. – Дар ин давра намояндагони мардумӣ бояд

 

баҳри таҳия ва қабули қонунҳо ташаббус нишон диҳанд».



Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел бо памёи ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳад кард.