Home Blog Page 5112

Воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад

0


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни баррасии Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол» дар байни намояндагони мардумӣ баҳсу мунозираи тӯлонӣ сурат гирифт.




Дар мавриди пешниҳод ва шарҳи қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Мирзошариф Исломиддинов изҳор дошт, ки феълан ҳаҷми воридоти мол ба кишвар нисбат ба содирот бамаротиб бештар аст ва истеҳсолкунандагони ватанӣ имкон надоранд бо истеҳсолкунандагони хориҷӣ рақобат намоянд. «Аз ин рӯ, бо мақсади ба ҳадди камтарин паст кардани таъсири бӯҳрони молӣ зарур аст, чунин қонун қабул карда шавад», – гуфт ӯ.

 




М.Исломиддинов гуфт, ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити бӯҳрони молӣ, метавонад нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, ки он дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, тадбирҳои зарурии зиддидемпингӣ андешад. «Бо ин мақсад ҳукумат метавонад ба як қатор маҳсулоти воридотӣ аз хориҷ, аз ҷумла маҳсулоти саноати бофандагӣ ва қолинбофӣ андози муваққатии ҷуброн ё андози муваққатии махсус ҷорӣ созад», – изҳор дошт вай.



Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Сафаралӣ Раҷабов зикр намуд, ки бо ҷорӣ гардидани ин қонун аҳолӣ аз дастрасӣ ба маҳсулоти нисбатан арзон маҳрум гардида, маҷбур мешавад, ки маҳсулоти ватаниро бо нархи гарон харидорӣ кунад. «Гузашта аз ин, иқдоми мазкур ба болоравии нарх дар бозорҳои мамлакат боис хоҳад гардид», – гуфт ӯ.



Дар посух ба суханронии С.Раҷабов намояндаи мардумӣ М.Исломиддинов гуфт, дар баробари Вазорати саноат як қатор

 

корхонаҳо, аз ҷумла «Тоҷиказот» ва «Заря Востока» чандин маротиба бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардаанд ва аз ин ба баъд танҳо пас аз мувофиқасозӣ бо истеҳсолкунандагони втанӣ ҳукумат муваққатан метавонад баъзе маҳдудиятҳоро ба маҳсулоти воридотӣ ҷорӣ созад.



Намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов гуфт, Тоҷикистонро мебоист 15 сол қабл чунин қонунро қабул кунад. «Мо замоне велосипед ва аробачаҳо барои маъюбон истеҳсол мекардем, вале чун ширкатҳои ватаниро дастгирӣ накардем, истеҳсолот аз фаъолият бозмонд», – гуфт вай.



Намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов таъкид сохт, ки феълан дар Тоҷикистон ба қадре истеҳсоли тухму гӯшти мурғ ба роҳ монда шудааст, вале чунин маҳсулдот то ҳанӯз аз Бразилия, Эрон ва Ҳиндустон ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. «Ба ин кор хотима бахшидан зарур аст, вагарна давлат муфлис хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ намояндаи мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар баробари қабули қонуни мазкур, парлумони ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишвар бояд ба он муваффақ шаванд, ки андоз барои истеҳсолкунандагони ватанӣ коҳиш ёбад ва соҳибкорон аз коррупсия муҳофизат карда шаванд.


Дар Тоҷикистон тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мегардад

0



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон шурӯъ аз

имрӯз

ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрвандӣ надошта тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ҷорӣ мегардад.





           

Чӣ тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст, ки он барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 30 то 50, шахсони мансабдор – аз 70 то 100 ва шахсониҳуқуқӣ – аз 250 то 300 музди меҳнати

ҳадди

аққал муқаррар гардидааст.




           

Ба ақидаи коршиноси мустақил Абдулло Қурбонов, тартиботи нав ба танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи бозори дохилии меҳнат, назорати қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ва воридоти зиёди маблағ ба буҷа мусоидат хоҳад кард.




           

Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, агар соли 2007 ҳудуди 30 ҳазор мутахассисони хориҷӣ вориди Тоҷикистон гардида бошанд, пас ин шумора дар соли гузашта ба 62 ҳазор нафар расидааст. Соли 2008 барои будубоши ғайриқонунӣ 968 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҷазои маъмурӣ гирифта, 186 нафарашон ба ватан фиристода шуда буданд.




 



Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ шурӯъ шуд

0



           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ оғоз гардид. Мутобиқи фармони президенти ҷумҳурӣ, он то 31-уми май идома хоҳад ёфт.





           

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии гузашта пеш аз мӯҳлат ва пурра ба иҷро расида буд. Тибқи маълумоти Вазоарти мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешавад.




           

Феълан дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар шаҳрвандони синну соли даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, вале 150 ҳазор нафари онҳо пурра аз хизмат озод ё мӯҳлати даъваташон ба хизмат мавқуф гузошта шудааст.


Бидуни тағйири низоми иҷозатномадиҳӣ самараи фаъолияти соҳибкорӣ беҳтар нахоҳад гашт, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон Мадина Нурматова бар ин назар аст, ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон аслан таҷдиди назар нашуда, он барои ташкил ва рушди тиҷорат яке аз монеаҳои асосии маъмурӣ маҳсуб мегардад.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, низоми иҷозатномадиҳии мавҷуда дар Тоҷикистон бештар дорои талаботи кӯҳнашудаи замони шӯравӣ аст. «Гузашта аз ин, низоми мазкур шаффоф нест, зеро аксари соҳибкорон ба як қатор асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дастрасӣ надоранд», – гуфт ӯ.




           

М.Нурматова таъкид сохт, ки доштани иҷозатнома барои аксари соҳибкорон ҳатмӣ аст, вале барои гирифтани он вақту маблағи зиёд масраф мегардад ва соҳибкоррро баҳри ба даст овардани иҷозатномаи оғози фаъолият лозим аст, ду моҳ интизорӣ кашад. «Мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа ба афзоиши ришвахӯрӣ ва пардохти маблағҳои ғайрирасмӣ ба мансабдорон шароит фароҳам месозад, ки чунин вазъ аксари шаҳрвандонро аз машғул гардидан ба фаъолияти соҳибкорӣ бозмедорад», – баён дошт вай.




           

Ба назари коршинос, мушкилоти зикргардида натиҷаи мавҷуд набудани низоми ягона аст. «Бидуни ворид сохтани тағйирот дар низоми иҷозатномадиҳии ҷумҳурӣ, интизорӣ доштани беҳбуди фаъолияти соҳибкории хурду миёнаро чашмдор будан нашояд», – афзуд М.Нурматова.


Сарвари давлат ба мақомоти дахлдор ҷиҳати ташкили фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои саноатӣ супоришоти мушаххас дод

0


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар маҷлиси навбатии Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, сарвари давлат тава


ҷҷ


ӯ


ҳи ҳозиринро ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои бу


ҷ


ет


ӣ


, кам кардани харо


ҷ


оти идор


ӣ


, таъмини кори мунтазами обкашҳои барқ


ӣ


дар хочагиҳои кишоварз


ӣ


, вусъат додани кишти баҳор


ӣ


, дастрас намудани нуриҳои минерал


ӣ


, тезондани сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои хурди об


ӣ


ва корҳои вобаста ба


ҷ


усту


ҷ


ӯ


ва истихро


ҷ


и гази таби


ӣ




ҷ


алб намуда, ба масъулин супоришҳои қатъ


ӣ


дод.




Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бо фаро расидани мавсими фаровонии нер


ӯ


и барқ корхонаҳои саноат


ӣ


дар се баст, яъне шабор


ӯ


з


ӣ


фаъолият намоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва муовини раиси Шӯрои кории СҲШ баргузор шуд

0



           

Душанбе. 1-уми апрел. Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо муовини раиси Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили роҳандозии робитаи мустақим миёни доираҳои молиявӣ ва тиҷоратии кишварҳо ва ҷалби онҳо ба ҳамкории пурсамари мутақобила дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ ибрози ақида намуданд.




           

Ғайр аз ин, Д.Мезентсев ва Ш.Саид ба масоили барои Тоҷикистон муҳим, аз қабили ҳифзи сармоягузориҳо, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, раванди муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили механизмҳои фаъолияти суғуртакунӣ, боркашонӣ ва транзити борҳо таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи XII-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар бахши нашри матбуоти даврӣ ба кор шурӯъ мекунад

0



           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи


XII


-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб ва ва полиграфия ба кор шурӯъ мекунад.





           

Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа ба баррасии масоили беҳбуди роҳандозии нашри китоб ва қабули лоиҳаи Баёния оид ба дастгирии нашри китоб дар кишварҳои узви ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид.




           

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаи омодагиҳо ба баргузории Озмуни VI-уми байнулмилалии «Санъати нашри китоб» табодули афкор хоҳанд кард.



«Масъалаҳои таъсиси мақомоти нашри ИДМ ва таҳияи созишнома дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати мубодилаи маҳсулоти чопӣ байни кишварҳо низ мавриди муҳокимаи иштирокдорони ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – афзуд А.Юсуфов.


Раиси ММ МО ҶТ ҳайати парлумонии Русияро ба ҳузур пазируфт

0



           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл ҳайати парлумонии Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои федератсияи маҷлиси федеролии Русия, раиси Шӯрои кории СҲШ Дмитрий Мезентсевро ба ҳузур пазируфт.





           

Чӣ тавре ки ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорҳои байнипарлумонии кишварҳо ва натиҷаҳои форуми саввуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории минтақавӣ»-ро, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баргузор шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ҷараёни корҳои омодагӣ ба мулоқоти навбатии роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар

 

соли ҷорӣ муҳокима шуд.


БРО барои амалисозии барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон 40 млн. $ ҷудо карданист

0


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк ният дорад, ҷиҳати амалисозии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ 40 млн доллари ИМА ихтисос диҳад.




Ба қавли ӯ, маблағи мазкур аз ҳисоби 102 млн. $ воситаҳои Бунёди рушди Осиё, ки ба Тоҷикистон барои солҳои 2009-2010 ҷудо гардидааст, пешниҳод карда мешавад. «Зимни баррасии барномаи зиддибӯҳрони ҳукумат бонк ба ҷанбаи иҷтимоии он, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, кӯмак ба қишри осебпазири ҷомеа ва пардохти хизматрасониҳои коммуналии муассисаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард», – изҳор дошт ӯ.



М.Оҷиро мегӯяд, ояндаи наздик се гурӯҳи намояндагони бонк баҳри муайян сохтани амалисозии лоиҳаҳо барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон ба кишвари мо меоянд. Дар мавриди ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ номбурда гуфт, «мо чунин имконият дорем ва он мавриди баррасӣ қарор дорад».


БРО то 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷикро дар соли 2009 пешгӯӣ мекунад

0


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хавфи асосие, ки Тоҷикистон бо он дар соли ҷорӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар мебошад. Дар гузориши нави иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» гуфта мешавад, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба андозаи 30 дарсад ё аз он бештар коҳиш меёбад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба миқдори 22 дарсад поин рафт.




Имрӯз зимни муаррифии гузориши номбурда иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафар Ҳотамов изҳор дошт, ки соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон 60 дарсад афзудааст.



Дар гузориши нави иқтисодии БРО зикр мегардад, ки бар асари афзоиши сусти истеҳсолот ва коҳиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, феълан сеяки аҳолии қобили кори ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар фаъолият доранд ва ин вазъ ба он оварда расонидааст, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба мутахассисони баъзе аз бахшҳо эҳтиёҷ пайдо гардидааст. «Бо ҷойи корӣ таъмин намудани муҳоҷирони баргашта дар навбати худ ба рушди бахши хусусӣ вобаста буда, ҳарчанд ҳукумат баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ кӯшишоте ба харҷ диҳад ҳам, дар ин самт то ҳанӯз мушкилоти зиёде мавҷуданд», – афзуд З.Ҳотамов.