Home Blog Page 5116

В.Светличний: Муносибати Русия ба ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ҷиддиву эҳтиёткорона мешавад

0



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории конфронси байнулмилалии илмӣ таҳти унвони «Мушкилоти амнияти кишварҳои Осиёи Миёна дар шароити бӯҳрони молӣ» намояндаи муваққатии умури Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний изҳор дошт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. «Русия минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки минтақаи Осиёи Марказӣ на чун минтақаи рақобат, балки ба сифати минтақаи ҳамкориҳои пурсамари байнулмиалалӣ эътироф карда шавад», – гуфт ӯ.





           

Номбурда гуфт, муносибати Русия ба ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бештар ҷиддиву эҳтиёткорона мешавад. «Бидуни таҳкими соҳибистиқлолӣ ва муваффақ гардидан ба ҳамгиройии пурсамар миёни кишварҳо таъмини суботу амният дар минтақа тасаввурнопазир аст», – афзуд ӯ.


Дар Маскав Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистон қабул гардид

0



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав иштирокдорони Конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистонро қабул карданд.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар конфронс вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба мамолики ҳамҷавор, тақвияти кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Зимни суханронӣ дар конфронс вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба роҳандозии иқдомот баҳри рушди иқтисоди Афғонистон ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки таъмини рушди бахши иқтисоди кишвари ҳамсоя ба коҳиши қочоқи маводи мухаддир ба давлатҳои ҳамҷавор мусоидат хоҳад кард. «Тоҷикистон, ки фоҷеаҳои ҷанги шаҳрвандиву муташанниҷии шадиди вазъро замоне паси сар намуд, чунин мешуморад, ки барои таъмини субот дар Афғонистон эҳёи фаъолият ва рушди зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоӣ омили ҳалкунанда аст», – гуфт ӯ.




 


          

Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки амалисозии барномаи киштукору парвариши зироатаҳои алтернативии кишоварзӣ ба нобуд кардани заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон имкон муҳайё мекунад. Вазири умури хориҷии ҶТ ҳамзамон аз пешниҳоди президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси маркази минтақавии саввуми мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе ёдовар шуд, ки барои таъмини суботи вазъ дар Афғонистон ва минтақа иқдоми ҷиддие хоҳад буд.




           

Дар фарҷоми конфронс зикр гардид, ки аксари мамолики дунё ва созмонҳои байнулмилалӣ баҳри кӯмак ба эҳёи зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон изҳори омодагӣ кардаанд.


«Талко» ба феҳристи ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд

0




Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои баргузории аудит аз ҷониби ширкати


SGS


, Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ба гувоҳномаи низоми менеҷменти сифат (ISO 9001:2008) сазовор дониста шуда, ба

феҳристи

ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд.






Чӣ тавре ки сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати


SGS


дар беш аз 100 ҳазор ширкати дунё санҷиш (аудит) гузаронида, дар ин соҳа яке аз муассисаҳои маъруф маҳсуб мегардад.





С.Қодирова иттилоъ дод, ки директори


SGS


оид ба Қазоқистон Александ Вазнюк гуфтааст, гувоҳномаи (сертификати) мазкур баҳри рақобатпазирии муваффақонаи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт.





Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ширкати «Талко» нахустин шуда низоми менеҷменти сифати ISO 9001:2008-ро ҷорӣ сохт ва ягона ширкатест, ки дар Тоҷикистон ба гирифтани гувоҳнома муваффақ гаштааст. Молик будан ба гувоҳномаи мазкур яке аз талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад.



Ба гуфтаи С.Қодирова, ҷорисозии низоми менеҷменти сифат ба соҳиб шудани бартарияти корхона дар тендерҳо нисбат ба рақибони худ, афзоиши рейтинги корхона, беҳбуди фаъолияти пурсамари мутақобилан судманди воҳидҳо ва мутахассисони корхона, коҳиши хароҷот, тавсеъаи бозори фурӯши маҳсулот ва муттаҳидии коргарону интизоми меҳнат мусоидат хоҳад кард.





Сухангӯи ширкат ҳамчунин зикр кард, ки ташкил ва афзудани ҳаҷми содироти махсулоти ба талаботи истеъмолгарон ҷавобгӯи корхона, ҷустуҷӯ ва тавсеаъи бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, аз даст надодани мавқеи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ ва дар ниҳояти кор ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидан, назорати доимии сифат ва дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани технология муосирро тақозо мекунад.


Дар Маскав Ҳ.Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ ва ҳамтои турки худ дидору гуфтушунид кард

0


Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Маскав вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Иҳсоноғлу дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад.




Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ва масоили марбут ба омодагиҳо ба баргузории нишасти СКИ дар соли 2010

 

мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Дар Маскав вазиру умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин бо ҳамтои турки худ Алӣ Бобоҷон низ мулоқот кард. Зимни гуфтушунид масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо ва ҷараёни иҷрои қарордодҳое, ки соли гузашта ҳангоми боздиди вазири умури хориҷии Туркия аз Тоҷикистон ба имзо расида буданд, матраҳ гардиданд. Дар мулоқот инчунин атрофи мавзӯи боздиди расмии қарибулвуқӯъи президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.



Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Маскав конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба Афғонистон баргузор гардид.


Имрӯз президенти нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро интихоб мекунанд

0




 



Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Анҷумани ғайринавбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон президенти нави ҷамъиятро интихоб мекунанд. Дар Пленуми Кумитаи Марказии ҷамъият, ки 27-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуд, оид ба доир кардани анҷумани мазкур тасмим гирифта шуд.



Чӣ тавре ки корманди ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба ин муносибат дар ҳамаи 1098 ташкилоти ибтидоӣ ва 69 шӯъбаи ҷамъият дар ҷумҳурӣ конфронсҳои ғайринавбатии ҳисоботиву интихоботӣ баргузор гардида, вакилони анҷуман интихоб шудаанд.



Бояд гуфт, собиқ президенти ҶҲАТ Нусратулло Файзуллоев моҳи сентябри соли 2008 бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.





C


.Назаров мегӯяд, ба мансаби президенти ҷамъият ҳар кадоме аз 28 вакил номзад шуда метавонад.


Ба донишҷӯёни тоҷики муқими Британияи Кабир мувофиқи системаи нави холҳо раводид дода мешавад

0



        

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ба дониш


ҷ


ӯ


ёни то


ҷ


ик, ки дар Британияи Кабир таҳсил мекунанд, аз 31 март сар карда, мувофиқи системаи нави холҳо раводид дода мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар медиҳад.




Мувофиқи тартиби нави нисбатан шаффофи гирифтани раводид, дониш


ҷ


ӯ


ён бояд дар бораи таҳсилашон дар мактабҳои олии ин мамлакат ҳу


ҷҷ


ат пешниҳод намоянд. Онҳо бояд исбот кунанд, ки барои таъмини зиндаг


ӣ


дар Британияи Кабир маблағи коф


ӣ


доранд. Инчунин, барои гирифтани раводид маълумоти биометр


ӣ


талаб карда мешавад.




           

Аз р


ӯ


и қоидаҳои нав, раводид ба дониш


ҷ


ӯ


ён имкон медиҳад, ки дар давоми таҳсил ҳафтае 20 соат кор кунанд. Дар давраи таътил ба онҳо и


ҷ


озат дода мешавад, ки тамоми р


ӯ


з ба кор машғул шаванд.


Дабири кулли СММ: Барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст

0



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои 20 кишвари мутараққии ҷаҳон дар Лондон гуфта мешавад, барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.





           

Пан Ги Мун аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бӯҳрони молӣ метавонад ба муташанниҷ гаштани вазъ дар саросари дунё боис гардад ва аз ин рӯ, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати сабук гардонидани оқибатҳои он барои қишри осебпазири ҷомеа чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

 





           

Дабири кулли СММ ба иштирокдорони нишаст тавсия додааст, ки ба мушкилоти вазъи муҳоҷирон, ки ба бӯҳрони молӣ марбут аст, таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир созанд. Ӯ пешниҳод кардааст, як низоми нави иқтисодиву молиявӣ, ки таҷассумгари тағйироти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон бошад, ташкил гардад, то ки мамолики дорои иқтисоди начандон қавӣ ва кишварҳои дарҳоли рушд қарордошта имкон дошта бошанд, дар ҳалли тасмимоти муҳим дар ин бахш ширкат варзанд.


Вазири молияи ҶТ мӯътақид аст, ки танҳо дастаҷамъона метавон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфт

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни дидору гуфтугӯи вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо директори Раёсати федеролии молиявии Дафтари Швейтсария Петер Зигенталер ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Рудолф Шох масоили таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо оид ба вазъи мавҷуда ва чораҳои пешгирифта ҷиҳати раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ибрози ақида намуданд.

 





           

Бино ба иттилои манбаъ, С.Наҷмиддинов бо итминони комил изҳор дошт, ки танҳо дастаҷамъона ва бо кӯмаки ҳамдигар метавон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфт. «Ман боварӣ дорам, ки бо мавриди амал қарор додани барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба инобат гирифтани пешниҳоду тавсияҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ аз таҷрибаи андӯхтаашон дар кишварҳои дигар мо аз бӯҳрони молӣ муваффақона раҳоӣ хоҳем ёфт», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Дар вилояти Суғд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба корхонаҳо ва аҳолӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфт

0



           

Хуҷанд. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҳаҷми пешниҳоди қарз ба корхонаҳои хусусӣ ва аҳолӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфт.





           

Чӣ тавре ки аз шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ бонкҳо ба маблағи умумии 88 млн. сомонӣ қарз ҷудо кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад камтар аст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, чанде аз муассисаҳои қарздиҳии молиявӣ, ки ҷиҳати пешниҳоди қарз мунтазам талабот доранд, фоизи қарзҳоро тағйир медиҳанд ва дар баъзе аз муассисаҳо он ба 36 фоизи солона баробар шудааст.




           

Зикр гардид, ки дар ин давра тамоили афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба асъори миллӣ ба мушоҳида расида, ҳаҷми тахсиси қарз бо асъори хориҷӣ (асосан доллари амрикоӣ) коҳиш ёфтааст.


Раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» дар зимистони соли гузашта қаноатманд нест

0



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки ҳарчанд мақомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик» доимо таъкид месохтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта пойтахти кишварро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард, вале ӯ аз натиҷаи фаъолияти онҳо қаноатманд нест.





           

М.Убайдуллоев зикр кард, ки ҳудуди 70 дарсади арзу шикояти сокинони шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистон маҳз ба таъминот бо барқ марбут аст.




           

Дар навбати худ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов гуфт, дар муқоиса бо мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта, ҳаҷми таъминот бо барқ дар пойтахт ба андозаи 44 дарсад коҳиш ёфтааст.




           

Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади коҳиши ҳаҷми талафоти барқ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати суръат бахшидани корҳои

 

насби ҳисобкунакҳои электронии барқ дар манозили сокинон супоришоти мушаххас дод.



Тибқи маълумоти сохтори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ, айни замон дар корхонаву муассисот ва манозили зисти сокинони пойтахт 16 ҳазор ҳисобкунакҳои эдектронии барқ насб гардида, то ахири сол расонидани шумори он то 165 ҳазор ба нақша гирифта шудааст.