Home Blog Page 5121

Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и Барзу Абдураззоқов дар Душанбе манъ карда шуд

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустнамоиши спектакли «Девонагӣ. Соли 93»-и коргардони театри академии русии ба номи Маяковский Барзу Абдураззоқов, ки рӯзи 17-уми март мсуаррифӣ гардида буд, дар Душанбе манъ карда шуд.




Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Барзу Абдураззоқов изҳор дошт, ки дар муаррифномаи спектакл дар қатори намояндагони вазорати фарҳанг ва доираҳои фарҳангии кишвар намояндагони дипломатии кишварҳои дигар ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, ба намоишнома баҳои баланд доданд, вале намояндагони вазорати фарҳанг намоиши спектаклро ғайрирасмӣ манъ эълон карданд. «Намояндагони вазорат мегӯянд, бинобар хусусияти инқилобӣ доштани спектакл намоиши он манъ гардидааст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қаблан мазмуну мӯҳтавои спектакл ба вазорати фарҳанг пешниҳод гардида, мувофиқа ҳосил шуда буд.



Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати фарҳанги ҶТ аз шарҳи иттилои марбут ба ин қазия худдорӣ намуданд.


Муовини вазири нақлиёти кишвар аз мансабдорон даъват ба амал овард, ки аз мошинсаворӣ ба велосипедронӣ гузаранд

0



           

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон 100 дад велосипеди истеҳсоли Русия ва Чин харидорӣ кард.





           

Чӣ тавре ки муовини вазир Бег Зуҳуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ кормандони ин вазорат мошинҳои хидматии худро канор гузошта ва ба истифода аз дучарха ва ё велосипед рӯ меоранд.

 

Ин тасмим, ба гуфтаи вазорат, дар иртибот ба муқобила бо таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти молиявӣ гирифта шудааст.




           

Ба қавли Б.Зуҳуров, айни замон велосипедҳо ба ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Главпочтамт» дода шуда ва кормандон бо дарки масъулият ба чунин иқдом рафтор намудаанд. «Худи ман ҳам ба велосипед гузаштам, зеро истифода аз велосипед чун нақлиёт дар ҷаҳон маъмул гардида ва гузашта аз ин, велосипедронӣ ба беҳбуди саломатии инсон низ муфид аст», – афзуд Б.Зуҳуров.


Президенти ҶТ ҷонибдори қабули қонуни нав «Дар бораи забон» аст

0



           

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки соли равон аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Дар идомаи суханронӣ сарвари давлати Тоҷикистон чунин баён дошт:




«Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шӯравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст.



Бинобар ин, барои таҳияи лоиҳаи нави қонун гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки он бояд дар асоси меъёрҳои таърихиву адабӣ, ниёзҳову таҳаввулоти ҷомеа ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ лоиҳаи қонуни навро омода сохта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.



Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад. Бо ин забон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба имзо мерасанд, осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд. Аз ин рӯ, возеҳ аст, ки омӯзиши забони ниёгон бояд дуруст ба роҳ монда шавад.



Илова бар ин, дар радифи таълими забонҳои хориҷӣ бояд раванди омӯзиши хати ниёгон низ суръату сифати тоза пайдо намояд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зарур аст, ки доир ба густариши таълими хати ниёгон тадбирҳои муассир андешанд. Зиёиён низ вазифадоранд, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошанд.



Ҳадаф аз қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, ҳифзи асолати забони то


ҷ


ик


ӣ


дар мақоми забони давлат


ӣ


, таъмини истифодаи фарогир ва густариши ҳама


ҷ


онибаи он дар тамоми соҳаҳои и


ҷ


тимо


ӣ


, иқтисод


ӣ


ва сиёсии кишвар мебошад, ки ин амр тақозои воқеияти замон аст.



Густариши забони то


ҷ


ик


ӣ


, таҳкими мақоми давлат


ӣ


ва тавсеаи доираи истифодаи он ҳамчунин зарурати таҳияи фарҳангномаҳои истилоҳоти соҳав


ӣ


ва луғати комили имлои забони то


ҷ


икиро талаб мекунад, ки ин кор аз


ҷ


ониби мутахассисон бо масъулияти бисёр


ҷ


идд


ӣ


бояд сурат гирад.



Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Р


ӯ


дакии Академияи илмҳо вазифаи таълифи «Фарҳанги тафсирии мукаммали забони то


ҷ


ик


ӣ


» иборат аз 6


ҷ


илд гузошта шудааст ва табъу нашри он дар зарфи 5 соли наздик бояд ба ан


ҷ


ом расад.



Соли 2011 ба зодр


ӯ


зи яке аз чунин фарзандони бузурги халқи то


ҷ


ик, муборизи матини роҳи сулҳ ва мунодии ваҳдату д


ӯ


стии халқҳои


ҷ


аҳон, Қаҳрамони То


ҷ


икистон Мирзо Турсунзода 100-сол пур мешавад.



Зодр


ӯ


зи ин устоди каломи бадеъро, ки дар Осиё ва Африқо ш


ӯ


ҳрати беандоза дорад, бояд сазовор


ҷ


ашн гирем.



Ба Комиссияи миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод мешавад, ки барои ба феҳристи


ҷ


ашнҳои ин созмони бонуфуз ворид намудани 100-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад.




 

Ҳамчунин бо дарназардошти хизмати шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода ва


Ҷ


алол Икром


ӣ


дар рушди адабиёти муосири то


ҷ


ик, ки


ҷ


ашни садсолагии онҳо дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти То


ҷ


икистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бобати абад


ӣ


гардонидани хотираи онҳо бояд тадбирҳо андешанд.



Ба назари мо, ба Донишгоҳи забонҳо гузоштани номи Сотим Улуғзода, ки ҳамчун тар


ҷ


умони бузург низ ш


ӯ


ҳрат дорад ва ба номи


Ҷ


алол Икром


ӣ


гузоштани яке аз хиёбонҳои пойтахт мувофиқи мақсад мебошад».



Сарвари давлат ба аҳли зиё бо дархосте муроҷиат намуда, гуфт, «бешубҳа, дар китобхонаҳои шахсии шумо асарҳои зиёде маҳфузанд, ки истифода кардаед ва метавонед онҳоро ба хотири баҳрабардории дигарон ва ғизои маънавӣ гирифтани хусусан ҷавонон

 

ба китобхонаҳои оммавӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии мамлакат тақдим намоед.



Ин кори хайри шумо ба рушди донишу маърифат дар ҷомеа мусоидат менамояд ва дар натиҷа ҳама бурд хоҳанд кард. Умедворам, ки ин даъват мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи шумо қарор хоҳад гирифт».


 

Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» оғоз гардид

0



           

Хуҷанд. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии ҳафт тан сокинони шаҳри Хуҷанд, ки ба узвият дар ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар дониста мешаванд, оғоз гардид, аммо дере нагузашта қатъ карда шуд.





           

Раисикунандаи мурофиа – додраси додгоҳи шаҳрӣ Исо Таваккалов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бинобар бад гаштани вазъи саломатии яке аз гумонбаршудагон, баргузории мурофиа мавқуф гузошта шуд. «Мурофиаи додгоҳӣ шояд пас аз таҷлили Иди Наврӯз баргузор шавад», – гуфт ӯ.




           

Мувофиқи маълумоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрвави минтақаи шимоли кишвар 11 узви «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт шуд.

 



Раиси пойтахт барои баргузории мусобиқоти гӯштин дар Иди Наврӯз 32 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард

0



           

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи пойтахт барои баргузории мусобиқоти гӯштини миллӣ ба муносибати Иди Наврӯз ҳудуди 32 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин маблағ барои ғолибон ҷоизаҳо харида мешаванд. «Ҷоизаи асосӣ – Ҷоми Наврӯз-2009 1100 сомонӣ арзиш дорад», – гуфт ӯ.




           

Мусобиқоти гӯштини миллӣ рӯзи 22-уми март, соати 14 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешаванд.


Маҷаллаи Forbes Тоҷикистонро миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор донист

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз маҷаллаи маъруфи


Forbes


рӯйхати навбатии кишварҳои беҳтарин барои тиҷорат дар соли 2009-ро интишор намуд. Тоҷикистон миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор дониста шуд.




Маҷалла бори чаҳорум аст, ки чунин гузоришро ба чоп мерсонад ва таъкид месозад, ки мавқеъи кишварҳо дар рӯйхат ба ҳаҷми ММД ё мизони бекорӣ вобаста нест. «Мақсади асосӣ – пешниҳоди тамоми иттилооти зарурӣ ба сармоягузорон аст ва меъёри аслӣ барои мо вазъи демократия дар давлатҳо, риояи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи сармоягузорӣ маҳсуб мегардад», – оварда шудааст дар гузориш.



Тибқи гузориши маҷалла, соли равон Дания бори дигар мақоми аввал, ИМА дуввум ва Канада зинаи саввумро соҳиб гардиданд. Дар зарфи як сол Русия 17 мавқеъро аз даст дода, аз мақоми 103 ба 86-уми поин рафт. Мақоми кишварҳои собиқи шӯравӣ дар рӯйхат чунин аст: Гурҷистон – мақоми 64, Қазоқистон – 71, Озарбойҷон – 87, Қирғизистон – 90, Арманистон – 94 ва Украина мақоми 97-ум.


Яке аз соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат ба бунёди нерӯгоҳи ҳароратии ангиштӣ аз ҳисоби худ ва ҷалби сармояи хориҷӣ изҳори омодагӣ кард

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Аз сиёсати созандагӣ ва бунёдкории сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳибкорони ноҳияи Ваҳдат Сафарбек Назаров илҳом гирифта, изҳор дошт, ки


ӯ


омода аст бо хар


ҷ


и маблағҳои худаш ва


ҷ


алби сармояи хори


ҷ


ӣ


дар маркази шаҳри Ваҳдат як нер


ӯ


гоҳи ҳароратии ангишт


ӣ


бо иқтидори 50 мегават бунёд мекунад.





 



Ӯ


ба Президенти мамлакат қавл дод, ки то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20-солагии истиқлолияти давлатии То


ҷ


икистон ин нер


ӯ


гоҳро сохта, ба истифода медиҳад. Соҳибкор Сафарбек Назаров иттилоъ дод, ки дар назди ин нер


ӯ


гоҳ ҳамчунин як корхонаи истеҳсоли бензин ва с


ӯ


зишвории дизелии сунъ


ӣ


(синтетик


ӣ


) бунёд мекунад.



Ба гуфти


ӯ


,

 

дар ин


ҷ


о то 1000 нафар дар давраи сохтмон ва ҳамин қадар каси дигар баъди ба кор даромадани ин иншоот бо


ҷ


ойи кор таъмин мегарданд.



Маблағи умумии сохтмони ин иншоот беш аз 65 миллион евроро ташкил медодааст.




 


          

Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон зимни с


ӯ


ҳбатҳои озоду ошкоро мардумро бори дигар ба корҳои истеҳсол


ӣ


, созандагию бунёдкор


ӣ


, ободонии муҳити зист ва кам кардани харо


ҷ


оти беҳуда дар гузарондани расму оини р


ӯ


згор ҳидоят намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Бонки Рушди Осиё барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистонро маъқул мешуморад

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат Бонки Осиёии Рушд

 

ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Беш аз 130 миллиони онро кӯмаки техникӣ ва грант ташкил додааст. Ҳамчунин барои солҳои 2009 ва 2010 пешниҳод гаштани 102 миллион доллари амрикоӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки қисмати зиёди ин кӯмак давоми ҳамин сол ҷудо гашта, 40 миллионаш танҳо ба дастгирии буҷети давлатӣ барои кам кардани

 

таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона мегардад.



Шиаою Жао ба роҳбарияти сохторҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ва барномаи зиддибӯҳронии дар кишвар таҳиягашта баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо кишварҳою созмонҳои дигари мададрасон дар таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад «ва дар чаҳорчӯби он кӯмакҳои нави молиявӣ, машваратӣ ва ғайра расонда мешаванд», изҳор намуд ӯ.



Шиаою Жао ҳамчунин изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд минбаъд низ дар дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба сӯйи Афғонистон иштироки фаъол хоҳад дошт.



Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва нерӯи инсонӣ аз афзалиятҳои асосии он аст, баҳои баланд дода шуд.



Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Бонки Рушди Осиё ҷиҳати дастгирии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё ҷиҳати дастгирии бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистон 40 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар гуфтушуниди вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати гурӯҳи Бонки рушди Осиё таҳти сарварии сариқтисодчӣ Сонна Шрест оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил гардида, имзои созишнома ояндаи наздик ба нақша гирифта шуд.



Ба иттилои манбаъ, дар робита ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҷонибҳо инчунин атрофи масоили вазъи мавҷудаи иқтисоду молия дар ҷумҳурӣ ва пеш гирифтани чораҳо барои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрон табодули афкор карданд.


Намояндаи парлумон: Мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд

0


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ, аъзои кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Аҳмедов бар ин назар аст, ки мансабдорони тоҷик бояд назди мардум дар бораи даромадҳои худ ҳисобот диҳанд.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки чанд рӯзе қабл дар парлумон бо иштироки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҷаласа доир гардида, дар он ӯ пешниҳод кардааст, ки бояд мансабдорон дар бораи даромадҳои худ эъломия пешниҳод созанд ва аксари намояндагони парлумон ин пешниҳодро пазируфтаанд. «Айни замон ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ тибқи қонунгузорӣ, бояд эъломия дар бораи даромадҳои худро таҳия намуда, моҳи апрел ба Кумитаи андоз пешниҳод созанд, вале касе ба он таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад ва амали қонун танҳо дар коғаз боқӣ мемонад», – изҳор дошт вай.



Ба қавли Ю.Аҳмедов, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, назорати пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромади шаҳрвандонро ба зиммаи худ гирад ва гузашта аз ин, маълумот оид ба даромади мансабдорон бояд барои ҷомеа дастрас бошад. «Ба ин нукта сарвари давлат борҳо ишора намуд, вале то ҳанӯз он роҳи ҳалли худро пайдо накардааст», – афзуд Ю.Аҳмедов.