Маҷаллаи Forbes Тоҷикистонро миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор донист

Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз маҷаллаи маъруфи Forbes рӯйхати навбатии кишварҳои беҳтарин барои тиҷорат дар соли 2009-ро интишор намуд. Тоҷикистон миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор дониста шуд. Маҷалла бори чаҳорум аст, ки чунин гузоришро ба чоп мерсонад ва таъкид месозад, ки мавқеъи кишварҳо дар рӯйхат ба ҳаҷми ММД […]


Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз маҷаллаи маъруфи


Forbes


рӯйхати навбатии кишварҳои беҳтарин барои тиҷорат дар соли 2009-ро интишор намуд. Тоҷикистон миёни 127 кишвари беҳтарин барои тиҷорат ба мақоми 123-ум сазовор дониста шуд.




Маҷалла бори чаҳорум аст, ки чунин гузоришро ба чоп мерсонад ва таъкид месозад, ки мавқеъи кишварҳо дар рӯйхат ба ҳаҷми ММД ё мизони бекорӣ вобаста нест. «Мақсади асосӣ – пешниҳоди тамоми иттилооти зарурӣ ба сармоягузорон аст ва меъёри аслӣ барои мо вазъи демократия дар давлатҳо, риояи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи сармоягузорӣ маҳсуб мегардад», – оварда шудааст дар гузориш.



Тибқи гузориши маҷалла, соли равон Дания бори дигар мақоми аввал, ИМА дуввум ва Канада зинаи саввумро соҳиб гардиданд. Дар зарфи як сол Русия 17 мавқеъро аз даст дода, аз мақоми 103 ба 86-уми поин рафт. Мақоми кишварҳои собиқи шӯравӣ дар рӯйхат чунин аст: Гурҷистон – мақоми 64, Қазоқистон – 71, Озарбойҷон – 87, Қирғизистон – 90, Арманистон – 94 ва Украина мақоми 97-ум.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.