Home Blog Page 5128

Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ бо ҳайати САҲА мулоқот намуд

0


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Клаус Расмуссен масъалаи баргузории ислоҳот дар низоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили амалисозии лоиҳаҳои муштараки ВКД ҶТ ва САҲА, татбиқи минбаъдаи нобуд сохтани аслиҳаи сабуки мусодирашуда, рушди хадамоти кинологии вазорат, истифодаи имконоти Академияи вазорат ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва таҳкими имконоту қудрати мақомоти умури дохилӣ табодули афкор намуданд.


Аъзои палатаи болоии парлумонҳои Тоҷикистону Русия масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз ҷаласаи дуввуми комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Русия ва палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад.





           

Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ММ МО ҶТ оид ба илм, маориф ва робитаҳои ҷамъиятӣ, президенти Академияи улуми ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов ва муовини аввали раиси комисссияи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба регламент Олег Пантелеев доир мегардад.



«Дар ҷаласа масоили мухталифи роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти қонунгузори кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – афзуд манбаъ.


Парлумони Ӯзбекистон Созишнома дар бораи марз бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

0


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон чанде қабл Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард.


Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тасвиби созишнома аз ҷониби парлумонҳои кишварҳо ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар мусоидат хоҳад кард.


Ёдрас мекунем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи мазкурро ахири моҳи феврали соли ҷорӣ ба тасвиб расонида буд. Рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, ки дар он дар қатори масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ масъалаи марбут ба марзи давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, асноди дахлдор ба имзо расида буданд.


Ҳамчунин зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти роҳбарии муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молия Рустам Азимов сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод сохта буд, ки баҳри ҳарчи зудтар ба тасвиб расидани ин созишнома кӯшиш ба харҷ дода шавад.


Тибқи маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, масофаи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1106 километрро ташкил медиҳад.

Дар Агентии маводи нашъаовар барои кормандони мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон курсҳои бозомӯзӣ ташкил мешаванд

0



           

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти роҳбари ин агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сармушовири милиса дар назди дабири куллии ин созмон Кевин Карти баргузор шуд.





           

Тавре сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро хуб арзёбӣ намуданд. «Рустам Назаров аз дастгирии САҲА дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба намояндаи созмон изҳори миннатдорӣ карда, ҳамчунин меҳмононро бо фаъолияти агентӣ ва вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа ошно сохт», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Раҳматуллоев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи дар заминаи агентӣ барои кормандони мақомоти мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон ташкил намудани курсҳои бозомӯзиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.


Дар шаҳри Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд

0


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд.




Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони он дар тамоми олам маънидод кард.



Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин доир намудани ҳамоиши даҳуми ЭКО – ро низ яке аз иқдомҳои муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва болоравии обрӯи Эрон дар минтақа арзёбӣ намуд.



Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабонро дорои захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи зиёд номида, пешниҳод намуд, ки

 

ҳарчи зудтар Барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия ва қабул карда шавад.



Густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам тавассути иштироки бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси бештари корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.



Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба кам кардани мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2,

 

анҷоми пурраи нақби Истиқлол, оғози сохтмони нерӯгоҳи обии «Шӯроб» ва нерӯгоҳҳои хурди обӣ, нақби Чормағзак ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сурат гирифт.



Истифодаи имкониятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бобати тайёр намудани мутахассисони бахшҳои саноат, энергетика, роҳу нақбсозӣ ва технологияҳои муосир низ барои Тоҷикистон муҳим маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари мтбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи баргузории Мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


(ЭКО) Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Покистон

 

Осиф Ал


ӣ


Зардор


ӣ


мулоқот кард, ки зимни он такони нав додани муносибатҳои ду давлат зарур шумурда шуд.




Таъкид гардид, ки ҳарду


ҷ


ониб бояд аз имкону захираҳои фаровони ҳамкор


ӣ


ба хуб


ӣ


истифода баранд, аз


ҷ


умла баҳри бунёди нер


ӯ


гоҳҳои об


ӣ


ва хатҳои баландшиддати интиқоли нер


ӯ


и барқ миёни ду кишвар.



Ифтитоҳи роҳу пулҳои нав миёни То


ҷ


икистону Афғонистон бо пайванд


ӣ


ба Покистон ва кушода шудани минтақаҳои озоди иқтисодии Пан


ҷ


ва Ишкошими То


ҷ


икистон низ мавриди тава


ҷҷ


ӯ


ҳ барои густариши робитаҳои иқтисод


ӣ


қарор гирифт.



Эҳё намудани робитаи мустақими ҳаво


ӣ


миёни ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварз


ӣ


, истихро


ҷ


и маъданҳо, фарҳанг ва туризм зарур шумурда шуд.



Изҳори бовар


ӣ


карда шуд, ки


ҷ


оннок гаштани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


ва сафари Президенти


Ҷ


умҳурии Исломии Покистон

 

Осиф Ал


ӣ


Зардор


ӣ


ба То


ҷ


икистон метавонанд таконбахши муносибатҳои гуногун


ҷ


анбаи ду кишвари д


ӯ


ст гарданд.



Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин атрофи авзои сиёсию и


ҷ


тимоии Афғонистону Покистон ва муборизаи муштарак бо хатари терроризму экстремизм сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ба афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ идома медиҳад

0



           

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҶСК «Бонки Эсхата» ба маблағи 43 млн. сомонӣ қарз ҷудо намуд.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қисмати асосии қарз баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, эҳтиёҷоти истеъмолӣ, маблағгузории бахши кишоварзӣ ва дастрасии чиптаҳо барои муҳоҷирони тоҷик равона гардидааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ба афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ идома медиҳад. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми сандуқи қарзии бонк беш аз 162 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта ба андозаи 80 дарсад бештар аст.




           

Зикр гардид, ки соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар 6 шӯъбаи нави бонк ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо хизматрасонии ҷудо кардани қарз ба роҳ монда шудааст. «Дархостномаҳои ҷудо кардани қарз дар муддати аз 1 то 15 рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, зеро андозаи маблағгузории қарз метавонад то 200 ҳазор доллари амрикоӣ бошад», – афзуд сарчашма.


Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии ВМКБ ҳудуди 1 млн. доллар коҳиш ёфт

0



           

Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳҳои январ-фервали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз хориҷи кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб ба андозаи 900 ҳазор доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.





           

Тавре муовини раиси ВМКБ Азиз Гиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба вилоят беш аз 2 млн. 997 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 898 ҳазор $ камтар аст.




           

А.Гиёев мегӯяд, коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба бӯҳрони молӣ ва бекор мондани муҳоҷирони меҳнатии вилоят дар Русия вобаста аст. «Имрӯз ба замми бекор мондани аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, ба муҳоҷирони меҳнатии бо ҷойи кор таъмин муддати чанд моҳест, ки маош пардохта намешавад», – гуфт ӯ.




           

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят, беш аз 24 ҳазор ё 12 дарсади аҳолии ВМКБ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва 23 ҳазори онон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.


Имсол ҷашнвораҳои «Парасту» ва «Наврӯз» баргузор намешаванд

0


Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор намешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазоарти фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, бинобар камбуди маблағ чунин қарор қабул гардида, мӯҳлати баргузории ҷашнвораи минбаъда низ мушаххас нест. Ёдрас мекунем, ки баргузории ҷашнвораи


XIII


-уми ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз 23 то 31-уми март дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда буд.



Тибқи иттилои қаблӣ, ҳаҷми мукофотпулии ҷашнвора ба андозаи 12 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, ғолибон ва ба Шоҳҷоизаи ҷашнвора ноилгаштагон ба иштирок дар Ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» роҳхат мегирифтанд, ки он бояд моҳи апрел дар ҷумҳурӣ доир мегашт.




 

Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи «Наврӯз» низ доир намегардад. «Ин ҷо ду сабаб мавҷуд аст – ҷиҳати молиявӣ ва баргузории миқдори зиёди чорабиниҳои фарҳангӣ дар соли равон», – афзуд манбаъ.


Дар ҷумҳурӣ кишти баҳории зироатҳо ба андозаи 24,3 дарсади нақша ба иҷро расид

0


Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Хатлон дар беш аз 53 дарсади заминҳои тибқи нақша пешбинишуда кишти баҳорӣ гузаронида шуд.




Тавре сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз нақшаи пешбинишудаи 29,6 ҳазор гектар, 6 ҳазор гектар ва дар вилояти Суғд аз 61,8 ҳазор гектари пешбинишуда беш аз 6 ҳазор гектар замин кишт шудаанд.



Ба гуфтаи Н.Додобоев, соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, ки дар майдони беш аз 134 ҳазор гектар кишти зироати ғалладона гузаронанд ва то имрӯз дар 24,3 дарсади заминҳо киштукори баҳории зироати ғалладона

 

анҷом дода шудааст.



Ғайр аз ин, феълан ҷараёни ғизодиҳӣ дар заминҳои кишти тирамоҳӣ гузаронидашуда идома дорад. Аллакай аз 215 ҳазор заминҳои кишти тирамоҳӣ дар беш аз 100 ҳазор гектар ғизодиҳӣ анҷом дода шудааст.