Парлумони Ӯзбекистон Созишнома дар бораи марз бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон чанде қабл Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тасвиби созишнома аз ҷониби парлумонҳои кишварҳо ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар мусоидат хоҳад кард. Ёдрас мекунем, ки Маҷлиси намояндагони […]


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон чанде қабл Созишнома дар бораи марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард.


Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тасвиби созишнома аз ҷониби парлумонҳои кишварҳо ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар мусоидат хоҳад кард.


Ёдрас мекунем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишномаи мазкурро ахири моҳи феврали соли ҷорӣ ба тасвиб расонида буд. Рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, ки дар он дар қатори масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ масъалаи марбут ба марзи давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, асноди дахлдор ба имзо расида буданд.


Ҳамчунин зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти роҳбарии муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молия Рустам Азимов сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод сохта буд, ки баҳри ҳарчи зудтар ба тасвиб расидани ин созишнома кӯшиш ба харҷ дода шавад.


Тибқи маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, масофаи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1106 километрро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.