Home Blog Page 5139

Президенти Русия аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки сафари давлатӣ ба Русия анҷом диҳад

0


Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раис


ҷ


умҳури Русия Дмитрий Медведев аз Эмомал


ӣ


Раҳмон даъват кард, ки сафари давлат


ӣ


ба Русия ан


ҷ


ом диҳад.




Раис


ҷ


умҳури Русия дар оғози мулоқот бо раис


ҷ


умҳури То


ҷ


икистон иброз дошт, ки омодааст дар гуфтуг


ӯ


тамоми масоили ҳамкории миёни ду кишвар ва дурнамои онро баҳсу баррас


ӣ


кунад.



Вай гуфт, ки «мушкилиҳо ҳамеша ба миён меоянд, вале мо бояд дар бораи он биандешем, ки ч


ӣ


гуна ҳамкориҳоро идома бидиҳем». Дмитрий Медведев афзуд, раҳбарони ҳарду кишварро мебояд дар бораи усули кори минбаъда бо тарҳҳои қаблан пешбинишудаи иқтисод


ӣ


мавқеи худро муайян кунанд.



Дмитрий Медведев таъкид кард, ки «мебояд ҳамчунин дар мавриди баъзе масъалаҳои минтақав


ӣ


низ табодули назар сурат бигирад».



Раис


ҷ


умҳури То


ҷ


икистон дар навбати худ баррасии ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


ва ба хусус масъалаи роҳандозии тавофуқоти қаблан ҳосилшударо зарур


ӣ


хонд. Вай афзуд, «гардиши мол миёни То


ҷ


икистон ва Русия беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нишонаи имконоти васеъи


ҷ


онибҳо барои ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод


ӣ


, низом


ӣ


ва энерж


ӣ


мебошад».



Дар ин сафар Эмомал


ӣ


Раҳмонро мушовири вай дар масоили сиёс


ӣ


Эркин Раҳматулоев ва вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


ҳамроҳ


ӣ


мекунанд. Гуфтушунид дар Завидово, қароргоҳи беруназшаҳрии раис


ҷ


умҳури Русия баргузор шуд.



Манобеъи кремл


ӣ


хабар додаанд, ки президентҳои Русия ва То


ҷ


икистон ширкати Русия дар тарҳҳои энержии То


ҷ


икистон, ҳамкор


ӣ


дар заминаи муҳо


ҷ


ирати кор


ӣ


ва низом


ӣ


, ҳамчунин таъсиси бахшҳои донишгоҳҳои асосии Русия дар То


ҷ


икистонро баррас


ӣ


хоҳанд кард. Ба навиштаи манобеи кремл


ӣ


, мисоли равшани ҳамкории судманди ду кишвар дар заминаи энерж


ӣ


пиёдасозии тарҳи сохтмони нер


ӯ


гоҳи барқи обии Сангтуда-1 мебошад, ки баҳрагирии комил аз он дар моҳи марти соли равон барномарез


ӣ


шудааст. Маблағи сармояи Русия дар ин тарҳ 700 миллион долларро ташкил медиҳад.



Ширкати Русия дар дигар тарҳҳои ояндадори энерж


ӣ


дар То


ҷ


икистон, тавсеаи ҳамкории ду


ҷ


ониба дар заминаи нафту газ ва саноеъи маъдан


ӣ


, масъалаҳои усулии ҳамкориҳои низомии Русияву То


ҷ


икистон, мин


ҷ


умла масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар То


ҷ


икистон, аз мавзуоти гуфтушуниди руасои


ҷ


умҳуриҳои Русия ва То


ҷ


икистон хоҳад буд, – омадааст дар гузоришоти пешакии манобеъи кремл


ӣ


.



Раис


ҷ


умҳури То


ҷ


икистон тайи як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз Маскав боздид ан


ҷ


ом медиҳад. Боздиди қабл


ӣ


охири моҳи январ дар чаҳорчуби ширкат дар


ҷ


аласаи Паймони амнияти муштарак ан


ҷ


ом ёфт. Боздиди кории ахири Эмомал


ӣ


аз Маскав бо даъвати Дмитрий Медведов, раис


ҷ


умҳури Русия, сурат гирифтааст. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи марзи давлатӣ бо Ӯзбекистонро ба тасвиб мерасонад

0



           

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз масъалаи ба тасвиб расонидани Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи марзи давлатии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.





           

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷорӣ сохтани моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна», Қонуни ҶТ «Дар бораи қарзҳо» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.




           

Ёдовар мешавем, чанде қабл пас аз мулоқот бо муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов президенти Тоҷикистон пешниҳод сохт, ки созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишварҳо зудтар ба тасвиб бирасад.


Дар Душанбе дурнамои имкони кушодани хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид

0



           

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вох


ӯ


рии раиси палатаи савдо ва саноати То


ҷ


икистон Шриф Саид бо Сарпарасти сафорати


Ҷ


опон дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Йошихиро Накаяма дурнамои рушди ҳамкориҳои ти


ҷ


оративу иқтисод


ӣ


миёни кишварҳо баррас


ӣ


шуд.





           

Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,


ҷ


онибҳо масъалаи имконоти ифтитоҳи хатсайри ҳаво


ӣ


миёни То


ҷ


икистону


Ҷ


опонро матраҳ сохтанд. Й.Накаяма изҳор дошт, То


ҷ


икистон дорои имконоту захоири кофии саноат


ӣ


буда, Ҷопон дар роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо То


ҷ


икистон ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни давлатҳо манфиатдор аст.




           

Зимни мулоқот Ш.Саид зикр кард, ки ҳамкории бевосита бо сафорати Ҷопон ба рушди муносиботи корӣ миёни соҳибкорони кишвар мусоидат менамояд. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ пешниҳод сохт, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Ҷопон ва ҳамоиши соҳибкорону тоҷирони кишварҳо баргузор гардад.




           

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба мусоидати минбаъда ҷиҳати таҳкими муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун тавофуқ ҳосил карданд.


СММ ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад

0



           

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо намояндаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Насим Ҷовид масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.





           

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар доираи татбиқи лоиҳаи ин ташкилот бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ба аҳолии камбизоат кӯмак расонида мешавад. Зикр гардид, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон 1 ҳазору 265 тонна тухмии гандум тақсим карда шуд. Ҳамчунин ба хоҷагиҳо боз 2 ҳазору 100 тонна нуриҳои минералӣ чун кӯмак дода мешавад.




           

Намояндаи ташкилоти СММ аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати кӯмаки минбаъда ба бахши кишоварзии кишвар як қатор пешниҳодоти дигар иброз дошт.




           

Дар фарҷоми мулоқот вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба намояндаи ташкилоти СММ барои кӯмакҳои расонида изҳори миннатдорӣ намуд.


Миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ мегардад

0






Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «


airBaltic»-и Латвия ояндаи наздик ҷиҳати гуфтушунид оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Рига ба Душанбе меояд.



Тавре сардори Сарраёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Азиз Набиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни гуфтушунид тамоми ҷузъиёти ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сомонаи Авиапорт.ру, ширкати ҳавопаймоии Латвия аз 1-уми июни соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳоро бо хатсайри мустақими Рига-Душанбе шурӯъ хоҳад кард. Дар иттилои сомона зикр мегардад, ки парвоз бо ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат гирифта, вақти парвоз панҷуним соатро дарбар мегирад.



 



Нофаҳмӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия баҳона шуда наметавонад, – назари коршинос

0




 




           

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав оид ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, истихроҷи гази табиӣ ва саноати кӯҳкорӣ тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.




           

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ Ф.Саидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии гуфтушуниди дуҷонибаи кишварҳо дар сатҳи олӣ мебошад, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд. «Нофаҳмӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаи сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ барои ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия баҳона шуда наметавонад», – гуфт ӯ.




           

Ф.Саидов мегӯяд, Русия ҳамеша шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва рӯи кор омадани баъзе нофаҳмиҳо миёни кишварҳо ва он ҳам бо иштироки ҷониби саввум, наметавонад ба рушди ҳамкории минбаъда халале ворид созад.




           

Коршинос аз нав барқарор гардидани гуфтушунид оид ба иштироки Русия дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро аз эҳтимол дур намедонад.


Вазорати кишоварзӣ хостори дастгирии ВАО шуда, рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба дастгирии бахши кишоварзӣ камар баста, бо вазорат ҳамкории зич дошта бошанд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев изҳор дошт, ки вазорат ба вокуниш нисбати маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО омода аст. Ба гуфтаи ӯ, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зарур мешуморад, ки иштироки рӯзноманигорон дар ҳалли мушкилоти бахши кишоварзӣ ба фоидаи кор аст.



Дар асоси фармони президент «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО» вазири кишоварзии ҷумҳурӣ низ фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он тамоми воҳидҳои сохтории вазорат ӯҳдадор шуданд, оид ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО вокуниш нишон дода, баҳри рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳо андешанд ва дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд.



Н.Додобоев мегӯяд, вазир зикр кардааст, ки вазорат васоити ахбори умумеро, ки бо вазорат ҳамкории пурсамарро ба роҳ мемонад, дастгирӣ хоҳад кард. «Дар навбати худ, бахши кишоварзӣ ба дастгирии ВАО ниёз дорад», – изҳор дошт Н.Додобоев.


Ба Тоҷикистон миқдори аввали тухмии гандуми дастрасшуда дар Русия аз ҳисоби Бонки исломии рушд ворид гашт

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Тоҷикистон миқдори аввали тухмии гандуми дастрасшуда дар вилояти Краснодари Русия аз ҷониби Бонки исломии рушд ворид гашт.


Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, беш аз 490 тонна тухмии гандум чун кӯмаки башардӯстона ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯбаи Ёддошти имзошуда миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Бонки исломии рушд дастрас гардиданд.


Бино ба иттилои манбаъ, тибқи Ёддошт бонк вазоратро бо 1 ҳазору 300 тонна тухмии гандум, ки бо маблағҳои бонк дар Русия харидорӣ шуданд, таъмин месозад. Миқдори аввалини тухмӣ, ки барои кишти 800 гектар замин басанда аст, дар байни хоҷагиҳои вилояти Хатлон тақсим карда мешавад. Ояндаи наздик миқдори боқимондаи тухмӣ низ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, миёни минтақаҳои кишвар тақсим карда хоҳад шуд.

Фаромадани тарма ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Фаромадани тарма шоми дирӯз ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт.




Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан бар асари тармафароӣ километрҳои 48 ва 70-уми нақби Истиқлол, 185 ва 189-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (ағбаи Шаҳрипстон) ва 489-уми роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон бо тарма пӯшонида шуда, ҳаракати нақлиёт тавассути он ғайриимкон аст.



Бино ба иттилои манбаъ, то шоми имрӯз ҳамаи қитъаҳои роҳҳо тоза карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз Вазорат изҳор доштанд, ки дар муддати як моҳи минбаъд чунин ҳолисаҳо меафзоянд ва ронандагонро зарур аст, эҳтиёт бошанд.



Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ доданд, ки маълумоте дар бораи зарардидагон дар даст надоранд.


«Барқи тоҷик» ва «Турбоатом»-и Украина сари нархгузории гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳи Норак тавофуқ ҳосил карда наметавонанд

0


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз бо ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ҷиҳати омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо таҷҳизот шартнома ба имзо нарасонидааст.




Ёдовар мешавем, зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина иттилоъ дода шуд, ки сарвари давлат аз ин корхона боздид намуда, оид ба омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо шаш гидротурбина гуфтушунид кард.



Он замон ВАО-и Украина гуфта буданд, Тоҷикистон ба корхонаи «Турбоатом» омода сохтани 6 гидротурбина бо арзиши ҳудуди 2 млн. $ фармоиш додааст ва шартнома то ахири моҳи декабри соли гузашта ба имзо мерасд.



Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷонибҳо то ҳанӯз сари нархи гидротурбинаҳо тавофуқ ҳосил накардаанд, зеро дар шароити бӯҳрони молӣ арзиши металл хеле поин рафт ва мутаносибан арзиши гидротурбинаҳо низ бояд поин биравад. Сарчашма оид ба додани маълумот дар бораи то кадом андоза паст шудани арзиши таҷҳизот худдорӣ кард.