Home Blog Page 5141

Дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории пойтахт масъалаи вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ баррасӣ шуд

0


Душанбе. 23юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 23-уми феврали соли 2009 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа масоили истифодаи мақсаднок ва ба иҷорадиҳии моликияти коммуналӣ, ҳолати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва шикояти мусофирон, вазъи санитариву экологии шаҳр ва партовгоҳи шаҳриву мошинҳои партовкашон, таъмиру таҷдиди роҳҳои пойтахт, ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидор дар маъракаи 900- рӯзи ободонии Душанбе ба ифтихори 20- солагии Истиқлолият, инчунин ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории мулоқоти Роҳбарияти шаҳр бо соҳибкорони пойтахт, ки 14-уми марти соли 2009 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.



Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини соҳаи нақлиёти шаҳрдориро ба он нигаронид, ки

 

бо вуҷуди мавриди татбиқ қарор додани Қарори Раиси шаҳр №39 аз 5 феврали соли 2009 « Дар

 

бораи

 

таъмини

 

ҳаракати

 

бехатарии

 

нақлиёти автомобилии мусофиркаш ва танзими онҳо дар роҳҳои автомобилгарди

 

истифодаи

 

умуми

 

шаҳри

 

Душанбе», ки дар асоси он аз 9 феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави дорои то 7 (ҳафт) ҷои нишаст (ба истиснои ҷои нишасти ронанда), аз он ҷумла тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо фаъолияти мусофиркашон


ӣ


ба анҷом расонда мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомон


ӣ


(аз чорроҳаи И.Сомон


ӣ


-Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдак


ӣ


), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавс


ӣ


то бурриши кӯчаи С. Шероз


ӣ


(Сирк)-и пойтахт), манъ карда шудааст, мувофиқ ба шикояти шаҳрвандон риояи реҷаи ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳо то ҳол таъмин карда нашуда, баъд аз соати 18-00 теъдоди зарурии автобусу троллейбусҳо барои хизматрасонӣ дар хатсайрҳо сафарбар карда намешаванд.



Дар ин зимн фаъолияти анҷомдодаи директори КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҳамидов Раҳматулло оид ба таъмини барориши воҳидҳои нақлиётӣ ва назорати риояи ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта нуқсонҳои ҷойдоштаро рафъ намуда, нисбати дар истгоҳҳои нақлиётӣ хилофи реҷаи ҳаракат беш аз меъёр аз ҷониби ронандагон нигоҳ доштани автобусҳо, ки ин амалкард боиси норизогии мусофирон гардидааст, тадбирҳои таъхирнопазир андешад.



Ҳамзамон дастур гардид, ки бо мақсади дақиқ намудани воқеияти рақамҳои ҳамарӯзаи ҳисоботӣ дар кору фаъолияти соҳа ҳолати хизматрасонӣ дар 72 хатсайрҳои мавҷудаи КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо истифода аз потенсиали комиссияҳои депутативу ҷамъиятӣ мавриди санҷиш қарор дода шавад. Бобати ташкили шароити хуби мусофиркашонӣ ва бо инобати аз моҳи март ба хатсайрҳо сафарбар намудани 150 адад автобусҳои нав фаъолияти корхонаҳои коммуналии мусофирбарӣ дар ду баст ба нақша ва амалӣ карда шавад. Муқаррар карда шуд, ки хизматрасонӣ дар басти дуюм барои автобусҳо то соати 22-00 ва барои троллейбусҳо то соати 23-00 роҳандозӣ гардад.



Ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ дар ин

 

самт Маҳмадсаид Убайдуллоев эълон дошт, ки баҳри сохтмони терминалҳои мусофиркашонӣ дар ҳудуди

 

4 дарвозаҳои даромадгоҳи шаҳри Душанбе дархостҳои ташаббусии соҳибкорон аз ҷониби шаҳрдорӣ қабул карда мешавад. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Дар Душанбе оид ба масъалаи дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон аз ҷониби ВАО семинар баргузор мешавад

0



Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сафарбарии ВАО-и Осиёи Марказӣ ба дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон» семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд.






Тавре ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинари мазкур аз ҷониби Бунёди трастии ВВС дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ва Маркази захираҳои ВАО-и Қирғизистон дар шаҳри Ош созмон дода мешавад.





Ба гуфтаи А.Воҳидов, шунавандагони семинар дар асоси озмун аз миёни журналистони васоити ахбори умуми чопӣ ва рӯзноманигорони ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд ва ба ҳайати ҳар як гурӯҳ рӯзноманигор, аксбардор ва коршиноси ташкилоти ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд. «Вижагии кори семинар дар он ифода мегардад, ки шунавандагон воқеан ба фаъолият пардохта, ҳангоми таҳияи мавод ба сафарҳои корӣ мераванд ва пас аз анҷоми семинар, тибқи озмун маводи онҳо баррасӣ хоҳад гардид», – гуфт ӯ.





А.Воҳидов мегӯяд, ғолибон имкони дар мактаби рӯзноманигории шаҳри Екатеринбург таҳсил намуданро пайдо хоҳанд кард. «Минбаъд баргузории чунин семинар барои рӯзномнигорони телевизион ва радио низ дар назар аст», – изҳор дошт А.Воҳидов.





Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа доир сохтани чунин семинарҳо дар шаҳри Хуҷанд низ пешбинӣ шудааст.



Дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт маросими савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи Миллӣ баргузор гашт

0



             

Душанбе. 23-юми – Дирӯз дар арафаи 16-умин солгарди таъсисёбии Артиши милии То


ҷ


икистон дар майдони «Д


ӯ


ст


ӣ


»-и пойтахт маросими тантанавии савгандёдкунии афсарони


ҷ


авони Гвардияи Миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баргузор мегардад.





            


 

Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси муро


ҷ


иати Гвардияи миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар бораи и


ҷ


озат барои гузаронидани чорабинии тантанавии савгандёдкунии афсарони


ҷ


авони Гвардияи милл


ӣ


дар майдони «Д


ӯ


ст


ӣ


» қарор имзо кард.




 


           

Дар асоси ин қарор 22 феврал аз соати 9 то 12 дар майдони «Д


ӯ


ст


ӣ


»-и пойтахт чорабинии савгандёдкунии афсарони


ҷ


авони Гвардияи миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон гузаронида мешавад.




             

Ҳамзамон, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон оид ба шаҳри Душанбе мувазззаф гардидаанд, ки ҳаракати пиёдагардонро дар майдони «Д


ӯ


ст


ӣ


» дар вақти баргузории чорбин


ӣ


маҳдуд намуда, тартиботи


ҷ


амъия


ӣ


ва амнияти иштирокчиёни чорабиниро таъмин намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Президенти Тоҷикистон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуд

0


Душанбе. 23-юми феврал – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва кабудизорсозию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд.




Таҷрибаи деҳқонони асил ва дастовардҳои илмии олимон собит намудаанд, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон беҳтарин мавсими ниҳолшинонӣ давраи аз охирҳои тирамоҳ то рӯзҳои аввали баҳор мебошад.



Аз ин хотир аз охирҳои тирамоҳ ва оғози зимистони ҷорӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар, ки обу ҳавои мусоид доранд, мардум аз ҳар як рӯзи офтобӣ барои шинондани ниҳолҳо, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав пурсамар истифода мебаранд.



Мавсими ниҳолшиноние, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори гуногуни Тоҷикистони офтобрӯяи мо, албатта ғайр аз ноҳияҳои баландкӯҳ, идома дорад, моҳи декабри соли гузашта бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.



Вусъати баланди корҳо баҳри барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, ки натиҷаи дастгирию ҳамовозии васеъ пайдо намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаю барномаҳои давлатии дар ин самт қабулшуда аст, ба болоравии ҳавасмандии мардум дар ривоҷ додани ниҳолпарварӣ мусоидат намуд.



Имрӯз парвариши ниҳолҳо ва ба фурӯш баровардани онҳо ба як навъ шуғли сердаромад барои деҳқонону боғпарварони кордон табдил ёфтааст, зеро дар бозорҳои сершумори ниҳолфурӯшӣ нархи ҳар як ниҳол аз 2-3 то 50-60 сомониро ташкил медиҳад.



Бозори ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо, ки барои бунёди боғҳо, ороиш додани кӯчаю хиёбонҳо, назди ҳавлию осоишгоҳҳо, дигар мавзеъҳо

 

ва ҳамчунин баҳри поку пуртароват намудани ҳаво харидорӣ мешаванд, ҳамарӯза гарму серодам аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Таҷлили ҷашни солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар Тоҷикистон

0



           

Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон 16-умин солгарди таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.





           

Тибқи иттилои расида аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба муносибати ҷашн сафороии идона доир мегардад ва сарбозону афсарони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда мешаванд. «Дар маҷмааи Кохи Борбад муҳофизони ватанро намояндагони мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, вазорати мудофиа ва собиқадорон табрику таҳният гуфта, сипас консерти идона доир мегардад», – гуфт манбаъ.




           

Соли гузашта зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ – дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.




           

Он замон сарвари давлат таъкид дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.


 

Муштарии миллионии «Вавилон-Мобайл» соҳиби мошини сабукрав ва 1000000 сония вақти гуфтугӯи бемузд шуд

0


Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 10 –уми январи соли 2009 адади муштариёни «Вавилон-Мобайл» аз миллион нафар зиёд гашт. Рӯзи 21 феврал ширкат муштарии соҳибҷашни худро муаррифӣ кард ва ба ӯ тӯҳфаҳои худро супорид!




Тавре сухангӯи ҶСП «Вавилон – Мобайл Амрита Қирғизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, номи «муштарии миллионии ширкати «Вавилон-Мобайл» сазовори сокини деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Шарифов Ҳасан Саидович гардид. Ҳ. Шарипов аз оилаи деҳқон буда, худаш ҳам солҳои зиёд дар саҳро кор мекунад. Оиладор ва 10 фарзанд дорад. Маҳз эшон, рӯзи 10-уми январ ба шабакаи «Вавилон-Мобайл» пайваст шуда, муштарии соҳибҷашни ширкат гардиданд.



Шанбеи гузашта дар рафти ҷамъомади тантанавӣ Ҳ. Шарипов соҳиби мукофотҳои олиҷаноб гашт – соҳибҷашн дорои мошини тамғаи ВАЗ 21015 ва сертификат барои 1000000 сонияи вақти гуфтугӯи бемузд шуд.



«Ҳамаи ин барои ман ғайричашмдошт буд. Вақте ки аз ширкат занг зада, гуфтанд, ки ман муштарии миллионӣ шудам, бовар накардам. Умуман ҳеҷ кас аз наздиконам боварӣ надоштанд! – гуфт Ҳ. Шарипов. – Баъди чанд занги дигар, ман тасмим гирифтам, ки ба шаҳр рафта аз ҳақиқати ҳол огаҳ гардам. Хеле хушҳолам, ки тақдир ба ман чунин тӯҳфа кард. Ҳеҷ бовар намекардам, ки ба «Вавилон» пайваст шуда, соҳиби мошин мешавам».



Раиси техникии «Вавилон-Мобайл» Бахтиёр Мӯъминов соҳибҷашнро табрик гуфта, калидҳои мошинро ба ӯ тақдим кард.



«Мо хурсандем, ки бештар аз як миллион сокинони Тоҷикистон хизматрасониҳои ширкати моро интихоб кардаанд, – гуфт Б. Мӯъминов. – Бо муштариёни худ мо қуллаи навбатиро фатҳ кардем, ки ин далели ташаккулёбии мунтазами ширкат аст. Муштарии миллионии мо ба гурӯҳи одамоне ҳамроҳ, шуд ки барои муошират на фақат алоқаи мобилӣ, балки тамоми хизматрасониҳое, ки «Вавилон-Мобайл» дар асоси технологияхои навтарин дастрас мекунад, дохил шуд».




         

Ба гуфти Б. Мӯъминов, кори ҳаррӯзаи коркунони «Вавилон-Мобайл» ба он равона шудааст, ки боварии муштариёнро нисбат ба ширкат боз ҳам қавитар гардонанд. Ва маҳз барои ҳамин «Вавилон-Мобайл» фаъолиятиашро сари васеъ кардани масоҳати фарогирии шабака, баланд кардани сифати алоқа ва хизматрасониҳо боз хам пурзӯртар менамояд.


Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнумилалии забони модариро ҷашн мегирад

0



           

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнумилалии забони модариро ҷашн мегирад.





           

Лоиҳаи қатъномаи ЮНЕСКО дар бораи санаи 21-уми февралро Эълом доштани ҷашни Рӯзи байнулмилалии забон соли 1999 дар Конфронси генералии ЮНЕСКО тасдиқ гардид.



Соли 2002 Ассамблеяи генералӣ қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуда, аз кишварҳои аъзо ва Котибот даъват ба амал овард, ки ба ҳифзу нигаҳдории забони сокинони саросари ҷаҳон мусоидат намоянд.



«Забонҳо воситаи аз ҳама пурқудрати нигаҳдорӣ ва рушди мероси моддӣ ва маънавии мост», – гуфта мешавад дар санади қабулнамудаи ЮНЕСКО ва таъкид мегардад, ки аз 6 ҳазор забони имрӯзаи дунё ояндаи наздик метавонад нисфаш намояндагони охирини худро аз даст диҳад.



Дар ҳуҷҷати созмон ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳама иқдоми гирифта барои мусоидат ба рушду густариши забони модарӣ натанҳо ба гуногуниву бисёрзабонии маърифат, рушди бештари огаҳӣ доштан аз анъанаҳову оинҳои мардуми ҷаҳон мусоидат менамояд, балки таҳкими ҳамбастагии асосёфта бар ҳусни тафоҳум, таҳаммулпазирӣ ва муколама миёни халқҳоро таъмин месозад.


Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон ба маблағи 102 млн. $ кӯмаки бебозгашт пешниҳод месозад

0



           

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макота Оҷиро пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, дастгирии буҷаи давлатӣ, соҳаи пахтакорӣ ва сохтмони роҳи мошингард аз Душанбе то марзи Қирғизистон 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд.





           

М.Оҷиро гуфт, 51 млн. $ аз ин маблағ соли равон ва маблағи боқимонда соли 2010 ҷудо мегардад. Номбурда қайд кард, ки феълан дар Тоҷикистон бо маблағгузории бонк ба маблағи умумии 380 млн.


$




13 лоиҳа амалӣ мегардад.




           

Ба гуфтаи намояндаи БРО, зимни сӯҳбат бо президенти Тоҷикистон ҷонибҳо оид ба машварату гуфтушуниди минбаъда тавофуқ ҳосил карда, тасмим гирифтаанд, ҳарчи зудтар аз пешниҳодоти ҳукумати ҷумҳурӣ бобати андешидани чораҳои пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ кишварҳои мададрасонро огаҳ намоянд, то кӯмак саривақт расонида шавад.




Маълумотнома:





Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд.




Ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ кӯмаки башардӯстонаи Амрико тақсим мегардад

0


     

   




     


   


 

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 23-уми феврали соли


ҷ


ор


ӣ


ба Беморхонаи


ҷ


умҳуриявии клиники Бемориҳои сили Вазорати тандуруст


ӣ


аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии америко


ӣ


Resouce i Police Exchange. Inc. ва бо дастгирии Агентии америко


ӣ


оид ба рушди байналмилал


ӣ


(USAID) ёрии башард


ӯ


стона, иборат аз маводи ғизо


ӣ


расонида мешавад. Дар маъракаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, сафорати ИМА дар То


ҷ


икистон ва Агентии америко


ӣ


оид ба рушди байналмилал


ӣ


(USAID) иштирок хоҳанд кард.

 

    


 

 

    

 Дар чорч


ӯ


баи барномаи Агентии америко


ӣ


оид ба рушди байналмилал


ӣ


(USAID) дар То


ҷ


икистон 80 тонна маводи х


ӯ


роквор


ӣ


(наск, бирин


ҷ


, сабзавот) ба маблағи умумии 86 638 доллари ИМА ба ташкилоти хайриявии Авесто (То


ҷ


икистон) дастрас карда шуд. Ёрии башард


ӯ


стона барои беморхонаҳои бемориҳои руҳ


ӣ


, сил, беморҳои к


ӯ


дакона, хонаи ятимон ва дигар муассисаҳои и


ҷ


тимоии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон пешбин


ӣ


шудааст. Маводи х


ӯ


рока маҳсулоти муассисаи америкоии Breedlove Dehydrated Foods буда, таркиби он бо витаминҳо ва намакҳои минерал


ӣ


ған


ӣ


карда шудааст.


   

 

  

    Бояд қайд намуд, ки дар соли 2007 маводи х


ӯ


рока ба 64 муассисаҳои тибб


ӣ


ва и


ҷ


тимо


ӣ


ва дар соли 2009 бошад, ба 75 муассиса дастрас карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазоарти тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.



Ахири моҳи феврал президенти Яман барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад

0



              

Душанбе. 21-уми феврал – Президенти


Ҷ


умҳурии Яман Ал


ӣ


Абдулло Солеҳ 26уми феврал барои боздиди расм


ӣ


ба То


ҷ


икистон ташриф меорад.


Ӯ


зимни сафар бо роҳбарияти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон мулоқотҳо ан


ҷ


ом хоҳад дод. Дар


ҷ


араёни мулоқотҳо асосан масъалаҳои ҳамкор


ӣ


баррас


ӣ


мешаванд.





              

Ёдовар мешавем, ки Президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон охири соли гузашта ба


Ҷ


умҳурии Яман сафари расм


ӣ


ан


ҷ


ом дода буд. Ин сафари нахустини Сардори давлати То


ҷ


икистон ба ин мамлакати қадима буд. Дар


ҷ


араёни сафар масъалаҳои ба роҳ андохтани ҳамкории ҳар ду мамлакат ва тақвияти муносибатҳои онҳо муҳокима шуданд.




              

Ҳамон вақт сарони ҳар ду давлат паймон карда буданд, ки ҳамкории духтурони то


ҷ


ик ва муассисаҳои тиббии Яман бояд мустақиман бе иштироки миёнаравҳо ба роҳ монда шавад.




              

Эмомал


ӣ


Раҳмон ва Ал


ӣ


Абдулло Солеҳ паймон карда буданд, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Санъо консулхонаи ифтихории


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон кушода шавад. Роҳбари Яман дар робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад дастури дахлдор хоҳад дод.




              

Дар фар


ҷ


оми гуфтушунид чор ҳу


ҷҷ


ати ҳамкор


ӣ


– Созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи ҳамкории иқтисод


ӣ


ва илмию техник


ӣ


, Созишномаи ҳукуматҳои То


ҷ


икистону Яман дар бораи ҳамкор


ӣ


дар соҳаи фарҳанг, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои маорифи ҳар ду кишвар ва меморандуми ҳусни тафоҳуми машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хори


ҷ


ии ҳар ду давлат имзо шуданд.




            

Ҳамон вақт Президенти То


ҷ


икистон Ал


ӣ


Абдулло Солеҳро даъват карда буд, ки ба То


ҷ


икистон расман ташриф орад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати умури хориҷӣ хабар медиҳад.