Home Blog Page 5151

Имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Эстония ташриф меорад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Эстония ташриф меорад.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, боздиди корӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисоливу тиҷоратӣ миёни кишварҳо анҷом дода шуда, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Эстония Томас Хендрик Илвес, нахуствазир Андрус Ансип ва раиси парлумони ин кишвар Эне Эргма дар назар аст.



Зикр гардид, ки сафари президенти Тоҷикистон ба Эстония боздиди корӣ маҳсуб гардида, дар ҷараёни гуфтушунидҳо имзои санаде ба нақша гирифта нашудааст.



Ба гуфтаи Д.Назриев, имрӯз Э.Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии Эстнияву Латвия суханронӣ хоҳад кард. Дар ҳамоиш соҳибкорону тоҷирон имконоти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди муҳокима хоҳанд дод.



Субҳи 14-уми феврал ҳайати Тоҷикистон аз сафари Аврупо ба ватан бармегардад.


Дар машварати корӣ бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ масоили тезонидани бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ баррасӣ шуданд

0



            




 

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вобаста ба и


ҷ


рои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон оид ба тезонидани суръати сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои барқи обии хурд дар соли 2009 дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов машварати кор


ӣ


баргузор гардид. Дар машварат нахуст роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, масъулони мақомоти и


ҷ


роияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои


ҷ


умҳур


ӣ


оид ба рафти и


ҷ


рои ин дастуру супоришҳои Президенти кишвар маълумот доданд.





          

Мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда, айни замон дар мамлакат бо


ҷ


алби сармояи дохил


ӣ


ва хори


ҷ


ӣ


сохтмони 20 НБО-и хурд идома дошта, таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии 3 нер


ӯ


гоҳи хурди дигар шур


ӯ


ъ мегардад.




           

Таъқид кардан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии То


ҷ


икистон дар мамлакат 150 адад нер


ӯ


гоҳи барқи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Танҳо дар давоми соли 2008 аз ҳисоби нер


ӯ


гоҳҳои хурд 39,7 миллион киловатт соат барқ истеҳсол шуд, ки аз р


ӯ


и ҳисоботи коршиносон миқдори заруриро ташкил наменамояд.




           

Дар машварат Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вазифа гузошт, ки барои и


ҷ


рои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди бунёди НБО-и хурд аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода бурда шуда, нисбат ба ин масъала тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хос зоҳир карда шавад.




          

Мавриди ёдоварист, ки дар


ҷ


аласаи


ҷ


амъбастии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон 15-16 январ Президенти


ҷ


умҳур


ӣ


Эмомал


ӣ


Раҳмон ба масъулони соҳа супориш дода буд, ки дар соли 2009 на камтар аз 50 НБО-и хурд дар мамлакат сохта ба истифода дода шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Тоҷикистон ба кӯмаки таъҷилӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигари ҷаҳон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ба кӯмаки таъҷилии байнулмилалӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба Барномаи ғизо ва кишоварзии созмон хабар медиҳад.




«Зимистони сард, мизони нокофии намнокӣ ва камбуди об барои обёрӣ ба он оварда расониданд, ки ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон аз сатҳи миёнаи солона хеле камтар шуд», – иттилоъ медиҳад Казинформ бо истинод ба гузориши Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ.



Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи январ

д

ар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки вазъи таъмини ғизо дар бозорҳои ҷумҳурӣ мӯътадил аст ва ҳеҷ мушкилоти марбут ба таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизо вуҷуд надорад. Ғ.Бобозода ёдоар шуда буд, ки истеҳсоли зироати ғалладона дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 942,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки барои Тоҷикистон ҳосили рекордӣ буда, гузашта аз ин, беш аз 500 ҳазор тонна орд ва 250 ҳазор тонна зироати ғалладона аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ӯ гуфт, нархи орд дар муқоиса бо тобистони соли гузашта 40 дарсад поин рафтааст ва агар соли гузашта барои ташкили захираҳои давлатии орд 20 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли равон ин рақам ба 50 млн. сомонӣ расидааст. «Ғайр аз ин бо Қазоқистон ҷиҳати ворид кардани зироати ғалладона ба маблағи 4 млн. $ тавофуқ ҳосил шуд», – гуфт ӯ.


Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Литваву Тоҷикистон иштирок намуд

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин дар форуми соҳибкорону то


ҷ


ирони ду кишвар иштирок намуда, хамчунин аз гузаргоҳи сарҳадии Лаворишкес дидан кард ва бо тарзу усули ташкили кор ва истифода аз техникаю та


ҷ


ҳизоти назоратию ташхисии он аз наздик шинос шуд.




Дар шаҳри Вилнюс Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин дар назди Му


ҷ


ассамаи шаҳидони роҳи озодии Литва гулчанбар гузошт ва ба арзишҳою муқаддасоти миллии он арзи эҳтиром намуд.



Дар нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон озими пойтахти Эстония – шаҳри Таллин хоҳанд гашт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби SDC-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов ҳусни оғоз мебахшанд

0



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (


SDC


) эълом дошт, ки силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон дар соли 2009 оғоз гардид.





           

Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи


SDC


Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоишгоҳи аввале, ки дирӯз ифтитоҳ гардид, то 10-уми март идома хоҳад ёфт.




           

Ба гуфтаи ӯ, силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби


SDC


-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов, ки дар як қатор намоишгоҳҳои ҷумҳуриявиву байнулмилалӣ ширкат варзидааст, ҳусни оғоз мебахшанд. «Асарҳои офаридаи Б.Исматов маҷмӯаи мусаввараҳои шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва Осиёро зебу оро медиҳанд», – афзуд Г.Ҳасанова.

 



Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии Сирки давлатӣ ба бекорон 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад

0



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба хоҳишмандон беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ярмарка 104 корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла корхонаи ҷуроббофӣ, ҶДММ «Стройинвест-2000», ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда бинокоронро даъват месозад, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва раёсати тандурустии пойтахт, шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва ғайра ба хоҳишмандон ҷойи кор пешкаш месозанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, музди меҳнат ба ҷойҳои кории пешниҳодшуда аз 120 то 900 сомониро ташкил медиҳад.




           

Интизор меравад, ки дар ярмарка ҳамчунин ташкилотҳое, ки бо сафарбар сохтани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор доранд, аз ҷумла «Тоҷикхориҷакор», Биржаи меҳнати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра низ ширкат варзанд.


Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор миқдори зарурии тухми пунбадона тайёр карда шуд

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор аз миқдори миқдори зарурии 25 ҳазор

 

24 ҳазор тонна тухми пунбадона тайёр карда шуд.




Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, вазъи тухмиро бо дору тоза кардан начандон хуб аст ва он дар вилояти Суғд ба андозаи 22 ва Хатлон – 17 дарсад ба анҷом расида, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 2,5 ҳазор тонна тухмии тайёркардашуда ҳамагӣ 12 тоннааш бо дору тоза карда шудааст.



Дар мавриди сифати тухмии пунбадона номбурда изҳор дошт, ки 35 дарсади тухмӣ ба навъи пунбадонаи бозтавлиди – «Элита», «


R


-1», «


R


-2» ва «


R


-3» дохил буда, беш аз нисфи тухмии тайёркардашуда шартан ҳамчунин тухмӣ қабул карда шудаанд.



Ёдрас мекунем, соли равон барои кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ 200-202 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, ба аксари хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз 25 сентнер камтар ҳосил ба даст оварданд, барои кишт ҳуқуқи интихоби дигар навъи зироат дода шудааст.

 



Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад, вале ин маънои онро надорад, ки ҶТ бо кишварҳои дигари Ғарбу Шарқ наздиктар буда натавонад,

0




Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки созишномаҳои дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон баимзорасида ва дидору гуфтушуниди сарвари давлат бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро (НАТО) метавон муваффақона ва пурсамар арзёбӣ намуд.








Ӯ мегӯяд, ин табиист ва гувоҳи он аст, ки сиёсати бисёрсамтаи пешгирифтаи Тоҷикистон ҳарчи бештар ба воқеият табдил меёбад ва сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупоро низ мебояд дар доираи сиёсати «бисёрсамтаи»

 

хориҷии Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир шарҳу тафсир дод. «Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон тадриҷан аз самтгирӣ танҳо ба як кишвар даст кашида, сиёсати хориҷии худро бештар муназзам месозад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад, вале ин маънои онро надорад, ки ҶТ бо кишварҳои дигари Ғарбу Шарқ наздиктар буда натавонад.







Ба қавли коршинос, таҳкиму густариши сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон дар солҳои ахир аслан ба мушкилоти иқтисодӣ марбут буда, кишвар ба сармоягузориҳои бузург ниёз дорад, вале умедворӣ ба сармоягуории Русия торафт камтар мешавад. «Аз ин рӯ, Тоҷикистон бомаром мекӯшад самти «ғарбӣ»-ро таҳким бахшад, ҳарчанд муддати тӯлонӣ дастовардҳо дар ин самт начандон назаррас буданд», – изҳор дошт коршинос.








 



Эмомалӣ Раҳмон номзад ба вазифаи президенти Кумитаи миллии Олимпии ҷумҳурӣ эълон гардид

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст.




Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мегардад. Чанд рӯзе қабл Кумитаи иҷроияи КМО якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа пешниҳод намуд.



Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ гирифтааст, вазъи рушди варзиш низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардидааст. «Аз ин рӯ, номзадии сарвари давлат мувофиқи мақсад аст ва умедворем, ки бо сари ин вазифа омадани Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд», – афзуд Б.Раҷабалиев.


Тоҷикистону Литва комисияи байниҳкуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъсис медиҳанд

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Cафарҳои давлатию расмии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба кишварҳои назди Балтика ва Аврупо аз субҳи р


ӯ


зи 12 – уми феврал дар


Ҷ


умҳурии Литва идома ёфт.




Маросими истиқболи расм


ӣ


дар назди Кохи Президенти


Ҷ


умҳурии Литва баргузор гашт.



Эмомал


ӣ


Раҳмонро Президенти


Ҷ


умҳурии Литва Валдас Адамкус истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихори даъват намуд. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расм


ӣ


бо сафкашии горди фахр


ӣ


, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносо


ӣ


бо ҳайатҳои расм


ӣ




ҷ


араён гирифт.



Ҳолати кунун


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистону Литва зимни с


ӯ


ҳбати хоссаи сарони ду давлат ва гуфтушунидҳои хайатҳои расмии ду кишвар баррас


ӣ


шуд.



Болоравии мубодилаи молу маҳсулот миёни То


ҷ


икистону Литва, ки соли гузашта ҳа


ҷ


ми он зиёда аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, нишона аз имконоти фаровони густариши робитаҳои иқтисодию ти


ҷ


орат


ӣ


маънидод гардид.



Таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкор


ӣ


мувофиқи мақсад дониста шуд.



Рушди ҳамкор


ӣ


дар соҳаи коркарди

 

маҳсулоти кишоварз


ӣ


, аз


ҷ


умла пахта ва меваю сабзавот, истеҳсоли масолеҳи бинокор


ӣ


, мебел, техникаи р


ӯ


згор, чарм, пойафзол, азхуднамоии канданиҳои фоиданок ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии То


ҷ


икистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзит


ӣ


аз самтҳои

 

асосии ҳамкор


ӣ


номида шуд.



Ҷ


онибҳо ба мувофиқа расиданд, ки То


ҷ


икистон барои транзити молу маҳсулоти худ ба Аврупо аз бандарҳои Литва ва Литва низ дар навбати худ аз роҳхои транзитии То


ҷ


икистон ба Осиёи Марказ


ӣ


ва


Ҷ


ануб


ӣ


истифода намоянд.



Густариши робитаҳои илмиву фарҳанг


ӣ


низ зарур шумурда шуд. Мақомоти дахлдори ду кишвар вазифадор шуданд, ки барои муқаррар намудани робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хо


ҷ


агидор ва соҳибкорон, олимон, ҳунармандон, варзишгарон ва аҳли адабу ҳунар мусоидат намоянд.



Гуфтуг


ӯ


йи судманд ҳамчунин атрофи масоили минтақа ва


ҷ


аҳон ва ҳамгироиҳо дар чаҳорч


ӯ


би созмонҳои бонуфузи байналмилал


ӣ


сурат гирифт.



Муттаҳидсозии к


ӯ


шишҳо баҳри

 

барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон амри зарур


ӣ


шумурда шуд.



Аз р


ӯ


йи нати


ҷ


аи мулоқотҳо миёни То


ҷ


икистону Литва Эъломия дар бораи густариши муносибатҳои д


ӯ


ст


ӣ


ва ҳамкор


ӣ


ва як созишномаи байниҳукумат


ӣ


оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузор


ӣ


ба имзо расид.



Сарони ду давлат – Эмомал


ӣ


Раҳмон ва Валдас Адамкус барои хабарнигорон нишасти Валдас Адамкус матбуот


ӣ


ороста, аз самараи мулоқотҳои расм


ӣ


изҳори қаноатманд


ӣ


карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.