Home Blog Page 5152

Дар Душанбе лоиҳаи сохтори Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 муаррифӣ гардид

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе лоиҳаи сохтори Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 муаррифӣ гардид. Зимни шарҳи он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки таҳияи лоиҳа ахири моҳи оянда ба анҷом расида, сипас ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мегардад.





           

Дар бораи натиҷаҳои стратегия А.Раҳмонов гуфт, феълан ҳамагӣ 53 дарсади чораҳои зарурии ин санад ба сомон расидаанд. «Агар мушкилоти сохторӣ комилан ҳал мегаштанду саривақт Шӯрои миллии рушд, шӯрои методиву коршиносон таъсис меёфту сохтори мониторинг ва баҳодиҳӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мегардид, ин нишондиҳанда метавонист хеле зиёдтар бошад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр кард, ки вазъи бӯҳрони энергетикии зимистони солҳои 2007-2008 низ яке аз иллатҳои дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани чорабиниҳои ин ҳуҷҷат мебошад. «Ҳамчунин истифодаи ғайриоқилонаи кӯмаки хориҷӣ ва ба эътибор нагирифтани ҷиҳатҳои маблағгузории ин стратегия ҳангоми таҳияи буҷет ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо боздоштанд», – афзуд А.Раҳмонов.


Дар Тоҷикистон гурӯҳи қаллобон – муассисони пирамидаҳои молиявӣ боздошт шуданд

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон гурӯҳи қаллобон – муассисони пирамидаҳои молиявӣ ошкор гардид, ки худро корманди шабакавии ширкати «


Invite




to




try


» муаррифӣ менамуданд ва ба бовариву эътимоди мардум даромада, маблағҳои зиёди пулии онҳоро азхуд мекарданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, қаллобон шаҳрвандони ноҳияи Шаҳринав – Фирӯза Ниёзова, Сотихон Каримов ва Шералӣ Азимов буда, айни замон дастгир шудаанд.



Барои дохил гаштан ба гурӯҳ лозим буд, ки ба он маблағҳои шахсии худро гузошта, ҳамчунин боз нафарони дигареро низ ба ин амал водор созӣ ва танҳо аз фоизи он маблағи муайяни иловагие пардохт мегардид. Ҳамин тариқ, чанде аз сокинони пойтахт фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳ гашта, пулҳояшонро ба онҳо супоридаанд. «Танҳо рӯзи 11-уми феврал боз ду нафар ба мо муроҷиат карда, иброз доштанд, ки барои фаъолияти

 

ин гурӯҳ 15 ҳазору 700 Евро маблағгузорӣ намудаанд», – гуфт манбаъ.


 

Дирӯз вазъият дар бозори асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монд

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 11 феврали соли равон вазъият дар бозори асъор бетағйир боқ


ӣ


монд. Қурби миёнаи хариду фур


ӯ


ши доллари ИМА дар бахши нақд


ӣ


дар сатҳи 3,73 – 3,77 сомон


ӣ


пасту баланд мешуд.





 


Дар бозори байнибонкии асъор зиёдшавии амалиётҳо ҳам дар


ҷ


уфти “доллар – сомон


ӣ


” ва ҳам дар


ҷ


уфти “евро – сомон


ӣ


” ба қайд гирифта шуд. Қурби миёнавазни доллари ИМА дар ин марҳила каме поён рафта, 3,7228 сомониро ташкил намуд, ҳол он ки 10 феврал қурби мубодилавии доллари ИМА ба 3,7317 сомон


ӣ


баробар буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.



Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Ориёнбонк» қурби хариду фур


ӯ


ши доллари амрико


ӣ



 

мутаносибан ба 3,78 ва 3,80; «То


ҷ


иксодиротбонк» ба 3,81 ва 3,83 ва «Агроинвестбонк» ба 3,83 ва 3,85 сомон


ӣ


баробар аст.


Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд.




Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазоарти адлияи ҷумҳурӣ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти далели якчанд сол ба Тоҷикистон расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон, бо пешниҳоди додгоҳи шаҳрӣ ахири моҳи январ Вазорати адлияи ҶТ ва созмони ORA International оид ба аз нав барқарор крдани фаъолияти созмон тавофуқ ҳосил карданд.



Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, ба идомаи фаъолияти созмон бо иҷрои як қатор шартҳо, аз ҷумла боздошти фаъолияти шӯъбаҳои ғайриқонунӣ таъсисдодаи созмон дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолият ва ҳайати кормандон ва манъи таблиғоти динӣ иҷозат дода мешавад. «Дар сурати иҷро нагардидани шартҳои мазкур фаъолияти созмон пурра қатъ хоҳад шуд», – таъкид сохт Д.Сулаймонов.



Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои Вазоарти адлияи ҷумҳуриро қонеъ сохта, фаъолияти намояндагии созмони хайрияи ORA International дар Тоҷикистонро ба муддати се моҳ боздошта буд.


Пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои муолиҷаи бинокорони шамолхӯрда ба майдони сохтмони иншооти нерӯгоҳи Сангтӯдаву Роғун сафарбар карда ш

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои кӯмак намудан ба бинокорони нерӯгоҳҳои Сангтӯдаву Роғун, ки ба бемории шадиди роҳи гулӯву нафас гирифтор шудаанд, ба майдони сохтмони ин иншоотҳо сафарбар шуданд.




Тавре сардори хадамоти матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Яқубова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо супориши вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, 17 пизишкони соҳаҳои гуногуни тиб ба майдони сохтмони иншоот сафарбар гардида, ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории зарурӣ таъмин карда шудаанд.



Ғайр аз ин, бо супориши вазир ҳайати табибон бо 6 ҳазор дона вактсинаҳои зиддизуком барои эмкунии бинокорон таъмин карда шуданд. Пизишкон дар майдони сохтмони иншоотҳои стратегии кишвар то 20-уми феврал фаъолият хоҳанд кард.


Сафари расмии дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Литва оғоз ёфт

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо идома дорад. Шоми дирӯз ӯ аз шаҳри Брюссел бо сафари расмии дурӯза озими шаҳри Вилнюс – пойтахти Литва гардид.




Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Литва Валдас Адамкус доир гардида, дар он масоили татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди минбаъдаи он, вазъи Афғонистону минтақа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, амният, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва соҳаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Литва, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо тасвиби як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст. Сипас сарони кишварҳо дар ҳамоиши тиҷоратии Литваву Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Ғайр аз ин, имрӯз президенти Тоҷикистон бо сарвазири Литва Андрюс Кубилюс низ мулоқот намуда, дар пояи муҷасамаи хотира ба ҳалокшудагон дар роҳи истиқлолияти Литва гулчанбар мегузорад ва бо фаъолияти яке аз посгоҳҳои марзии ин кишвар – Лавориш аз наздик ошно хоҳад гашт.



Фардо, рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи гидроаккумулятсионии Круонис ва ҶСП «Элинта» дар Каунас боздид хоҳад кард. Нимаи дуввуми рӯзи 13-уми феврал ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сӯи Эстония роҳ пеш хоҳад гирифт.


Дар давраи бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» қатъ нахоҳад гашт

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки асосан дар он рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ба чоп мерасанд, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим шомил гардида, дар замони бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба он қатъ нахоҳад гашт.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мақомоти шаҳрдорӣ дар мувофиқа бо ширкати «Барқи тоҷик» ба чунин хулоса расида, тасмим гирифтаанд, ки рӯзона ба маҷмаа нерӯи барқ мунтазам интиқол хоҳад гардид. «Танҳо дар сурати садама дар шабака интиқоли барқ муваққтан ба маҷмаа қатъ карда мешавад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим ҳамчунин муассисаҳои тандурустӣ, почта, телеграф ва дигар иншооти ба феҳристи иншооти муҳими давлатӣ шомилбуда дохил мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10-уми феврал реҷаи истифодаи барқ дар пойтахт шадидтар гардид. Тибқи ин қарор, дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол

 

расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар

 

ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.

 


 



Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ миёни кишварҳои ИДМ пешсаф боқӣ мемонад

0



           

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То


ҷ


икистон аз р


ӯ


и суръати афзоиши маблағгузор


ӣ


ба сармояи асос


ӣ


соли дуввум аст, ки миёни кишварҳои ИДМ пешсаф боқӣ мемонад. Дар ин хусус Кумитаи омори ИДМ хабар медиҳад.





           

Бино ба иттилои манбаъ, дар соли 2008 ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 60 дарсад афзудааст. Тамоили чунин афзоиш ба сохтмони иншооти гидроэнергеткӣ дар ҷумҳурӣ марбут дониста мешавад.




           

Ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон ба 34,3; Белорус – 23,1; Ӯзбекистон – 22,4;, Русия – 9,1; Арманистон – 1,7; Молдова – 9; Украина – 4,7 ва Қазоқистон – 4,6 дарсад баробар аст.




           

Умуман дар соли 2008 ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар кишварҳои узви ИДМ нисбат ба соли 2007 ба андозаи 10 дарсад афзудааст.


Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми қарзи ҳукуматиро барои истеҳсоли пахта дар як гектар ба миқдори 300 $ зиёд мекунад

0



           

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиносони вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳаҷми нави қарзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат барои истеҳсоли пахта дар як гектар ҷудо мегардад, таҳия намуда, барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод карданд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорат Сафар Маҳмадиев хабар дод, агар соли гузашта барои истеҳсоли пахта дар як гектар хоҷагиҳо метавонистанд 800 $ қарз гиранд, пас имсол бо назардошти болоравии нархҳо андозаи он 1100 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.




           

Дар мавриди пардохтани қарзҳои ҳукумат, ки ба хоҷагиҳо соли гузашта ҷудо гардида буд, номбурда изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда ба 40,2 ва Хатлон 26 дарсадро ташкил медиҳад. «Ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз воситаҳои худи бонкҳо қарз гирифта буданд», – афзуд ӯ.


Дар Бишкек паҳлавони тоҷик барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гӯштии самбо гардид

0


Душанбе. 12-уми феврал – Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Бишкек гардид.




Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев барои бори 22-юм дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ба ғайр аз мизбонон гуштигирони Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.



Шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа намояндагони бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар дар навъи самбои варзишӣ ҳимоя карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Олим Зикаев дар вазни то


57 кг

бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд.



Дар панҷ вазн гуштигирони қирғиз ва дар се вазни дигар намояндагони Қазоқистон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.