Сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт.





           

Ф.Саидов мегӯяд, боло рафтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва вобастагии зич доштани сомонӣ ба рубли русӣ марбут аст, зеро Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва тиҷорат миёни кишварҳо тариқи доллар сурат мегирад.




           

Ба ақида Ф.Саидов, бинобар бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар аксари мамолики ҷаҳон эҳтиёҷот ба доллари амрикоӣ зиёд шуд ва ин омил низ ба афзоиши қурби доллари амрикоӣ мусоидат кардааст.




           

Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, истеҳсоли маводи ниёзи аввалияро дар ҷумҳурӣ афзуда, воридоти онро аз хориҷи кишвар коҳиш диҳад. «Содироти маҳсулоти макаронӣ, гӯгирд, намак, равғни растанӣ, нӯшокиҳои мевагӣ ва намуди дигари чунин маҳсулот ба устувории қурби асъори миллии ҷумҳурӣ мусоидат карда наметавонад», – афзуд Ф.Саидов.




           

Ёдовар мешавем, тайи як моҳи ахир қурби ғайрирасмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ аз 3 сомониву 50 дирам ба 3 сомониву 90дирам барои 1 доллар зиёд шуд.


Реклама на asia+

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз ҷараёни омодагии техникаи махсус ва заҳрҳои кимиёвӣ ба мавсими киштукор қаноатманд нест

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов аз фаъолияти муассисаҳои давлатӣ оид ба муҳофизати растаниҳо ва мубориза бо малах ба мавсими киштукори имсола изҳори норозигӣ кард.




Тавре сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, зимни ҷаласа бо иштироки мақомоти раҳбарӣ ва коршиносони ин муассисаҳо Қ.Қосимов аз ҷараёни омодагии техникаи махсус ва заҳрҳои кимиёвӣ барои мубориза бо малах ба мавсими киштукор изҳори норозигӣ кард.



Ба гуфтаи Н.Додобоев, вазир супориш дод, ки дар муддати ду ҳафта барои соли 2009 ду барнома – «Барномаи мубориза бо малах» ва «Барномаи муҳофизати растаниҳо» таҳия гардад. Қобили зикр аст, ки соли гузашта майдони 130 ҳазор гектар замин дар кишвар мавриди ҳуҷуми малахҳо қарор гирифта буд.


Реклама на asia+

Имрӯз вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

0



Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –

Имрӯз ба ҷумҳуриамон бо сафари расмӣ вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон – Сайидмасъуд Миркозимӣ меояд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, ҳадаф аз боздиди дурӯзаи вазири иронӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.



Ба гуфтаи манбаъ, пагоҳ оқои Миркозимӣ бо нахуствазири мамлакат Оқил Оқилов, вазири рушди иқтисоду савдо Ғуломҷон Бобозода ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Фардо иштироки вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Ирон дар маросими гузоштани хишти аввали бинои Маркази тиҷории Ирон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. 5 –уми феврал Сайидмасъуд Миркозимӣ бо вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири энергетика ва саноати мамлакат Гул Шералӣ мулоқот хоҳад кард.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон озими Маскав мешавад

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар кори нишастҳои ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳад варзид.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти мамлакат бо шумули кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву вазоратҳо ва намояндагони ВАО озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. «Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, минбаъд низ дар фаъолияти созмонҳое чун СААД ва ЕврАзЭС саҳми муносиб дошта бошад», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯзи ахир як қатор васоити ахбори омма бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани сафарҳои сарвари давлат дар даҳаи аввали моҳи феврал матолиб интишор сохта буданд.


Реклама на asia+

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон озими Маскав шуд

0


Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои наздик котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали вазири дифои кишвар Рамил Нодиров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷа, мудофиа ва Кумитаи дабирони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Маскав сафар мекунанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуотии Паймони амнияти дастаҷамъӣ хабар доданд, нишасти муштараки намояндагони Шӯроҳо пагоҳ ба кори худ шурӯъ хоҳад кард. Ба рӯзномаи ҷаласа барои баррасӣ масоили марбут ба баланд бардоштани потенсиали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи таъмини амнияти дастаҷамъии кишварҳои аъзои он ворид гардидааст.


Реклама на asia+

Вазири тозатаъини умури дохилии ҷумҳурӣ чанде аз роҳбарони раёсатҳоро аз вазифа сабукдӯш намуд

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз вазифахои ишғолнамудаашон сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохила Абдул Розиқов, сардори Раёсати кофтукови ҷиноӣ Исматулло Расулов, сардори ситоди Вазорат Маҳмадали Шафоатов озод карда шуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ хабар доданд, роҳбарии ин ситоду раёсатҳо муваққатан бар дӯши муовинони сардорони собиқи онҳо вогузор гардида, рӯзҳои наздик ба вазифаҳои холӣ шахсони нав таъин хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

«Талко» ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш медиҳад

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо назардошти бӯҳрони энергетикии мавҷуда мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ сохтани реҷаи махсуси коҳиши хароҷоти нерӯи барқ дар тамоми сохторҳои ширкат қарор қабул кард.





           

Тавре сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан қарори коҳиши ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ва гудохтани алюминий амалӣ гардида, аллакай кори беш аз 100 ванаҳои электролизӣ қатъ гардидааст ва истифодаи нерӯи барқ то 15 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз кам карда шудааст. «Қаблан корхона дар як шабонарӯз 21 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекард ва феълан ҷиҳати коҳиши ҳаҷми истифодаи он то 14 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади то ҳадди камтарин расонидани хароҷот ба қувваи корӣ дар сурати нигоҳ доштани ҷойи корӣ соати корӣ дар корхона 1 соат кам карда шуд. «Оид ба кам кардани хароҷоти марбут ба корҳои ташкилӣ, истифодаи нақлиёт ва ғайра низ тадбирҳо андешида мешаванд», – изҳор дошт С.Қодирова.




           

Сухангӯи ширкат афзуд, ба болои бӯҳрони молӣ бӯҳрони энергетикӣ низ ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонид ва дар чунин шароит менеҷменти ширкат ҷиҳати қатъ нагаштани фаъолияти корхона ва нигоҳ доштани имконоти иқтидории он тамоми чораҳои зиддибӯҳрониро мавриди амал қарор хоҳад дод.


Реклама на asia+

Деҳқонони 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб қариб сеяки қарзҳои додаи бонкҳоро пардохт намуданд

0



           

Кӯлоб. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯъбаҳои бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоб, ки соли гузашта ба

 

4 ноҳияи минтақа баҳри истеҳсоли пунбадона қарз ҷудо карда буданд, ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ 9 млн. 280 ҳазору 953 сомонӣ маблағи қарзро пардохт намуданд, ки ин миқдор 34,78 дарсади ҳаҷми умумии қарзи ҷудошударо ташкил медиҳад.





           

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Абдукарим Неъматов, дар мавсими киштукори соли 2008 барои истеҳсоли пахта дар майдони


25186 гектар

ба кишоварзон 39 млн. 957 ҳазору 887 сомонӣ қарз ихтисос дода шуд, ки 27 млн. 471 ҳазору 796 сомонии он маблағи Вазорати молия мебошад.


Реклама на asia+

Вазири тозатаъини корҳои дохилии Тоҷикистон Рауф Юсуфовро сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин намуд

0


Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири тозатаъини корҳои дохилаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳим Қаҳҳоров бо судури як фармон Рауф Юсуфовро сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд таъин намуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи кишвар хабар доданд, генерал-майори милиса Рауф Юсуфов қаблан муованати вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31-уми январи соли ҷорӣ аз мақоми ишғолнамудааш озод карда шуд.



Ёдовар мешавем, қаблан Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғдро вазири феълӣ – Абдураҳим Қаҳҳоров роҳбарӣ мекард. Қаҳҳоров бо фармони президенти ҷумҳурӣ аз 29-уми январи соли равон ба вазифаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин мақом ӯ Маҳмадназар Солеҳовро иваз намуд.

  



Реклама на asia+

Китобхонаи илмии ДМТ бо китобҳои зимни баргузории чорабинии хайрия ҷамъоварда ғанӣ мегардад

0



           

Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо китобҳое, ки зимни баргузории чорабинии хайрия аз ҷониби Фонди байнидавлатиии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ҷамъоварӣ шуданд, ғанӣ мегардад.





           

Ба гуфтаи котиби матбуотии фонд Александр Калугин, китобҳои мазкур моҳи декабр дар Маскав ҷамъоварӣ гардида, дар он беш аз 20 ташкилотҳову нашриёт саҳм гузоштаанд. «Ба ҷуз Тоҷикистон, адабиёти ҷамъовардашуда ба китобхонаҳои илмии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ фиристода мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, 26-уми феврал барои кормандони китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ давраи омӯзишии 10-рӯза оғоз мегардад ва иштирокдорон бо фаъолияти коргузории китобхонаҳои намунавии шаҳрҳои Бишкек, Маскав, Санкт-Петербург, Минск ва Киев аз наздик ошно хоҳанд гашт.


Реклама на asia+