Бозсозии ширкати истеҳсоли тиллои «Зарафшон» соли 2010 пурра ба итмом мерасад

0



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни мулоқот бо рӯзноманигорон муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки бозсозии ширкати истеҳсоли тиллои «Зарафшон» соли 2010 пурра ба итмом мерасад ва шурӯъ аз ин сол истеҳсоли тилло дар корхона то ба 2 тонна дар як сол мерасад.





           

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ ҷиҳати таҷдиди корхона сармоягузорони хориҷӣ беш аз 50 млн. $ маблағгузорӣ мекунанд. «Соли 2008 дар Тоҷикистон 1670 кило тили истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли пешин 92 кило зиёдтар аст», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Ширкатҳои истеҳсоли дорувории Миср ба бозори Тоҷикистон ворид шуданианд

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди кории муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов бо ҳайати давлати Миср таҳти сарварии директори генералии департаменти Аврупои Шарқии вазорати ҳамкории байнулмилалии миср Маҳа Маҳмуд ал Вакил масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Дар ҷараёни мулоқот ҳайати миср изҳор дошт, ки ширкатҳои истеҳсоли дорувории тиббии Миср хоҳиши ба бозори Тоҷикистон ворид шуданро доранд. Зикр гардид, ки ширкати «Ваксир» имкон дорад ба ҷумҳурӣ маҳсулоти доруворӣ ворид созад.



Ғайр аз ин, ҳайати Миср бо назардошти дар Тоҷикистон нашъунамо ёфтани растаниҳои гуногуни доруворӣ, изҳори назар намуд, ки дар коркард ва тайёр кардани маҳсулоти ниҳоӣ аз онҳо метавонад ҳамкорӣ намояд.


Реклама на asia+

ҲНИТ нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Сино ба додгоҳ шикоят бурд

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба додгоҳ шикоят кард.




Тавре сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, раҳбарияти ҳавзаи интихоботии мазкур ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ шомил кардани намояндагони ҲНИТ-ро ба сифати нозирони миллӣ рад сохтааст.



Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, онҳо нисбат ба чунин амали мақомоти раҳбарии ҳавзаи интихоботӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурдаанд. «Дар 40 қитъаи интихоботӣ танҳо сабти намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар аз эҳтимолияти баргузории интихоботи ғайришаффоф гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.



Сухангӯи раиси ҳизб афзуд, дар ин хусус ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев низ шикоят бурда шудааст.


Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ ва Фоиза Абуннаҷо масъалаи ифтитоҳи сафоратхонаи Миср дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз мулоқоти Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


бо Вазири ҳамкории байналмилалии


Ҷ


умҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абунна


ҷ


о доир гардид.




Дар рафти мулоқот, ки дар фазои д


ӯ


стона ва ҳусни тафоҳум


ҷ


араён ёфт, доираи васеи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз


ҷ


умла дар соҳаҳои кишоварз


ӣ


, тиб ва энергетика мавриди баррас


ӣ


қарор гирифт. Ба масъалаҳои таъсис додани корхонаи муштараки дорусоз


ӣ


ва иштироки


ҷ


ониби миср


ӣ


дар лоиҳаҳои гидроэнергетики То


ҷ


икистон тава


ҷҷ


ӯ


ҳ зоҳир гардид. Барои риво


ҷ


и ҳамкориҳои ду


ҷ


ониба ва алоқаҳои пайваста кушодани хатти сайри ҳавопаймо байни ду кишвар таъкид гардид.



Вазири ҳамкории байналмилалии


Ҷ


МА аз нати


ҷ


аи


ҷ


аласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва


Ҷ


умҳурии Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


, техник


ӣ


ва илм


ӣ


дар Душанбе ва имзо шудани Протокол оид ба ҳамкориҳо мухтасар гузориш дод.




          

Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон диққати ҳамс


ӯ


ҳбаташро ба зарурати ифтитоҳи Сафорати


Ҷ


умҳурии Мисри Араб дар То


ҷ


икистон


ҷ


алб намуда, истифодаи та


ҷ


рибаи сулҳофаринии


ҷ


ониби мисриро дар ҳалли қазияи Афғонистон муҳим арзёб


ӣ


кард.



Масъалаи бозом


ӯ


зии мутахассисони то


ҷ


ик дар курсҳое, ки аз


ҷ


ониби Бунёди миср


ӣ


оид ба ҳамкориҳои техник


ӣ


бо кишварҳои Итиҳоди давлатҳои мустақил ташкил мешаванд, мавриди тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хосса қарор гирифт.


Ҷ


ониби миср


ӣ


омодагиашро дар мусоидат ва тайёр кардани мутахассисон дар курсҳои бозом


ӯ


зии дипломат


ӣ


ва тар


ҷ


умон


ӣ


изҳор кард. Дар ин бора аз Вазоарти умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


 

Реклама на asia+

Соли гузашта аз минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз дуним ҳазор сайёҳон боздид карданд

0


Хуҷанд. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта аз минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз дуним ҳазор сайёҳон боздид карданд.




Тавре аз раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан дар қаламрави вилоят 18 ширкати сайёҳӣ амал карда, дар 28 меҳмонхонаи замонавӣ ва 27 минтақаи сайёҳӣ барои истироҳату фароғати сайёҳони хориҷӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст.



Дар мавриди истироҳати сокинони худи вилоят манбаъ зикр кард, ки 6,5 ҳазор нафар сокинони минтақа соли гузашта рухсатиҳои худро дар хориҷи кишвар гузарониданд. Аз минтақаҳои истироҳати қаламрави вилоят 196 ҳазору 849 сайёҳи дохилӣ истифода намуданд.


Реклама на asia+

Соли ҷорӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ беш аз 51 млн. $ маблағ ҷудо карданист

0



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли ҷорӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ 180 млн. сомонӣ (беш аз 51 млн. $) маблағ ҷудо карданист.





           

Номбурда гуфт, соли равон ба механизми тақсими ин маблағҳо нисбат ба соли гузашта каме тағйирот ворид гаштааст, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ намуд.




           

Дар мавриди шарҳи масъалаи пардохти қарзи бонкҳо аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакорӣ, ки аз воситаҳои ҳукуматӣ ҷудо гардида буданд, муовини вазири молия зикр кард, ки то имрӯз ба бонкҳо дар ҳаҷми 32 млн. сомонӣ маблағи ин қарзҳо баргардонида шудаанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид

0






Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистони қариб комилан бебарқ монда реҷаи маҳдуди истифодаи барқ боз шадидтар мегардад. Акнун реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар пойтахт низ ҷорӣ мешавад. То имрӯз мувофиқи супориши сарвари давлат дар шаҳри Душанбе дар истифодаи нерӯи барқ ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надошт.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, шурӯъ аз имрӯз ба аҳолии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 15 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Қатъи интиқоли барқ шабона аз соати 23 то 5-и субҳ ва се соат рӯзона пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ низ коҳиш хоҳад ёфт.



Энергетикҳои кишвар вазъи баамаломадаро ба қатъи интиқоли барқ аз Туркманистон, ки аз 1-уми январ Ӯзбекистон транзити онро тавассути қаламраваш боздошт, марбут медонанд.



Ғайр аз ин, вазъ дар нерӯгоҳи Норак низ феълан номусоид аст. Тайи даҳсолаи ахир бори нахуст мизони захираи об дар обанбори Норак 8,5 метрро ташкил додааст, ки он ба талафоти 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ баробар аст. «Ҳамин тариқ, то сатҳи ниҳоии иҷозати истифодаи об аз рӯи муқаррароти техникӣ ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, аз 27-уми январ ширкати «Барқи тоҷик» маҷбур шуд кори нерӯгоҳро ба реҷаи энергетикӣ гузаронад. Бо мақсади таъмини шаҳри Душанбе бо барқ тибқи супориши сарвари давлат аз 1-уми январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли барқ ба ширкати алюминии тоҷик «Талко» 6,5 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз кам карда шуд, ки ин ҳаҷм 30 дарасди талаботи ширкатро қонеъ месозад.



Ёдрас мекунем, ки транзити интиқоли барқ аз Туркманистон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми январи соли ҷорӣ – расо пас аз ду моҳи оғози он қатъ гардид. Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқии Ӯзбекистон ба кишвари мо аз 1-уми ноябр шурӯъ гардид. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Туркманистон 3 сент ва барои убури (транзити) он ба Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунад.


Реклама на asia+

Дар минтақаи Кӯлоб реҷабандии истифодаи барқ шадидтар гашт

0



           

Кӯлоб. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Директори тозатаъини муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Миралӣ Қаландаров изҳор дошт, ки ба аксари сокинони манзилҳои истиқоматӣ субҳ аз соати 5 то 7 ва шом аз соати 18 то 19.30 дақиқа нерӯи барқ интиқол дода мешавад.





           

Ӯ мегӯяд, ки дар ин вақт ба шаҳр то 30 мегаватт ва вақти боқимондаи шабонарӯз ҳамагӣ 12 мегаватт барқ интиқол дода мешавад, ки ин миқдор барои таъминоти иншооти ҳаётан муҳим бо душворӣ басанда аст.




           

Ба гуфтаи М.Қаландаров, талаботи шаҳр дар як шабонарӯз ба 70 мегаватт баробар аст.




           

Дар ҳамин ҳол, аз муассисаи минтақавии шабакаҳои барқ иттилоъ доданд, ки дар деҳоти минтақа интиқоли барқ пурра қатъ гардидааст.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Миср дар бахшҳои таъмини иттилоотиву варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

0



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фарҷоми ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои таъмини иттилооту варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар соҳаи роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ протокол ба тасвиб расиддаст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати давлати Миср роҳандозву густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энргетика, саноат ва кишоварзӣ низ муҳим арзёбӣ намудааст. «Мо дар соҳаи ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдорем, зеро солҳои 60-уми асри гузашта бо кӯмаки бинокорони шӯравӣ, ки дар қатори онҳо мутахассиони тоҷик низ буданд, дар Миср нерӯгоҳи барқии Асуан бунёд гардид», – гуфт роҳбари ҳайати Миср, вазири ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар хонум Фоиза Абуннаҷо.




           

Хонум Фоиза Абуннаҷо таъкид сохт, ки Миср омода аст бо Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. «Вазорати энергетикаи Миср лоиҳаҳои мушаххас дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод», – афзуд роҳбари ҳайати Миср.


Реклама на asia+

Соли ҷорӣ дар дафтари кории ИДМ ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони ваколатдори кишварҳо баргузор шуд

0



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви иттиҳод дар соли равон баргузор шуд.





           

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти кумита, дар ҷаласа масъалаи тақсими мансабҳо аз рӯи квотаҳои ҷудошуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон тезонидани ҷараёни таъини намояндагонро ба мансабҳои квотавӣ мувофиқи мақсад донистанд.




           

Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ нақшаи кори шӯроро барои соли 2009 тасдиқ намуд. Дар давоми соли ҷорӣ ба масъалаи амалисозии чорабиниҳо мувофиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, татбиқи қарорҳо дар бахши сиёсати ҷавонон, фаъолияти сохторҳои байнисоҳавии иттиҳод, соҳаи амният ва мушкилоти мавҷудаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.


Реклама на asia+