Имрӯз сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

0




           

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани вориди Душанбе шуд.







           

Тавре атташеи матбуотии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Сурайё Воҳидова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, интизор меравад, ки сафир нимаи дуввуми имрӯз ба кор шурӯъ хоҳад кард.






           

Ба иттилои манбаъ, фардо сафири тозатаъини Фаронса дар Тоҷикистон нусхаҳои эътимодномаҳоро ба вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва 28-уми январ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим хоҳад кард.






           

А.Зиппер де Фабиани аз соли 2003 то соли 2006 ба ҳайси сафири Фаронса дар Сараево ифои вазифа намудааст. Аз соли 2006 дабири кулли комиссияи миллӣ оид ба бартарафсозии минаҳои зиддипиёдагард буд. Номбурда сиёсатмадору забоншинос

 

буда, забонҳои арабиву ҳиндиро ба хубӣ балад аст.






           

Ёдрас мекунем, ки сафири қаблӣ Оливйе Метлан Пелен дар Тоҷикистон беш аз 2 сол ифои вазифа намуд.






 




Реклама на asia+

П.Муҳиддинов: Қатъи назар аз муқобил будани касе, нерӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад шуд

0



           

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов дар мавриди шарҳи муроҷиати президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба президенти Русия оид ба гуфтушунид ва дахолати ин кишвар дар ҳалли масоили истифодаи захираҳои об бо Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошт, ки чунин изҳороти манфии ҷониби Ӯзбекистон бобати бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бори аввал садо намедиҳанд.





           

Ба гуфтаи ӯ, моҳи декабри соли гузашта муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азизов дар Тошканд зимни мулоқот бо ҳайати кишвари мо гуфтааст, Ислом Каримов аз нақшаи бунёди сарбанди 347-метра дар нерӯгоҳи Роғун норозӣ будааст. «Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ва мусоидати Бонки ҷаҳонӣ вазорат коршиносони хориҷиро ҷиҳати ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ даъват кард ва пас аз гузаронидани ташхис онҳо ба хулоса омаданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба вазъи экологӣ ва мизони ҷоришавии об ҳеҷ таъсири манфие нахоҳад гузошт ва кишварҳои ҳаммарз набояд аз он изҳори нигаронӣ намоянд», – гуфт ӯ.




           

Муовини вазир гуфт, натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Ӯзбекистон маъқул шумориданд. «Ҷониби Ӯзбекистон ду маротиба дархости Бонки ҷаҳониро оид ба шиносоӣ бо натиҷаҳои ташхис рад сохт», – гуфт П.Муҳиддинов.




           

П.Муҳиддинов ҳамчунин зикр кард, ки шакли ниҳоии заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ахири соли ҷорӣ омода хоҳад шуд. «Нерӯгоҳи Роғун қатъи назар аз муқобил будани касе бунёд хоҳад шуд», – таъкид сохт муовини вазир.




           

Номбурда афзуд, чанде аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ хоҳиш кардаанд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоягузорӣ намоянд. «Дар сохтмони нерӯгоҳ сармоягузорони хориҷӣ ширкат варзида метавонанд, вале саҳмияи назоратии иншоотро Тоҷикистон соҳиб хоҳад буд», – афзуд П.Муҳиддинов.


Реклама на asia+

Ҳайати вазорати сиёсати аграрии Украина ба Душанбе меояд

0



           

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳайати вазорати сиёсати аграрии Украина ба Душанбе меояд.





           

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фардо мулоқоти ҳайати Украина бо ҳайати вазорати кишовварзии Тоҷикистон таҳти сарварии вазир Қосим Қосимов дар назар аст. «Ҷонибҳо масоили роҳандозии ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳо дар бахши кишоварзӣ, ки зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба Украина ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар чаҳорчӯбаи боздиди кории ҳайати Украина, ки то 28-уми январ идома меёбад, имзои як қатор созишномаҳо аз эҳтимол дур нест.


Реклама на asia+

Дар Душанбе ҷорӣ гардидани меъёри маҳдуди истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест

0


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агар интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тариқи тронзит ба кишвар аз нав барқарор нагардад, захираҳои оби обанбори нерӯгоҳи Норак танҳо то нимаи моҳи феврал басанда аст. Номбурда қайд кард, ки феълан шабонарӯзӣ ба ҷойи 25 сантиметри пешбинишуда 36 сантиметри оби обанбор истифода мешавад ва то сатҳи ниҳоии иҷозати истифодаи об аз рӯи муқаррароти техникӣ ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст. «Имрӯз ҷоришавии ҳаҷми об аз рӯдхонаи Вахш ба обанбор 122 метри мукааб

 

ва мизони ҷоришавии он аз обанбор 440 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ҳарчанд моҳи феврал андозаи воридшавии он ба обанбор ба 200 метри мукааб расад ҳам, аз он тағйироти ҷиддие ба вуқӯъ нахоҳад пайваст», – гуфт муовини вазир.




Ба гуфтаи П.Муҳиддинов, агар хароҷоти об бо чунин суръат идома ёбад, нимаи моҳи феврал нерӯгоҳи Норак танҳо бо ҳаҷми оби воридгашта аз дарёи Вахш фаъолият хоҳад кард ва дар натиҷа шояд дар Тоҷикистон меъёри маҳдуди истифодаи барқ боз ҳам шадидтар карда шавад ва дар Душанбе низ ҷорисозии реҷабандиии маҳдуди истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест.

«Айни замон дар ҷумҳурӣ ба ҷуз шаҳрҳои дорои биноҳои баландошёна, ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ нерӯи барқ 1 соат субҳ ва 2 соат шом интиқол дода мешавад», – афзуд П.Муҳиддинов.




Реклама на asia+

Ҳукумат масъалаи тронзити нерӯи барқи Туркманистонро таҳти назорати худ мегирад

0


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даври навбатии гуфтушунидҳо сари мавзӯи тронзити нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати кишвар – Пулод Муҳиддинов хабар дод.




Барои ширкат дар ин музокирот, комиссияи давлатӣ ба раҳбарии муовини нахуствазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ташкил мешавад, ки худи ҳамин ҳафта озими Тошканд хоҳад шуд.



Ба гуфтаи Муҳиддинов, Ӯзбакистон аз мувофиқаҳои хосилшуда сарфи назар карда, тронзити нерӯи барқро

 

тавассути қаламрави худ манъ кардааст. «Мақомоти ӯзбак сабаби қатъи интиқоли барқро ба вуқӯъи садама дар зеристгоҳи барқии «Қарокӯл»-и ин кишвар марбут донистанд, вале ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз ин зеристгоҳ ва ба қадри имкон кӯмак намудан дар барқарорсозии он ҷавоби рад доданд», – гуфт Мухиддинов.



Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бахши энергетика аз Ӯзбакистон қарздор нест, баръакс «Ӯзбекэнерго» аз мо 4 миллион доллар қарздор аст. «Масъалаи пардохти ин қарз низ дар гуфтушунидҳои Тошканд баррасӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

    



Реклама на asia+

Соли гузашта даромадҳои «Ориёнбонк» қариб 20 дарсад афзуд

0


Душанбе. 26-уми январ – Ба санаи 1.01.2009 даромадҳои ҶСК «Ориёнбонк» 19,7% афзун гардида, 196 583 714 сомониро ташкил намуданд. Активҳои бонк 1 099 272 341 сомонӣ ва бузургии сандуқи қарзӣ то 45% афзуда, ба 753 823 621 сомонӣ расиданд. Амонатҳо 674 648 839 сомониро ташкил намуданд.




Аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ, фоидаи соф 8 941 919 сомониро ташкил намуд, ки ин 57% аз ҳамин давраи соли пешин камтар аст. Сабаби паст гардидани ин нишондиҳанда кам шудани воридшавии воситаҳои пулӣ дар нимаи дуюми соли ҳисоботӣ, дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозоргирии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.



Дар соли 2008 тавассути ҶСК “Ориёнбонк” аз хориҷи ҷумҳурӣ 566 717 343 доллари ИМА маблағ интиқол шудааст, ки он ба 107,19 %-и нақшаи солона (528 700 000 доллари ИМА) баробар мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли 2007 он ба маблағи 188 114 935 доллари ИМА ё ин ки 1,5 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Ашқобод Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд

0


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Туркманистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд.




Тибқи иттилои хабаргузории «ТУРКМЕНинформ», вазорати фарҳанг ва телевизиону радиошунавонии Туркманистон дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ният доранд, рӯзҳои 26-28-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод ба муносибати 16-умин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳо Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро баргузор намоянд.



Дар барномаи баргузории рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Туркманистон намоиши филмҳои миёни тамошобинони тоҷик писандида, аз қабили «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Достони Сиёвуш» ва ғайра дар назар аст.



Намоиши филмҳо дар толори театри мусиқиву драмавии ба номи Махтумқулӣ баргузор мешавад.


Реклама на asia+

Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ истифодаи имконоти васеи Тоҷикистонро дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуд

0


Душанбе. 24-уми январ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.



«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак

 

ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», – таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.



Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики


1400 километр

сарҳади умумӣ дорад,

 

дар барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.



«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», – бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.



Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд.



Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Олмон дар воридоти доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард

0


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф бо вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Н.Салимов аз мусоидати Олмон ба рушди бахши тандурустии кишвар ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки феълан дар ҳамкории муштарак лоиҳаҳо оид ба ҳифзи солимии модару кӯдак ва мубориза бо бемории сил муваффақона амалӣ мешаванд.



Сафири Олмон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, бо Тоҷикистон дар масоили омӯзиши дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, ба воридоти дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба Тоҷикистон кӯмак намояд.



Дар фарҷоми мулоқот Н.Салимов изҳори боварӣ намуд, ки Олмон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони тиббӣ оид ба ҷарроҳии кӯдакон ва дигар намудҳои ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.


Реклама на asia+

Ширкати эронии «Гроу Интернешнл» дар Тоҷикистон се намоишгоҳи байнулмилалӣ доир месозад

0


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мудири ширкати намоишгоҳии «Гроу интернешнл» (Эрон) Муҳаммад Имронӣ оид ба баргузории се намоишгоҳи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд тавофуқ ҳосил шуд.




Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳандозиву густариши ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисоду савдоро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Муҳаммад Имронӣ ба роҳбари палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар баргузории намоишгоҳи ҳамасолаи байнулмилалии «ИнтерЛегПром» дар шаҳри Душанбе ба таври муштарак саҳм гиранд.



Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи табъу нашр таъкид сохта, тавофуқ ҳосил намуданд, ки соли ҷорӣ китоби «Роҳнамои тоҷир: 2009-2010»-ро ба се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расонанд.


Реклама на asia+