Анқариб нисфи корҳои сохтмонии шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷануби Тоҷикистон ба анҷом расид

0










Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Анқариб нисфи корҳои сохтмонии шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар дар ҷануби Тоҷикистон ба анҷом расиданд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа Исмонқул Шоқулов хабар дод, дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми тарҳи мазкур, 4 километри ин қитъаи 10 километраи роҳ дар мавзеи Гулдара ба самти Зиғар сохта шуда, то имрӯз наздики 45 фоизи маблағҳое, ки барои иҷрои марҳилаи мазкур ҷудо гардид, азхуд карда шудааст. Пудратчии асосии ин лоиҳа, ширкати иронии мавсум ба «Собир» мебошад.



Шоқулов мегӯяд, ҳудуди мавзеи кӯҳии Гулдара, ки қаблан аз он Девдара ном мебурданд, қитъаи мушкилтарини шоҳроҳи Шоҳон-Зиғар ба ҳисоб меравад ва барои бунёди роҳи нақлиётгард зарурат пеш омадааст, ки ҷинсҳои кӯҳӣ дар ин мавзеъ то


80 метр

паст фароварда шаванд. «Мутобиқи нақша, марҳилаи дуюми тарҳи сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом бирасад», – гуфт Шоқулов ва ҳамзамон хабар дод, ки марҳилаи сеюми лоиҳа, ки

35 километр

роҳро дарбар мегирад, ибтидои соли равон шурӯъ хоҳад шуд.



Бояд гуфт, барои иҷрои марҳилаҳои дуюм ва сеюми лоиҳаи мазкур 32 миллион доллар ҷудо гардидааст, ки 87 дарсади онро Бонки Исломии Рушд ва танҳо 13 фоизашро ҳукумати Тоҷикистон пардохт кардааст.





 


Реклама на asia+

Ш.Зуҳуров: Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад.




Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар феълан чораҳо андешида мешаванд, вале рӯи ин масъала мушкилот мавҷуд аст, зеро қаблан оид ба ин масъала танҳо бо Русияву Қазоқистон сарукор доштем. «Барои сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар омодагии ҷиддӣ ва донистани забони кишвари қабулкунанда зарур аст», – гуфт ӯ.



Ш.Зуҳуров зикр кард, ки бо қарори ҳукумат соли гузашта Маркази омӯзиш барои калонсолон ва шӯъбаҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Конибодом таъсис ёфт ва мувофиқи пешбинии вазорат, соли равон дар ин марказҳо ҳудуди 8,5 ҳазор нафар мутахассиси касбу кори гуногун тайёр карда мешавад.



Вазир бар чунин назар аст, ки феълан дар Тоҷикистон мутахассисони зиёде тайёр карда мешаванд, ки ҷумҳурӣ ба он эҳтиёҷ надорад. «Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор нафар ҳуқуқшинос тайёр карда мешавад, ки аз ин миқдор ҳамагӣ 5 дарсади онҳо аз рӯи ихтисос ҷойи кор пайдо мекунанд, барои кор дар истеҳсолот бошад, мутахассисон хеле каманд», – гуфт ӯ.

 




Зимни шарҳи масъалаи бозгашти миқдори зиёди муҳоҷирон ба ватан ва таъмини онҳо бо ҷойи кор Ш.Зуҳуров чунин ибрози андеша намуд, ки соли ҷорӣ дар кишвар фароҳам овардани 150-200 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. «Мо умедворем, ки сол то сол шумораи ҷойҳои корӣ дар кишвар афзуда хоҳанд шуд, вале алҳол мо имкон надорем, ки ҳамаи хоҳишмандонро бо ҷойҳои корӣ таъмин созем», – афзуд вазир.


Реклама на asia+

Донишкадаи дуввуми тиббии Маскав барои бахши тандурустии Тоҷикистон мутахассис тайёр мекунад

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи баргузории Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин зимни мулоқоти раиси бахши миллии Шӯро аз Тоҷикистон Шариф Саид ва раиси бахши миллии Шӯро аз Русия Дмитрий Мезентсев масоили руду густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳо баррасӣ шуд.




Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳаҷми маблағи муомилоти молӣ миёни Русияву Тоҷикистон аз 1 млрд. $ афзудааст. Ғайр аз ин, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳмкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ низ баррасӣ намуданд. Д.Мезентсев қайд кард, ки соли гузашта дар ҷараёни сафари гурӯҳи пизишкони Русия беш аз 3 ҳазору 300 сокини ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҷиҳати табобат тавсияҳо гирифтанд ва соли ҷорӣ низ ҳамкориҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.



Бино ба иттилои манбаъ, зимни баррасии масъалаи сиёсати кадрҳо, ҷонибҳо ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб барои Тоҷикистон дар Донишкадаи дуввуми тиббии шаҳри Маскав тавофуқ ҳосил карданд.


Реклама на asia+

Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон соли гузашта беш аз 400 парванда баррасӣ шуд

0



           

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз парвандаҳои баррасишуда дар соли 2008 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ, 23 ҳазор $ ва наздики 109 ҳазор Евро ба фоидаи даъвогарон қаноат карда шудааст.





           

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодӣ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки дар давраи соли гузашта 402 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 40 адад камтар аст.




           

А.Ғоибназаров зикр кард, ки 140 парванда дар марҳилаи аввал, 96 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 141 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 23 парванда дар Раёсат, 2 парванда дар Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ ва 190 адад арзу шикоятҳо баррасӣ карда шуданд.




           

А.Ғоибназаров таъкид сохт, ки ба фоидаи буҷаи давлат аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ каме бештар аз 533 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. «Инчунин Суди Олии иқтисодӣ як қатор парвандаҳоро вобаста ба баргардонидани қарзи андоз баррасӣ намуда, ба маблағи 3 млн. 389 ҳазору 209 сомонӣ талаботи даъворо қонеъ сохт», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Вазорати кишоварзӣ натиҷаҳоро ҷамъбаст мекунад

0



Душанбе. 2-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вазорат ба хоҷагиҳое, ки ҳосилнокии пахта дар онҳо аз 25 дарсад зиёд нест, кишти пунбадонаро тавсия намедиҳад.






Аз нигоҳи ӯ, бо чунин ҳосилнокии паст хоҷагиҳо худкифо нахоҳанд буд ва вазорат онҳоро маҷбур нахоҳад сохт, ки пунбадона кишт кунанд, баръакс, барои гузаштани онҳо ба кишти зироати навъи дигар мусоидат мекунад.





Дар мавриди механизми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор Қ.Қосимов чунин ибрози андеша намуд, ки аз 140 млн. сомонии қарзҳои бонкҳо то имрӯз 33 млн. сомонии он баргардонида шудааст ва 2 млн. сомонӣ аз фоизи ин қарзҳои низ пардохта шудааст. «Аммо хоҷагиҳоро зарур аст, қарзҳоро зудтар пардохт намоянд, то имкон дошта бошанд, ки баҳорон дубора қарз гиранд», – гуфт ӯ.





Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳукумат барои дастгирии бахши пахтакорӣ ҷудо кардани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст. Нақшаи пешакии ҷамъоварии ҳосили пунбадона низ зиёд гардида, соли 2009 ҳаҷми он бояд 580 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.





Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ майдони кишти пахта дар кишвар ба андозаи 28 ҳазор гектар кам карда шуда, он 202 ҳазор гектарро ташкил хоҳад дод.





Қ.Қосимов мутмаин аст, ки сарфи назар аз кам кардани майдони кишт, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо нуриҳои минералӣ метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.





           Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 30 ҳазор хоҷагии деҳқонии мавҷуда 21 ҳазори он ба истеҳсоли пахта машғуланд.

Реклама на asia+

Пахши барномаҳои шабакаи телевизиони РТР дар Тоҷикистон қатъ мегарданд

0


Душанбе. 22-уми январ – Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар шабакаи РТР Планета ҳаққи истифода аз хадамоти ширкати “Тоҷиктелерадиоком”-ро напардозад, пахши барномаҳои ин шабакаро дар қаламрави кишвар қатъ хоҳад кард.




Дар иттилои ҳафтаномаи «Миллат» гуфта мешавад, шабакаи РТР Планетаи Русия, ки бо фиристандаҳои Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон барномаҳои худро дар Тоҷикистон пахш мекунад, ҳаққи хадамоти ширкати “Тоҷикрадиотелеком”-ро дар се моҳи ахир, ки 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад, напардохтааст. Мақомоти Кумитаи радио ва телевизион эълом карданд, ки барои бозпардохти ин қарзҳо барои шабакаи РТР Планета як моҳ мӯҳлат додаанд.




 

Реклама на asia+

Ҳафтаи гузашта 6 далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шуд

0


Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давоми як ҳафтаи ахир аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати маводи мухаддири кишвар дар ҷумҳурӣ якчанд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати боздошти ашхоси бо хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир сарукордошта бомуваффақият анҷом дода шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз оҷонсии мазкур хабар доданд, тӯли ин муддат дар натиҷаи амалиёти кормандони агентӣ 6 далели муомилоти ғайриқонунии мухаддарот ошкор карда шуда, аз қочоқбарон 8 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 7 килограм ҳероин ёфт ва мусодира карда шуд. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноёт 7 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.



Ба гуфтаи манбаъ, як тан аз қочоқбарони дастгиршуда, сокини вилояти Суғд будааст, ки аз моҳи ноябри соли гузашта таҳти бозҷӯӣ қарор дошт.

 





 

Реклама на asia+

Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои эътимодномаи сафири кабири нави Бритониёи Кабир дар Тоҷикистонро қабул кард

0


Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи гузашта вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳамрохон Зарифӣ нусхаҳои эътимодномаи Сафири ҷадиди фавқулъодда ва мухтори Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Чарлз Мурро қабул кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Бритониё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




 

Ёдовар мешавем, Тревор Чарльз Мур дар маснади сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грэм Лотенро, ки аз соли 2004 дар ин мақом ифои вазифа кардааст, иваз намуд. Ба иттилои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, фаъолияти дипломатиашро Тревор Мур солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ карда ва нахуст дар сафоратхонаҳои Бритониё дар Белгрод, Ню-Йорк ва Вошингтон ифои вазифа кардааст. Оқои Мур то таъин шудан ба мақоми сафири Бритониё дар Тоҷикистон муъовинати гурӯҳи ҳуқуқи башар, демукросӣ ва мудирият дар вазорати корҳои хориҷаи Бритониёро бар ӯҳда дошт.


Реклама на asia+

Намояндаи махсуси дабири кулли СММ дар умури Афғонистон ба Душанбе меояд

0


Душанбе. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо ба ҷумҳуриамон намояндаи махсуси дабири кулли СММ дар умури Афғонистон – Кай Эйде меояд.





 

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон – Давлат Назриев хабар дод, тавре интизор меравад, дар ҷараёни сафари дурӯза намояндаи вижаи муншии умумии Созмони Милал бо президенти кишвар – Эмомали Раҳмон, вазири умури хориҷа – Ҳамрохон Зарифӣ, раиси Оҷонсии назорати маводи мухаддир – Рустам Назаров, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дидору гуфтугӯ хоҳад кард.



Дар ҷараёни мулоқот масоили амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон баррасӣ мешавад.


Реклама на asia+

Соли 2008 дар Кӯлоб ба маблағи умумии беш аз 5 млн. сомонӣ пулҳои кӯҳнаву фартут аз муомилот бароварда шуд

0


Кӯлоб. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи соли 2008 аз сӯи шӯъбаҳои ҳамаи бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пулҳои кӯҳнаву фартут ба маблағи умумии 5 миллиону 478 ҳазор сомонӣ аз муомилот бароварда шуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб – Абдукарим Неъматов хабар дод, наздики 1 миллиону 800 ҳазор сомонии пулҳои кӯҳнашуда дар шӯъбаи Бонки Миллӣ, 1 миллион 677 ҳазор сомониаш дар шӯъбаи «Агроинвестбонк» ва наздики 1 миллиону 200 ҳазораш дар шӯъбаи «Амонатбонк» ба пулҳои нав иваз карда шуданд.




 

Ба гуфтаи Неъматов, аз ҷараён хориҷ ва иваз кардани пулҳои коғазии кӯҳна ба нав ба қурби сомонӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, зеро аз 30-юми октябри соли 2000-ум, яъне рӯзи ба муомилот бароварда шудани пули миллии сомонӣ дар Тоҷикистон, феълан танҳо аз се як қисми маҷмӯи пулҳои чопшуда мавриди истифода қарор доранду халос.




 

Реклама на asia+